Дирўз ва имрўзи шуъбаи адабиёти хориҷӣ
Шуъбаи адабиёти хориҷии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» яке аз сохторҳои таркибии Китобхона ба ҳисоб рафта, барои дар сатҳи байналмилиалӣ баланд бардоштани мақом, нуфуз ва таҳкими ҳамкории фаъолияти китобдории муосири ҷаҳонии Китобхонаи миллӣ равона карда шудааст.
Шуъба соли 1938 ҳамчун бахш таъсис ёфта, аз соли 1956 ба сифати шуъбаи алоҳида фаъолият менамояд. Фонди китоби шуъбаи адабиёти хориҷӣ беш аз 52000 нусха буда, бештари он адабиёт доир ба фарҳангу ҳунар, ҷуғрофия, забоншиносиву адабиётшиносӣ, таърих ва дигар илмҳо мебошад. Як қисми фонди шуъба адабиёт доир ба Тоҷикистонро дар бар мегирад, ки дар он хонанда метавонад аз таъриху фарҳанги халқи тоҷик ба забонҳои гуногуни ҷаҳон мутолиа намояд.
Шуъба дорои толори хониши алоҳида бо 100 ҷойи нишаст буда, ҳамарӯза аз соати 800 то 2000 ва рўзҳои шанбеву якшанбе аз соати 800 то 1900 ба хонандагон хидмат мерасонад. Имрўзҳо дар шуъба кормандони забондону соҳибтаҷриба фаъолият доранд, ки ба хонандагон дар сатҳи баланд хидмат мерасонанд.
Самтҳои асосии фаъолияти шуъба иборатанд аз:
- Қонеъ намудани дархости истифодабарандагон;
- Мубодилаи байналмилалии китоб;
- Такмили адабиёт;
- Гузаронидани чорабиниҳои илмӣ ва фарҳангӣ;
- Корҳои библиографӣ;
- Таҳияи дастурҳои библиографии соҳавӣ;
Бояд зикр намуд, ки қонеъ намудани дархости истифодабарандагон аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти шуъбаи адабиёти хориҷӣ ба шумор меравад, ки ҳамарӯза хонандагон аз хидматрасонии толори хониши шуъба истифода мебаранд.
Маълум аст, ки дар ҷаҳони муосир талабот ба технологияи иттилоотии рақамӣ афзоиш ёфта, сатҳи хизматрасонии фаврӣ тақозо карда мешавад. Аз ин нуктаи назар, шуъбаи адабиёти хориҷӣ барои ба тақозои замона созгор намудани фаъолияти худ феҳристи электронии фонди китоби ба забонҳои хориҷӣ интишорёфтаро дар барномаи «Aleph» роҳандозӣ намудааст, ки кормандони мунтазам дар ин самт фаъолият доранд.
Хонандагони мо метавонанд аз фонди шуъбаи адабиёти хориҷӣ китобҳои зеринро дастрас кунанд. Аз ҷумла:
- Китобҳо дар мавзуъҳои мухталиф;
- Китобҳои дарсӣ;
- Адабиёти бадеӣ;
- Фарҳанг ва луғатномаҳо;
- Донишномаи «Britannica» – қадимтарин ва комилтарин донишнома ба забони англисӣ;
Шуъбаи адабиёти хориҷӣ аз соли 1961 ба бахши мубодилаи байналмилалии китобро фаъол намуда, то имрўз бо 22 китобхонаи бузурги кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Федератсия Русия (Санкт-Петербург), Белорусия, Арманистон, Озарбойҷон, Қазокистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Руминия, Ҷопон, Булғористон, Ветнам, Кореяи Ҷанубӣ, Лаҳистон ва дигар давлатҳо иртибот дорад, ки ин яке аз сарчашмаҳои асосии мукаммалгардонии фонди шуъба ба ҳисоб меравад.
Аҳамияти мубодилаи байналмилалии китоб ин дар нашр ва тарғиби фарҳанги китобдории тоҷикон ва Тоҷикистон арзёбӣ гардида, шинос намудани хонандаи хориҷӣ бо фарҳанг ва таърихи халқи тоҷик ҳисоб меёбад.
Бо азму талоши кормандони шуъба соли 2021 «Дастури библиографии Тоҷикистон дар адабиёти хориҷӣ солҳои 1991 – 2021» таҳия гардид, ки он бо теъдоди 100 нусха рӯи чоп омад.
Барои ҷалб ва рўнамоии фонди адабиёти хориҷии Китобхонаи миллӣ дар шуъбаи мо гўшаи намоиши китобии 20 кишвари дунё ташкил карда шудааст, ки ҳамарӯза меҳмони зиёди дохиливу хориҷӣ бо он ошноӣ пайдо намуда, ба фаъолияти шуъба ва дастовардҳои Китобхонаи миллӣ шинос мешаванд.
Сардори
шуъбаи адабиёти хориҷӣ:
Ҳошимов Ш.