Директори Китобхонаи миллӣ ҷиҳати ширкат дар 7-уми ҷаласаи директори китобхонаҳои миллии кишварҳои узви СҲИ вориди Анқара шуд

Созмони Ҳамкории ИқтисодӣДар Китобхонаи оммавии Адиан Отюкени шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия ҷаласаи 7-уми директорони китобхонаҳои миллии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (СҲИ) ба кори худ оғоз кард. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш Директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода намояндагӣ мекунад.

Вай аз ҷумла гуфт: Имрӯз Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ як созмони байналмилалии эътирофшуда, бузург ва бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Дар тули ин солҳо аъзои он баҳри ривоҷу равнақи ҳамкориҳои иқтисодӣ созишномаҳои гуногунро ба имзо расонида, амалӣ намуда, оид ба масъалаҳои афзалиятноки шарокати байнидавлатӣ қарорҳо қабул кардаанд.

Сарвари давлати мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти Созмон изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид намуданд, ки бо шарофати талошҳои муштарак заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ байни кишварҳои узв ташаккул ёфта, шароити мусоид барои густариши ҳамкориҳои башардӯстона ва фарҳангӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар ин замина, китобхонаҳо ва робитаҳои байникитобхонавӣ, ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва башардӯстона, пули боэътимоди дӯстӣ буда, дар баланд бардоштани иқтидори фарҳангӣ ва зеҳнии шаҳрвандони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ нақши махсус мебозанд. Дар тӯли таърихи тулонии тавсеаи китобхонаҳо дар кишварҳои мо як ҷомеаи бисёр ҳирфаӣ зуҳур кардааст.

Китобхонаҳо бахше аз мероси фарҳангии мардумони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ҳастанд ва китобу китобхонӣ ба ғанӣ гардонидани маънавиёт ва рушди зеҳнии шаҳрвандони мо мусоидат мекунанд.

Профессор Ҷумахон Файзализода бо таваҷҷуҳ ба нақши созандаи СҲИ дар рушди равобит миёни китобхонаҳои кишварҳои узв  фармуд: Роҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон фаъолияти СҲИ-ро ҳамчун омили калидии пешрафти муассири минтақа медонад ва имкониятҳои бузургеро барои татбиқи барномаҳои миллии китобдорӣ ва иттилоот дар байни аъзои Созмон мебинад.

Директори Китобхонаи миллӣ таъкид кард, ки нақши муттаҳидкунандаи СҲИ ҳамчун як шакли ҳамкории китобдорӣ ва иттилоотӣ байни кишварҳое, ки бо ҷуғрофия, таърих, расму оинҳои анъанавӣ ва арзишҳо муттаҳид шудаанд, бисёр муҳим аст. Бо назардошти бартариҳои номбаршуда ва манфиатҳои муштараки Созмон, ман фикр мекунам, ки онро сохтори қобили қабул барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки китобдорӣ номидан мувофиқ аст.

Созмони Ҳамкории ИқтисодӣПрофекссор Ҷумахон Файзализода дар бахши дигар аз суханронии хуб иброз дошт, ки формати байналмилалӣ барои баҳс дар мавриди масъалаҳои ҷории китобхона махсусан муҳим аст, зеро робитаҳои касбӣ механизми аълои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ на танҳо байни афрод ва муассисаҳои китобхона, балки байни кишварҳо ва халқҳо низ мебошанд.

Ман муътақидам ҳадафи аслии баргузории 7-умин ҷаласаи роҳбарони китобхонаҳои миллии СҲИ мубодилаи таҷриба ва донишҳои беҳтарин дар бахши китобдорӣ ва иттилоот ва рушди ҳамкории минтақавӣ тавассути тамаркузи нав ба навовариҳои рақамӣ ва таҳкими иқтидори институтсионалӣ мебошад. Ман итминон дорам, ки ҷаласаи мо дар сатҳи баланди касбӣ баргузор мешавад ва як марҳилаи муҳим дар таҳкими ҳамкориҳо байни китобхонаҳои кишварҳои мо дар ҳифзи хотираи фарҳангӣ ва мусоидат ба дастрасии баробар ба дониш хоҳад буд.

Бобоҷон Шафеъ