Дифоъ аз ҳуқуқҳои маъюбон. Оё ин кори осон аст?

1-(71)Соли маърифати ҳуқуқӣ ба поён мерасад, аммо шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ин мавзуъ баргузории семинару тренинг ва давраҳои гуногуни омӯзишро ҳанӯз ҳам идома медиҳад.

Рӯзи гузашта, 11-уми декабр Алӣ Асадуллозода-директори Ташкилоти ҷаъмиятии рушди иҷтимоии миллии маъюбон “Неъмат” дар ноҳияи Данғара дар шуъбаи зикршуда семинар барои роҳбарону намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва аъзоёни шуъбаи хидматарсонӣ ба шахсони имконоти маҳдуддошта баргузор намуд, ки дар он Абдулҳақ Асоев, муовини ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе “Имконият”, Парвиз Одинаев, мутахасиси пешбари шуъбаи хизматарсонии муваққатии Агентии двлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Довуд Давлатов, мутахассиси шуъбаи молияи Агентии двлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исматулло Каримов, раиси филиали Иттиҳодияи миллии маъюбони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик, Афзалшо Баҳодурзода мудири шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографии Китобхонаи вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд.

Имтиёзи маъюбон, маъюбоне, ки фаъолият мекунанд-адозсупоранда, Кодекси андоз аз мавзуҳои муҳими имрӯзи маҳфил буд.

маъюбонЗикр гардид, ки тибқи маълумоти Хадамоти экспертизу ташхиси тибби иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1-уми октябри соли 2024 166 ҳазору 166 нафар шахсони дорои нуқсонҳои иҷтимоӣ аз ташхис гузаштаанд.

Ин омор дар ноҳияи Данғара то ҳолати 1-уми октябри соли 2024  3390 маълулро ташкил медиҳад, гуфт зимни семинари омӯзишӣ директори Ташкилоти ҷаъмиятии рушди иҷтимоии миллии маъюбон “Неъмат” дар ноҳияи Данғара Алӣ Асадуллозода.

Ӯ моддаҳои гуногуни қонунҳои кишвар ва ҷаҳонро дар бораи афроди дорои имконоти маҳдуд шарҳ дода, мисолҳои зиёд аз онҳо овард, аз ҷумла модди 189 – и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон сархати 25 дар бораи аз пардохти андози даромад озод будани маъюбон новобаста аз гуруҳи маъюбиашон. Агар маъюбӣ аз овони кӯдакӣ бошад.

Тибқи моддаҳои 169-170 ва 71- и Кодекси андози номбурда андозҳое, ки қаблан ситонида шудаанд, баргардонда мешаванд.

Алӣ Асадуллозода тартиби муроҷиат ба мақомоти дахлдорро ташреҳ намуда, афзуд ба мақомоти андози ноҳиявӣ ё ҷумҳуриявӣ мактуби расмӣ  навишта мешавад, ки пардохти саҳвшудаи корхонаро ба шахси маъюб баргардонанд.

– Аслан ин корро бояд корхонае, ки шахси дорои нуқси ҷисмонидошта дар он фаъолият мекунад, анҷом бидиҳад, вале таҷрибаҳо нишон доданд, ки  ягон корхона ин корро намекунад. Пас шахси маъюб маҷбур аст, барои ҳақашро ситонидан талош кунад ва ин мавзуъро думболагирӣ намояд ва ба кумитаи андози минтақааш муроҷиат намуда, дуруст масъаларо ба масъулин бифаҳмонад. Зеро албатта, дар бисёр ҷойҳо намедонанд, ки шахсони имконоти маҳдуддошта чӣ ҳуқуқу имтиёз доранд. Мо созмонҳои ҷамъиятӣ вазифадорем, ки ба маъюбон ҳуқуқу уҳдадорӣ ва имтиёзҳояшонро бифаҳмонем, нақши созмонҳои ҷамъиятӣ дар ин самт созанда аст, таъкид намуд Асадуллозода.

Абдулҳақ Асоев, муовини ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе “Имконият” дар ин семинар суханронӣ намуда, иброз дошт, ки созмони мо 30 сол аст фаъолият менамояд ва теъдоди аъзоёни он аз 4000 бештар аст. Ҳама рӯз ба созмони мо аъзоёни он дар масъалаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, дастрас намудани роҳхатҳо барои осоишгоҳҳо ва табобат гирифтан пайваста муроҷиат мекунанд. Барои мактуб ё ариза навиштан ба мақомотҳои давлатӣ ё вазорати тандурустӣ, молия ё ба ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (омбудсмен) низ машварат мепурсанд. Пайваста бо корафтодагон кор мекунем ва созмони мо дар модели хайриявӣ ҳам кор мекунад,яъне корҳои хайриявӣ низ мекунем, созмонҳо ба мо ва мо ба маъюбон он кӯмакҳои хайриявиро мерасонем, – дар охири суханонаш таъкид кард Абдулҳақ Асоев.


Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.