Директори Китобхонаи миллӣ  ғолиби озмуни Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон  аз рӯи номинатсияи “Беҳтарин раиси ташкилоти ибтидоӣ”

Директори Китобхонаи миллӣ ва ҳамчунин раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Китобдор” доктори имлҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода ғолиби озмуни ноҳиявии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон  аз рӯи номинатсияиБеҳтарин раиси ташкилоти ибтидоӣ”  бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дониста шуд.

Имрӯз бахшида ба аз 30-мин солгарди таъсисёбии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ҷаласаи тантанави таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон” доир карда шуд. Бо садо додани Суруди миллӣ ва қироати дастаҷамъона ба чорабини ҳусни оғоз бахшиданд.

Дар расми ифтитоҳи ҳамоиш Раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод суханрони намуда, ҳозиринро ба ин ҷашни фархунда ва воқеан таърихӣ шодбош гуфт. Ӯ изҳор дошт, ки  Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ҳама гуна иқдоми созанда ва амали нек дар ҷумҳурӣ саҳм мегузорад. Ба ибораи дигар, давоми 30 соли фаъолият Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳо намудани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқавории ҷумҳурӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат, сиёсати буҷету андоз, ислоҳоти идораи давлатӣ, таъсиси сохтори куллан нави идораи иқтисодиёт, такмили тартиби ҷобаҷогузории кадрҳо дар асоси салоҳияти касбӣ, баланд бардоштани самаранокӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатии марказию маҳаллӣ, таъмини амният ва арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу давлатӣ, мубориза бар зидди коррупсия ва ғайра саҳми бориз дорад.

Дар бахши дигари ҳамоиш ғолибони озмунҳои ноҳиявии “Беҳтарин кумитаи иҷроияи ибтидоӣ”, “Беҳтарин раиси ташкилоти ибтидоӣ”, “Беҳтарин ташкилоти ибтидоӣ”, Беҳтарин вакил”, “Беҳтарин таблиғотчӣ”, “Беҳтарин корманд” ва  “Беҳтарин хабарнигор” ,  инчунин  озмунҳои ноҳиявии “Хонаи беҳтарин”,”Кӯчаи беҳтарин”, “Маҳаллаи беҳтарин”,”Боғи беҳтарин”,”Гулгашти беҳтарин” ва “Майдончаи варзишии  беҳтарин” бо диплом ва туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ карда шуданд.

Ташкилоти ибтидоии ҳизби “Китобдор” тули чандин сол аст фаъолият намуда, дар тарғиби сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузории сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳм мегузорад.

Имрӯз дар озмуни Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Китобдор” –и Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода  аз рӯи номинатсияи “Даҳгонаи беҳтарин раиси ташкилоти ибтидоӣ” ғолиб дониста шуда, бо диплом ва туҳфаи раиси Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа барномаи фарҳангие пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки таъби ҷамъомадагонро шод намуд.

Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа