«ДИНКАРД»

«ДИНКАРД»

 «Динкард» аз ҷумлаи китобҳои бостонии мардумони ориёӣ аст, ки матолиби зиёди илмию фалсафӣ ва ахлоқиро аз мавқеи оини зардуштӣ фаро мегирад ва онро метавон ба сифати як донишнома тавсиф кард.

Ғояҳои ахлоқии ин китобро пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек ташкил медиҳад, ки шеваи рост зистанро ба мардум меомӯзонанд. «Динкард» баёнгари нақш ва саҳми гузаштагони миллати тоҷик дар фарҳангу тамаддуни ҷаҳонист.

«Динкард» дар асл иборат аз нуҳ китоб буда, мутаассифона, китоби аввал, дувум ва бахше аз китоби сеюми он ба мо дастрас нагардиданд. Дар силсилаи «Тоҷнома» китобҳои  3, 5 ва 7-и ин «Донишномаи маздаясноӣ» ба табъ расидаанд.