Директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Файзализода Ҷумахон Хол – доктори илмҳои педагогӣ, профессор

14 марти соли 1963 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Солҳои 1970-1980 – дар мактаби миёнаи №8 деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик таҳсил кардааст.

Солҳои 1982-1984 – дар шаҳри Нижний Тагили вилояти Свердловск дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хидмат кардааст.

Соли 1987 факултети таърихи Институти давлати педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко дохил шуда, онро соли 1992 хатм кард.

Солҳои 1990-1992 – муаллими таъриху ҷамъиятшиносӣ дар мактаби миёнаи №62-и шаҳри Душанбе буд.

Солҳои 1992-1996 – ассистенти кафедраи психологияи Донишгоҳи давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко.

Солҳои 1995–1998 – аспиранти кафедраи психологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев.

Солҳои 2000-2007 – муаллими калони кафедраи психологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев.

Солҳои 2000–2003 – муовини декан оид ба тарбияи факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев.

Солҳои 2007-2008 – декани факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.

Солҳои 2008–2011 –  сардори шуъбаи таълими Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва ҳамзамон дотсенти кафедраи педагогика ва психологияи ҳамин донишкада.

Солҳои 2011-2013 – муовини ректор оид ба корҳои таълими Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода.

Солҳои 2014–2017 –  аввал дар вазифаи сардори раёсати таълим ва сипас баъди тағйир ёфтани сохтори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сардори шуъбаи таълим кор кардааст.

Соли 2017–2020 – муовини ректор оид ба таълим ва профессори кафедраи илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Соли 2006 рисолаи номазадиро дар мавзӯи “Ақидаҳои педагогии мутафаккирони форсу тоҷикии асрҳои ХII-ХIII оид ба ташаккули инсони комил” ва соли 2015 рисолаи докториро дар мавзӯи «Фалсафаи таҳсилоти мутафаккирони форсу тоҷики асримиёнагӣ ва арзиши он дар инкишофи педагогикаи миллӣ» дифоъ кардааст.

Муаллифи беш аз 80 нигориш: 13 кори илмӣ-методӣ, 4 монография, 2 китоби дарсӣ ва 60 кори илмӣ ва ғайра мебошад.

Барои хидматҳояш дар соҳаи маориф ва фарҳанг бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2010), “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2020), “Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2022), медали “Хизмати шоиста” (2023) ва дигар сипосномаву ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардидааст.

Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

Оиладор соҳиби 4 фарзанд: 3 писару 1 духтар мебошад

4-уми феврали соли 2020 бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

ВА МАТОЛИБИ ДИГАР: