Дилшод Табаров: бидуни омӯзиши мероси гаронбаҳои аҷдодонамон наметавонем худро вориси эшон эълон кунем

Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 31.07.2026 Маҳфили “Минбари олимони ҷавон” ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф барои солҳои 2020-2040 баргузор гардид.

Дар ҳамоиши имрӯза кормандони китобхона, хонандагони фаъол, олимон ва ихлосмандони илмҳои дақиқ иштирок доштанд. Маҳфилро муовини директори Китобхона номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Камолзода Сайфиддин  ифтитоҳ бахшида, ба ҷамъомадагон дар бораи ҳадафҳои маҳфил маълумот дод. Мавсуф зикр кард, ки маҳфили мазкур бо ибтикори роҳбарияти китобхона барои омода намудани довталабон ба Озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” роҳандозӣ гардида, имконияти хубест барои ташнагони илм дар роҳи омӯзиш. Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки тӯҳфаи арзандаи ҳар яки мо ба 35-солагии Истиқлол омӯзиши хубтару бештари илмҳои дақиқ ва соҳиб шудан ба дастовардҳои назаррас дар ҷодаи татбиқи онҳост.

Чун усули кори маҳфил мусоҳиба бо мутахассисон буд, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва табиӣ-риёзии Донишкадаи технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Дилшод Табаров идомадиҳандаи ин суҳбат гашта, перомуни навъҳои илм ва тарзҳои омӯзиши онҳо ибрози андеша намуд.

Ӯ иброз дошт, ки омӯзиши илм талаби Худованд ва Пайғамбар (с) аст ва мусалмон ба маънои олим будан аст. Дилшод Табаров аз дастовардҳои олимони барҷастаи мо Ибни Сино ва Абурайҳони Берунӣ мисолҳо овард, ки боиси таваҷҷуҳи ҳамагон буд. Номбурда бо ифтихор қайд намуд, ки 80 дарсади номи ҷирмҳои осмонӣ бо калимаҳои тоҷикӣ ва арабӣ номгузорӣ шудаанд.  Пас мо чун ворисони ин шахсиятҳои таърихӣ ва давомдиҳандагони роҳи пуршарафи онҳо бояд бештару беҳтар кушиш ба омӯзиш намоем.

Зикр гардид, ки бидуни омӯзиши мероси гаронбаҳои аҷдодонамон мо наметавонем худро вориси эшон эълон кунем. Ба андешаи ӯ олими имрӯза бояд дорои 5 салоҳият бошад, ки инҳо забондонӣ, муоширатӣ, муносибатсозӣ, касбият ва худинкишофдиҳии мунтазам мебошанд.

Дилшод Табаров ба он волидайне, ки барои илмомӯзии фарзандонашон талош намуда, барояшон шароит фароҳам меоранд, аҳсан хонд ва иброз дошт, ки онҳо ояндаи дурахшони ҳам худ ва ҳам фарзандашонро тарҳрезӣ мекунанд. Аз тамоми ҷавонони ташнаи илм истифода аз зарфиятҳои Китобхонаи миллиро талаб кард ва хостори он шуд, ки бисёр омӯзанд ва оянда чун кадрҳои донишманд ба камол расанд.    

Маҳфилро ходими калони илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Комрон Шарипов бо ибрози андешаҳояш идома бахшид. Мавсуф аз ҳозирин устувору сабур буданро дар роҳи омӯзиши илм талаб намуд. Ӯ гуфт, ки дар даврони ҷаҳонишавӣ омӯзиши илмҳои дақиқ дар рушди ҷомеа нақши калидӣ мебозад ва барои омӯзиш бояд риёзат кашид. Ҳамчунин ӯ ривояти табобат шудани шоҳи Сомониро аз ҷониби Абуалӣ ибни Синои ҷавон қисса намуда, зеҳни буррои ин табиби барҷастаро бори дигар ба наврасон намуна овард.

Дар фарҷоми маҳфил миёни олимон ва шунавандагони маҳфил суолу ҷавоби судманд сурат гирифт.

Маҳфили мазкур боз ҳам дар шумораҳои минбаъда шавқовартару ҷолиб хоҳад шуд ва умед ҳаст, ки дар омодашавии довталабони Озмунҳои ҷумҳуриявӣ нофеъ бошад.

Инобат БОБОЕВА