Донишгоҳи миллӣ мақолаи наврӯзии як корманди Китобхонаи миллиро низ ғолиби озмун донист
Раёсати Донишгоҳи миллӣ озмуни “Беҳтарин матолиби рӯзноманигорӣ дар бораи ҷашни Наврӯз”-ро ҷамъбаст намуд ва қатори дигарон матлаби наврӯзии корманди Китобхонаи миллӣ Шаҳодат Давлатоваро низ сазовору шоистаи се мақоми аввал донист. Гуфтанист, ки ин озмун бо ибтикори ректори ДМТ, профессор Қобилҷон Хушвақтзода ҷиҳати татбиқи талаботи “Дастури тавсиявӣ барои ҷашнгирии идҳои таърихии миллии тоҷикон: Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон” бо номи “Беҳтарин матолиби рӯзноманигорӣ дар бораи ҷашни Наврӯз” эълон шуда буд.
Мутасаддиён мегӯянд аз аввали эълон то охирин рӯзи ҷамъбасти он бештар аз 20 мақола пешниҳод шудааст ва чор нафар сазовори се ҷойи аввал гаштаву бо мукофоти пулӣ ва Ифтихорномаи Донишгоҳи миллӣ сазовор шудаанд.
Ҷойи аввал ба профессор Равшан Раҳмонӣ, сардабири маҷаллаи «Пайванд»-и Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, ҷойи дувум ба Фарҳод Сафарзода – унвонҷӯи факултети журналистикаи ДМТ, ҳамзамон, сармуҳаррири барномаи «Субҳи Тоҷикистон»–и «Телевизиони Тоҷикистон» расидааст.
Ҳакамон ду нафар: Ҳасанов Меҳрубон Зокирович – директори барномаҳои радиои “Парвин”-и вилояти Суғд ва Шаҳодат Давлатова – рӯзноманигор, корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистонро сазовори ҷойи сеюм донистаанд.
Ҳамкорамон Шаҳодат Давлатоваро табрик мекунем ва барояш комёбиҳои нав хоҳонем.