Дирафши иқбол
Таърихи беназиру суннатҳои наҷибу қадима дорад мардуми тоҷик! Оини давлатдорӣ, наҷобату ғурур, сарфарозиву ҷавонмардӣ ва хирадашон азалист! Ҳанўз дар аҳди Пешдодиён мардуми сарфароз соҳиби дирафше буд, ки мавҷудияти сарзамин ва давлатдории онҳоро ифода мекард. Нахустин парчами қадимии тоҷикон бо номи «Дирафши Ковиёнӣ» дар шерозаи таърихи халқи тоҷик ҳамчун рамзи адолату дод, ваҳдату якдилӣ, ягонагӣ ва давлатдории мардуми ориёинажод ёд мешавад.
Қиссаи Коваи оҳангар, Заҳҳоки Морон, қиёми халқ, дирафши чармин, шоҳ Фаридун ва пирўзии адолату додро «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ далел аст! Чун Коваи оҳангар адолат наёфт, он гаҳ пешбанди чарминашро дирафш сохт ва мардумро ба сўи адолат,ба сўи рўшноӣ ва раҳоӣ аз зулму истибдод раҳнамо шуд. Баъди пирўзӣ бар Заҳхоки Морон шоҳи ҷаҳонпаҳлавон Фаридун ба ин дирафш чанде аз лаълу гуҳару ёқут чун рамзи эҳтиром гиреҳ баст. Ва ин амали шаҳриёрони далеру сарфароз чун суннату оини наҷиб то истилои араб идома ёфт. «Дирафши Ковиёнӣ »бо нишону тасвири Аҳурамаздо то замони суқути давлати Сосониён арзи вуҷуд дошт. Ҳар як шаҳриёру шоҳзода дар аҳду салтанати хеш онро такмил ва бо қимматттарин сангҳо зиннат медод. Бояд гуфт, ки амсилаи он дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст. Дирафш шукўҳу шаҳомат ва иқтидори Давлати Сосониёнро инъикос мекунад.Парчам аз матои чаҳоргўшаи росткунҷаи баробар дўхта шудааст. Дар маркази парчам нақши чаҳор унсур обу хоку оташу бод тасвир ёфтааст.Чаҳор гўшаи дирафшро риштаҳои нафису дурахшон,ки бо тарҳу шакли зебо гиреҳ хўрдаанд, зинат мебахшад. Парчам бо сангҳои қимату гаронарзиш зиннат ёфтааст.
Дирафши дигар қиссагўи эътиқоду оин ва иқтидори империяи паҳновари Ҳахоманишиҳост! Маҳу Хуршед дар дирафш мунақашанд! Тасвири парандаи тавонову устувор, уқоби тезчангол рамзи тавоноӣ, озодӣ ва сарфарозиро дорад. Дар баъзе тасвирҳои дигар дар панҷаву болои сари уқоби қавипанҷа куррачаҳои зарин ба назар метобад. Маъмулан дар гузашта ба ҷуз аз парчами ягона ҳар як баҳодур, шаҳзода ва ё ҷаҳонпаҳлавони далеру номвар дирафшу саропардаи хосаи хешро дошт. Ҳар яке аз ин дирафшу хиргоҳ аз рангу нақшу тасвир ва рамзу маънӣ бархўрдор буд ва бо лаълу ёқуту забарҷад ороста!
Дар ҳамосаи безаволи Абулқосим Фирдавсӣ номгўи дирафшу хиргоҳу саропардаи шоҳу паҳлавонон дар муколамаи Сўҳроби ял бо Хаҷири баҳодур, нигаҳбони Дижи Сапед ба таври олӣ тасвир ёфтааст. Табиист, ки нигаҳбон ва пояи устувори Тахти Каён РустамиТаҳамтан дарсафи аввал аст. Тасвирунақш варангҳои гуногун иқтидори шоҳу ҷаҳонпаҳлавононро ифода мекард. Дидбони қасру кўшк ва ё диж аз рўи рангу тасвири дирафш ба кӣ тааллуқ доштани онро аллакай аз фосилаи дур дарк мекард. Дар муколама бо Сўҳроб Хаҷир бо ҳилаи ҷангӣ номи Рустамро нагуфт. Ҳарчанд Сўҳроби ноком аз наёфтани Рустам хиҷил гашт, аммо Абулқосим Фирдавсӣ бад-ин васила саҳифаи дурахшони гурдон ва тасвири рамзу нишони дирафш ва хиргоҳи онҳоро барои ворисонаш боз кард.
Дирафш ё худ парчам ба ҷуз аз рамзу нишони давлатдорӣ инчунин муқаддасот, ифтихор ва нангуномус башумор мерафт. Ба даст овардани парчам ё дирафш маънои шикасти рақиб ва пирўзиро дошт. Ҳуҷум ва истилои араб охирин шоҳи сулолаи Сосониёнро аз миён бурд. Дирафши Ковиёниро бо нишону оини аҳурамаздоӣ низ! Ғосибон онро ба коми оташ доданд. Баъди суқути давлати Сосониён дар тули таърих, то айёми нав парчам ва ё дирафш чандин бори дигар нақшу тасвиру рамзи худро дигар кард.
Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардум иҷлосияи таърихӣ ва сарнавиштсоз гардид! Зеро ба ҷуз аз қабули рамзу нишони давлатӣ миллати тоҷик Пешвою сарвари хешро ёфт! Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии Ватан аст ва дар баробари Сарқонун, нишону Суруди миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлативу миллӣ маҳсуб меёбад. Он айём чун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси мардуми Тоҷикистон нахустин рўзҳои эъмори сохти нави давлату давлатдорӣ ва ташаккули ҷомеаи озоди мамлакат,оғози марҳалаи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд вадунявӣ ба ҳисоб меравад. Аксу сурат ва нусхаи аслии нахустин Парчами миллии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон нигаҳ дошта мешавад.
Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ нишони Истиқлол, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллист! Давлати озоду муосир ва соҳибистиқлол тавассути парчамаш дар ақсои олам муаррифӣ мегардад. Боиси ифтихору сарфарозист,ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ мардуми тоҷик соҳиби Парчами миллӣ- таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшон гашт.
Бо арзи эҳтиром ва нишони садоқат ба Парчами миллии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо судури як фармон аз 20-уми ноябри соли 2009 24-уми ноябрро Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон дошт ва ба хотири мақому манзалати Парчами миллӣ дар рукни давлатдорӣ ғояи бунёди Манораи бузурги Парчами миллиро пешниҳод намуд, ки ҷонибдории комил ёфт. 30-юми августи соли 2011 дар маркази шаҳри зебои Душанбе Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр парафшон гардид.Чунин Манораи бузург бо чунин парчам дар тамоми дунё аз ҳама баландтарин, ягона ва беназир аст!
Парчами миллии Тоҷикистон ифодагари иқболу саодат, иттиҳоду ягонагӣ, нангу номус, ватандўстиву ватандорӣ ва ҳуввийяти миллии мардуми кўҳанбунёду тамаддунофари мост ва волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳояш инъикос мекунад. Он дар қатори парчами дигар кишварҳо дар фарози созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ парафшон аст, ки мояи ифтихору сарбаландӣ ва эҳтироми тамоми ҳамватанони мост!
Он ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардуми тоҷик баҳри сарсабзӣ ва шукуфоии мамлакат ҳам мароми «Дирафши Ковиёнӣ»-и аҷдоди ориёи табор дар се ранг ҷилва мекунад. Ранги сурх-рамзи муборизаву пайкор баҳри озодиву истиқлолият, ранги сапед-рамзи сулҳу оромӣ ва бахти сапед ва ранги сабз – сарсабзиву хуррамӣ ва шукуфоӣ! Дар миёнаи он тоҷи зарин бо нақши ҳафт ахтари тобону дурахшон-рамзи соҳибдавлатӣ бори дигар аз тамаддуни кўҳану фарҳанги бостониву оламшумули мардуми тоҷик – пайкори созандагии асолати миллии давлату давлатдории мустақил ваормонҳои ватанхоҳиву корномаҳои родмардони сарзамини биҳиштосои мо башорат медиҳад.
Арҷ гузоштан ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа аст. Қадр доштани онҳо барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон сарчашмап ифтихор ва арҷгўзорӣ ба давлату давлатдорист! Парчами давлатӣ нишонаи бақои миллату Ватан, ваҳдати миллӣ, ифтихору ғурур, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рўҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқи тоҷик мебошад. Парчами миллии Тоҷикистон рамзи гиромидошти муқаддасоти миллати соҳибмаърифат, нишони муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлолият, илҳомбахши кору фаъолияти фарзандони ҷонфидову содиқ ва фарзонаи миллат, ҳидоятгару роҳнамои мардуми кишвар ба сўи сарсабзиву шукуфоӣ ва ҳаёти рўшану пурсаодат аст!
Афрохта мо дирафш дар боми фалак,
Бардошта мо ливои эҳроми фалак.
Дар домани атласаш бо зар бинвиштем,
Сад розу ниёзи хеш бар номи фалак!
Ойҷонгул Давронова,
сармутахассиси шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ.