Дилафрӯз Достиева Истиқлол- кафили зиндагии шоиста ва амалишавии ормонҳои миллат
Сиву чор сол пеш миллати куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик ба дастоварди муқаддаси таърихи–Истиқлолии давлатӣ мушарраф гардид, ки ҳоло мо бо ҳисси ифтихору сарфарозӣ 33-юмин солгарди онро ҷашн мегирем. Хосияти ҳар як ҷашн, пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки моро ба таҳлилу ҷамъбаст ва натиҷагириҳои рӯйдодҳои гузашта, мушаххас сохтани вазифаҳои имрӯза чашмандозӣ ба оянда водор мекунад. Аз ин нигоҳ Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик падидаи бе мислу монанди таърихист, ки силсилаи воқеаҳои сарнавиштсозро дар бар мегирад ва бинобар ин, мо бояд онҳоро аз дидгоҳи фарохтару баландтар тақвиму тақдир намоем.
Дар ин росто, қабл аз ҳама, бояд дарк карда, ки истиқлолият волотарин ва арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик тайи ҳазорсолаи охир мебошад. Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлол ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ бо ҳама вижагиҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд.
«Роҳи таърихии тайкардаи мардуми тоҷик, – ба андешаи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – роҳи ҳамвору осон набуд ва ёфтани миёнроҳи тилоӣ низ амри маҳол менамуд» Аз нахустин қадамҳои Истиқлол доираҳои муайяни бадхоҳ бо истифода аз таҷрибаи даврони гузашта ва усулҳои озмудаи худ, бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсӣ, ки бар асраи онҳо ҳанӯз ҳазор сол пеш давлати бузурги Сомониён завол ёфта буд, тавонистанд миллати моро ба гирдоби мухолифат ва даргириҳои сиёсӣ кашида, баъдан давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардрониданд. Дар натиҷа беш аз сад ҳазор шаҳрвандони мо ҷони худро аз даст доданд, қариб як миллион нафари иҷборан хонаву дари худро тарк карда, ба кишварҳои ҳамсоя фирор намуданд. Ҷанги таҳмилӣ ба иқтисодиёти мамлакат дар маҷмуъ баш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зиёни моддӣ расонид. Зарари маънавии ҷанг ҳадду ҳисоб надорад.
Зиёда аз ин миёни доираҳои сиёсии беруна ва шарикони дохилии онҳо нақшаи таҷзияи Тоҷикистон, пароканда сохтани миллат ва бо ҳамин роҳ аз байн бурдани давлатдории тоҷикон тарҳрезӣ мешуд. Вале бархилофи азму талошҳои гурӯҳҳои бегонапараст, неруҳои тундрави дохилӣ ва баъзе доираҳои манфиатдори хориҷӣ неруҳои солими ҷомеаи мо дар як муддати кӯтоҳ зери парчами нангу номус ва ягонагии миллӣ ба ҳам омада, роҳи расидан ба сулҳ ва ваҳдати миллиро интихоб карданд. Баъд аз зиёда аз панҷ соли мухолифати мусаллаҳона Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки дастоварди нодиртарини тоҷикон дар даврони истиқлол мебошад ва ҳоло таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба мактаби омӯзиш табдил ёфтааст.
Тавре мебинем, даҳсолаи аввали давлатдории навини миллии тоҷикон асосан ба ҳалли масоили сиёсӣ, бозгардонидани гурезагон, ҳалли масъалаҳои дар Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ муайяншуда сарф гардида, танҳои пас аз соли 2000-ум ба давлату ҳукумат муяссар гардид, ки ҷиддан ба ҳалли масоили иқтисодиву иҷтимоӣ бипардозанд. Дар нимаи дуюми соли 2000-ум руйдоди хеле муҳимми даврони истиқлолият ба вуқӯъ пайваста, як силсила ислоҳоти иқтисодиву молиявӣ ба роҳ андохта шуд, ки он ба болоравии нишондаҳандаҳои макроиқтисодӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат ва раҳоии кишвар аз буҳрони иқтисодӣ, инчунин, беҳдошти ҳолати молиявӣ, муътадил гардидани буҷети давлатӣ ва вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар мусоидат намуд. Тоҷикистон имрӯз дар роҳи иҷрои 4 ҳадафи стратегӣ-раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат ва татбиқи Стратегияи миллии рушд қарор дорад.
Тоҷикон дар таърихи гузашта бо доштани ҷавонмардони худ ифтихор доштанд ва доранд. Саҳифаҳои таърихии мо то имрӯз дар китобҳо нуҳуфтааст. Ҳанӯз аз қаҳрамони щуҷои халқи тоҷик ба мисли Темурмалику Восеъ, Муқаннаву Спитамени бузург ва садҳо қаҳрамони шуҷои Ватан сарчашма мегирад. Имрӯз ҷавонои мо низ дар пайравии гузаштагони худ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ камари ҳиммат бастанд. Ташаббусҳо ва имкониятҳои фаррохи васеи имрӯзаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон беандоза аст. Имкониятҳои хуби илмомӯзӣ, касбомӯзӣ ва забономӯзӣ барои ҷавонон фароҳам шуданд. Барои ҳамаи ин имкониятҳои фароҳамшуда, мутмаин аз онем, ки ҷавонони мо дучанд барои номдории номи кишвар саҳми бориз мегузоранд.
Зиҳӣ Истиқлоли миллат, зиҳӣ шаҳболи устувори давлат.
Истиқлоли диёр, муборакамон бод!
Дилафрӯз Достиева, лаборанти калони шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Аз китоби “Истиқлол-омили рушди устувор”, Душанбе, 2024.
Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Масрура Мирзоҳасанова,
сармутахасси Медиатекаи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон.