Директори Китобхонаи миллӣ аз роҳандозии лоиҳаи нави ҳифзи дастхатҳои узбекӣ дар бойгонии Китобхона хабар дод
Дар конференсияи байналмилалии “Узбекистони нав-китобхонаи навоваронаи Давраи эҳёи савум”, ки дар низоми онлайн баргузор шуд, директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода ширкату суханронӣ намуд.
Ин ҳамоиш дар Китобхонаи миллии Узбекистон бо ширкати сарварони китобхонаҳои миллии Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Туркия ва Русия, анҷумани мутолеа, ҳифз ва умумият бахшидан ба мероси фарҳангии Узбекистон (WOSCU) ва Маркази тамаддуни исломӣ дар Узбекистон дар доираи Ҳафтаи мероси фарҳангии Узбекистон баргузор гардид.
Директори Китобхонаи миллӣ дар мавзуи “Мероси хаттӣ чун омили рушди ҳамкориҳои байнифарҳангӣ” суханронӣ намуда, иброз дошт, ки барои фароҳм овардани имкони суханронӣ дар чунин рӯйдоди муҳими илмӣ-фарҳангӣ самимона сипосгузорам.
Дар оғоз ӯ аз суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба муносибатҳои хуби Тоҷикистону Узбекистон гуфт. Дар идома аз фазои хубу барои ҳамкориҳои ду кишвари ба ҳам дӯст созанда ва албатта тавсеаи таъмини манофеи асосии ҳарду кишвар ва минтақа изҳори қаноатмандӣ намуд.
-Мероси хаттӣ ин маҷмуаи пойдори арзишҳоест, ки иртиботи худро берун аз замон ва макон ҳифз мекунад ва аз насл ба насл ва аз аср ба аср мегузарад, таъкид намуд дар суханрониаш сарвари Китобхонаи миллӣ професор Ҷумахон Файзализода ва идома дод:- Мероси хаттии кишварҳои мо як падидаи беназири таърихи ҷаҳон аст. Дастхатҳои гузаштагони мо ганҷинаи бебаҳо мебошанд, зеро онҳо дониши пешгузаштагон, донишмандон, шоирон, нависандагонро дар худ ғунҷонда, талоши онҳоро дар рушду тавсеаи илмҳои гуногун нишон медиҳанд.
Ҷумахон Файзализода дар бахши дигар аз суханронии худ иброз дошт, ки аз соли 1953 бо талоши кормандони шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва ёриву дастгирии дӯстдорони китоб беш аз 2700 нусха мероси хатӣ гирдоварӣ шуд ва ҳоло он ҳифз мешавад. Бештари ин дастхатҳо ба забони форсӣ-тоҷикианд. Дар бойгонии Китобхонаи миллӣ имрӯз ҳамчунин беш аз 200 нусха дастнавис ба забони узбекӣ мавҷуд аст, ки аз асрҳои 17-18 боқӣ мондаанд.
Профессор Файзализода иброз дошт, ки дар байни ин дастхатҳои нодир осори шоир ва андешаманди бузурги узбек Мир Алишери Навоӣ ҷойи муҳим ишғол мекунад. Яке аз онро хаттоти мониқалам соли 1801 рӯнавис кардааст, ки бо хати басо зебову дилкаши настаълиқ китобат шудааст. Ин машҳуртарин асари шоири бузург “Хамса” мебошад, ки аз панҷ достон иборат аст.
Дар бойгонии КМТ чанд нусха дастхати “Хамса” вуҷуд дорад, ки хаттоти мониқалам Мулло Ҳасан ибни Иброҳимбой соли 1831 хаттотӣ кардааст. Ин дастхат, ки хеле зебову назаррабост, аз 340 варақ ва ё 680 саҳифа иборат аст.
Директори Китобхонаи миллӣ ҳамчунин дар идомаи суханронии худ аз “Куллиёт” ва “Девон”-и ашъори Алишери Навоӣ, ки дар Китобхонаи миллӣ нигаҳдорӣ мешавад, сухан ронд.
Дар қисмате аз суханронии худ директори Китобхонаи миллӣ Ҷумахон Файзализода дар бораи дигар дастхатҳо ва китобҳои нодири Китобхонаи миллӣ муфассалтар ҳарф зад ва ҳамаи онҳоро ганҷинаи бебаҳо номид, ки аз гузаштагон ба мо мерос мондаву қобили омӯзишу таҳқиқанд.
Дар идома профессор Файзализода иттилоъ дод, ки кормандони шуъбаи Дастхатҳои шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст як лоиҳаи вижаро таҳти унвони “Мероси хаттии халқи узбек дар китобҳои Китобхонаи миллӣ”роҳандозӣ кунанд. Ин лоиҳа рақамикунонии дастхатҳои узбекиро дар назар дорад, ки на танҳо нусхаи аслро ҳифз мекунад, балки ин ганҷи бемисл ва ин хазинаи маърифатро ба ҳаводорони фарҳангу тамаддуни Узекистон дар олам дастрас гардонад.
Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.