Дипломатияи китоб ва фарҳанг

ДипломатияТоҷикистон дар меҳвари муносибатҳои берунаи худ сиёсати “дарҳои боз”- ро қарор додааст. Ин сиёсат бозгуйи он аст, ки Тоҷикистон барои густариши муносибатҳои гуногунҷабҳаи ҳасана ба тамоми кашварҳои ҷаҳон манфиатдор аст. Ин сиёсати сазандаву дуруст яке аз дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбад.

Дар ин росто,бо шарофати сиёсати муваффақонаи Ҳукумати кишвар ҷомеаи ҷаҳонӣ чандин ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистонро дастгирӣ ва қабул кардааст. Дар ин радиф метавон як қатор дастовардҳои назарраси фарҳангиро аз ҷумлаи дипломатияи муваффаҷ қаламдор намуд.

Барои тақвияти гуфтаҳои боло,бо сарафрозӣ ҳамчун як ҷавони даврони соҳибиқболи кишвар иброз медорам, ки дар остонаи ҷашни мубораки Истиқлоли давлатӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой сарфароз гардидаанд.

Чун ҳадафи ифшои матлаби мо дар самти китобу фарҳанг аст, ин тозатарин навидро ёдовар шудан айни муддаост.

Ёдовар бояд гардид, ки Симпозиуми байналмилалии “Мероси Абуҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо бо иштироки зиёда аз 500 нафар олиму мутафаккир ва шахсияти барҷастаи олами сиёсат ва илму маърифат аз 50 кишвари ҷаҳон аз ҷумла сиёсати фарҳангии кишвар арзёбӣ мешавад. Тоҷикистон узви фаъоли тамоми чорабиниҳои фарҳангии сатҳи байналмилалӣ буда, ҳамаи онро наметавонем дар як матлаб биёварем созем. Лекин нуқтаҳое ҳастанд, ки месазад аз онҳо ёдовар шуд.

Ҳамасола дар Эрон “Ҳафтаи китоб” дар сатҳи шоиста таҷлил мегардад, ки ба ин маъракаи муҳимми фарҳангӣ аз кишвари мо гурӯҳи калони зиёиён даъват мешаванд.

Ҷойи зикрс аст, ки дар Теҳрон ашъори адибони тоҷик пайваста нашр мешаванд. Мисоли возеҳу равшани он ашъори Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона мебошад. Навиди тоза боз ин аст, ки “Шаби Фарзона Хуҷандӣ дар Теҳрон884 – умин шаб  аз шабҳои маҷаллаи “Бухоро” бо ҳамкории Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон бо бузургдошти шоири номвари тоҷик дар толори Халиҷи Форси Фарҳангсарои Ниёварон баргузор гардид. Нуқтаи муҳимми фарҳангӣ он аст, ки дар шумораи ҳаштодуми маҷаллаи “Самарқанд” дар 720 саҳифа ёддоштҳо ва мақолаи донишмандону ихлосмандони кишварҳои ҳамҷавор аз Эрону Авғонистон, Русияву Қазоқистон, Олмону Ингилистон ва ҳамватанонамон дар бобати зиндагӣ ва паҳлуҳои осори Фарзона нашр гардид.

Ҳамоише, ки ба муносибати 700 – солагии Ҳофизи Шерозӣ дар ЮНЕСКО таҳти унвони “700 сол бо Ҳофиз” баргузор гардид, аз кишвари мо ба ин ҷашнвораи байналмилалӣ як қатор олимону ҳунармандон ширкат намуданд. Аз ҷумла, Ансамбли давлатии “Шашмақом– и ба номи Фазлиддин Шаҳобов бо роҳбарии Фурқат Саидзода ва Ансамбли рақсии “Гулрез” иштирок доштанд. Боиси интихор аст,ки як рeйдоди муҳимми фарҳангии дигар дар толори бузурги ЮНЕСКО дар Париж конфронси байналмилалии “Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва саҳми вай дар густараи фарҳангӣ ҷаҳонӣ” бо иштироки васеи фарҳангиёни кишвар баргузор шуд. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ фарзанди фарзонаи халқи тоҷик буда, маросими тантанаворро вазири фарҳанги кишвар Матлубахон Амонзода ҳусни оғоз бахшид.

Ё, шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” бо чандин забонҳои олам тарҷума шуда бошад ҳам, пайки тоза расид, ки он бо забони туркӣ низ ба дасти чоп расидааст. Дар як вақт дар Тоҷикистон низ асарҳои адибони ҷаҳон бо забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр карда мешавад. Тоҷикистон бо ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва институтҳои гуногунсамти ҷаҳонӣ муносибатҳои фарохтарро ба роҳ мондаву густариш медиҳад. Китоби нави Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, академик Абдуҷаббор РаҳмонзодаДипломатия, фарҳанг ва сиёсат” падидаи тозаест дар ин росто, он дар нашриёти «Ilm – Ziyo Zakovat» – и шаҳри Тошканд ва КВД КТН “Шарқи озод”- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон нашр гардида, ба дасти ҳаводоронаш расидааст. Ин китоб собит месозад, ки фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, ҳизбӣ ё гурeҳӣ метавонад манфиатҳои давлат ва миллатро ҳифз ва рeйи кор оварад.

Бештар аз таҷрибаҳо мушоҳида мегардад, ки давлатҳо аз дипломатияи фарҳангӣ истифода мебаранд. Зеро он беҳтарин роҳ барои нарм намудани муносибатҳои байни миллатҳо ва кишварҳост. Пайваста барпо гардидани “Шоми дӯстӣ” ё барномаҳои консертии устодони санъати байни ду давлат дар дили кишвар аз он далолат медиҳад, ки дар мо бештар чунин тарзи дипломатӣ роҳандози гардидааст. Зеро таъриху тамаддун ва санъату ҳунар дар густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ саҳми калиди доранд.

Ин раванд дар ҳаёти сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвари мо низ васеъ ба мушоҳида мерасад. Як шохаи дигари он рушди соҳаи сайёҳи маҳсуб меёбад. Ин соҳа дар ҳоли ҳозир дар мамлакат бо таври бояду шояд рушд мехоҳад.

“Дипломатияи фарҳангӣ” дар саҳаи илму маориф низ хуб ба мушоҳида мерасад. Таҷрибаву мушоҳидаҳо дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон башорат аз он медиҳад, ки ин беҳтарин василаи муносибатҳои ҳасанаи байни давлатҳост.

Тоҷикистон низ аз солҳои аввали соҳибистиқлолии хеш дар самти илму маориф сиёсати муваффақ дорад.

Кишвари мо дар саргаҳи дар амал татбиқ намудани дипломатияи “Навр=з” ва ба воситаи неруи нарм ба роҳ мондани муносибатҳои хориҷии худ дар баҳамомандани сарони давлатҳои Тоҷикистон, +збекистон Қирғизистон ва Эрон, ки ба муносибати таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар таърихи 31-марти соли 2025 дар маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, муаммову мушкилоти ҷойдоштаи мамлакат ва минтақаро роҳандозӣ намуд ва муваффақ низ гардидааст. Зеро маҳз дипломатияи фарҳангӣ метавонад дар  табодули фарҳанг ва ба даст авардани сулҳ нақши муассир бозад ва дар натиҷаи босамар дар пешрафти фарҳанги сулҳ ва ҳамзистии осоиштаро соҳиб гардад. Таҷлили ҷашни байналмилалии “Наврӯз” дар минтақа ва ҷаҳон метавонад ба ҳамаи гуфтаҳои боло нуқта гузорад.

Шаҳнавоз Акрамова,
мутахассиси шуъбаи
робитаҳои байналмилалӣ