Директори Китобхонаи миллӣ дар Конгресси байналмилалии Тошканд ширкат мекунад

УзбИмрӯз дар маркази сайёҳии Silk Road Samarkand шаҳри Тошканд Конгресси ҳаштуми байналмилалии анҷумани мутолеа, ҳиф ва умумият бахшидан ба мероси фарҳангии Узбекистон (WOSCU) таҳти унвони “Мероси аҷдодони бузург-асоси Эҳёи сеюм” оғоз ба кор мекунад. Қарор аст он то 26-уми августи соли равон идома кунад.

Дар  ин Конгресс Директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и дастгоҳи иҷрояи Президенти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода низ иштирок ва натиҷаи охирин пажӯҳиши худ дар мавзуи “Ба низом даровардани афкори педагогии мутафаккирони асрҳои миёна”-ро рӯнамоӣ мекунад.

Гуфта мешавад, ки дар ин Конгресс наздик ба 300 нафар донишмандон аз 35 кишвари олам ширкат хоҳанд кард. Дар миёни 180 таҳлилгарони даъватшуда 15 нафари онҳо академик, 40 нафар профессорон ва дотсентон, 103 нафар докторони илм, 54 нафар деркторони китобхонаҳо ва осорхонаҳо мебошанд.

Рӯзномаи рӯзи аввал аз диду боздидҳо аз маконҳои фарҳангиву таърихӣ иборат буда, маросими ифтитоҳи Конгресс рӯзи 24-уми август дар назар дошта  шудааст.