Доктор Алиасғари Шеърдӯст дар бораи Зоҳир Аҳрорӣ
Ёрону дӯстон ҳама бар ғам нишастаанд,
Дилхастагон ба ваъдаи марҳам нишастаанд.
Бархост олами караму луфт аз миён,
В-акнун ба сӯги ӯ ҳама олам нишастаанд.
Аз тангнои хонаи дилҳо ба мотамаш.
Андӯҳу ранҷу меҳнат бо ҳам нишастаанд.
Барои зиндагии ҷисмонии одамӣ нуқтаи поёне ба номи марг вуҷуд дорад, аммо барои ҳаёти маънавии бузургон поёне нест. Ҷисм ба хок мепайвандад, рӯҳ ба олами боқӣ ва ному роҳи онон барои ояндагон. “Ман рӯҳи худро ба Худо, ҷисми хешро ба хок ва номи хешро ба қурун ва ақвоми баъд тақдим мекунам”. (Аз васиятномаи Фрэсис Бэкон, фавйласуфи бузурги садаи шонздаҳуми милодӣ).
Адибу ховаршиноси тоҷик зиндаёд Зоҳир Аҳрорӣ низ яке аз ҳамон бузургони илму адаби ин диёр аст, ки номи ӯ ҳамеша боқӣ хоҳанд монд. Хабари таассуфбори даргузашти ногаҳонии вай ба ҳамроҳи ҳамсараш дар як сонеҳаи ронандагӣ ҷону равони аҳли илми ин диёрро хаста кард.
Парвардигор чунин тавфиқе ба шодравон Аҳрорӣ дода буд, ки таҳқиқан беш аз панҷоҳ сол аз умри гаронмояи хешро вақфи таҳқиқу тадрис намоянд. Касоне, ки аз нафаси гарми ӯ дар тадрис бархурдор буданд, ҷуз сафову самимият аз ӯ чизе ба ёд надоранд ва касоне, ки аҳли илму дониш будаанд, осори мутааддиди ӯ роҳкушои мушкилоти онон будааст.
Зиндагии пурфарозу нишеби ин олими тоҷик аз овони кӯдакӣ, ки дар яке аз рустоҳои Дарвоз гузашт ва мутаоқиби он сафари ин навҷавони ташнаи дониш барои идомаи таҳсил дар шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт, ки мусодиф бо ҷанги ҷаҳонии дувум буд, тавъам бо дарду ранҷ будааст. Дар ин солҳо гуруснагӣ ва бемории ношӣ аз ҷанги хонумонсӯз ҷони бисёре аз донишомӯзонро таҳдид мекард ва гурӯҳе аз онҳоро ба коми марг фиристод. Аммо ҳамаи ин мушкилот ва масоиб дар ирода ва ҳиммати Зоҳири навҷавон таъсир накард ва ӯро боз надошт. Баъдҳо сарнавишт ӯро ба шаҳри Душанбе кашонд ва дар он ҷо устоди шодравон Абдулғанӣ Мирзоев, раиси Пажӯҳишгоҳи мероси хаттии Академияии илмҳои Тоҷикистон, ки ба истеъдоду нубӯғи ӯ пай бурда буд, ӯро ба кор дар он пажӯҳишгоҳ даъват мекунад. Аз ин солҳо ба баъд аст, ки зиндагии илмии устод Аҳрорӣ оғоз меёбад.
Аз устод Зоҳир Аҳрорӣ то кунун рисолаҳо ва мақолаҳои илмии зиёде дар заминаи таърихи адабиёти форсу тоҷик, таърихи адабиёти асрҳои XVIII –XX Эрон ва Афғонистон ва намояндагони барҷастаи онҳо, аз ҷумла рисолаи илмии “Қорӣ Абдуллоҳ”, ”Адабиёти Эрон дар қарни XVIII” (дар се ҷилд), бархе аз осори машҳури Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ (Аз ҷумла ду ҷилд ғазалиёт, маснавиҳои “Юсуф ва Зулайхо”, “Суҳбатулаброр”, “Саломон ва Абсол”, “Панду андарзҳо”), “Мушу гурба”-и Шайх Баҳоӣ, “Осори мунтахаби Соиб” (бо ҳамроҳии Лоиқ Шералӣ) ва рисолаи “Мушфиқӣ” ва осори арзишманде дигаре ба ҷо мондааст.
Ҳамчунин вай дар умри пурбори илмии худ масъулятҳои илмии бисёреро бар ӯҳда дошт, ки охирини онҳо раёсати шӯъбаи Эрон ва Афғонистони Институти Шарқшиносӣ ва мероси хатии АИ Тоҷикистон будааст.
Имрӯз вазифаи ҳамаи арбобони илму фарҳанг аст, ки сирати илмӣ ва амали устод Аҳрориро дар абъоди густардае нашр созанд ва онро ҳамчун чароғе фарорӯи пажӯҳишгарони ҷавон гузоранд. Вай марди донишпажӯҳ, донишманду донишпарокан буд. Бисёре аз пажӯҳандагони ҳамзабон дар Эрон ва Афғонистон, бо ин, ки аз осори арзишмани ӯ баҳраҳо гирифтаанд, ӯро ҷуз ба ном намешинохтанд. Касе, ки аз хирад тӯшаҳо бурда буд ва бо фурӯтанӣ дар гӯшае нишаста буд:
Касе к-ӯ барад аз хирад тушае,
Ҷаҳонест, биншаста дар гӯшае.
Фуқдони чунин донишманде, бидуни тардид, зарбае азим бар пайкари илмии Тоҷикистон аст.
Инҷониб ба навбаи худ ин зоъиаи дарднокро ба ҷомеаи фарҳангӣ ва илмии се кишвари ҳамдину ҳамфарҳангу ҳамзабон Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Афғонистон таслият арз мекунам. Равонаш шод ва ёдаш гиромӣ бод.
Алиасғарӣ Шеърдӯст
Сафири собиқи Ҷумҳурии Исломии Эрон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз китоби Зоҳир Аҳрорӣ: “Бақои умр”. Дар ин маҷмуа мунтахаби ашъори дар солҳои гуногун эҷодкардаи адабиётшинос ва адиби нуқтадон Зоҳир Аҳрорӣ ҷамъу тадвин гардидаанд, ки дар баробари фаро гирифтани мӯҳтавои иҷтимоӣ саросар аз ишқ, бо тамоми паҳлӯҳояш, ба мо ҳикоят мекунанд ва розу ниёзи мусаннифи шодравонро бароямон эҳдо месозанд.
Хоҳишмандон китобро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи: Баргигул Наботова,
шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони
имконияташон маҳдуд.