Донишҳо дар таърихи миллат
Таърихи адабиёти форсӣ афродеро зиёд медонад, ки бо ном ё тахаллуси Дониш шеър гуфтаанд, достон навиштаанд, қасидаву ғазалу рубоӣ сурудаанд ва ё беҳтарин пажӯҳишҳои илмиро дар риштаҳои гуногун анҷом додаанд. Маъруфтарини онҳо Аҳмад Махдуми Дониш аст, ки назар ба дигарон дар бораи ӯ бештар медонем. Вале ҳоло сухан дар бораи Донишҳои дигар хоҳад рафт…
Дониш Мирзо Тақихон
Дониш Мирзо Тақихон (1871, Тафтиш-1948, Теҳрон) шоир ва адиби эронӣ. Дониш аз шоирони хушзавқи Эрон ба шумор меравад. Ў дар навъҳои адабии қасида, маснавӣ ғазал, қитъа, рубоӣ шеър гуфтааст: Маҷмўаҳои ашъор ва осори дигари манзум «Девони ҳакими Сурӣ» (1902, шомили ашъори ҳаҷвӣ), «Девони Дониш» (1958), «Нўшинравон» (дар тавсифи салтанати Анўшервон), «Қасидаи оламафрўзи ватания» (1918), маснавиҳои «Иксири Аъзам» (4 ҷилд), «Баҳри муҳит» (12 ҷилд) ва ғайра мебошанд. Дар пайравии «Гулистон» ва «Бўстон»-и Саъдӣ «Фирдавсӣ барин» ва «Биҳишти адн»-ро эҷод кардааст.
Дониш пайрави анъанаҳои адабиёти классики форс-тоҷик буда, бо сабки хуросонӣ эҷод кардааст. Васфи ҳунар дониш, ситоиши гулу нағмаи булбул, шикоят аз ғами ҳиҷрон, бевафоии маҳбубаи зебо ва ғайра мавзўъҳои шеъри Дониш мебошанд. Дар «Иксири Аъзам» ва «Баҳри муҳит» афкору андешаҳои иҷтимоӣ ва фалсафии ў баён гардидаанд. Дониш оид ба таърихи адабиёти форс-тоҷик, илми бадеъ ва ҳунари хаттотӣ асарҳо эҷод кардааст. «Тазкираи Садри Аъзамӣ», «Тазкири хушнависони хутути ҳафтгона», «Илми бадеи форсӣ», «Амсоли форсӣ» ва ғайра. Абёти зер намунае аз ашъори ўст:
Касби ҳунар кун, ки мардумони ҳунардўст
Дўст бидоран мардуми ҳунариро
Қадри гуҳар гар ки ношинос надонист,
Кас на гуҳар хор кард, на гуҳариро
Илму адаб пеш гир, на сафаҳу ҷаҳл,
Фазлу ҳунар пеша кун, на ҳазлу мариро.
Илму ҳақоиқ гарат ба гўш наёяд,
Пас, зи шунуфтан ту беҳ шинос кариро…
Муаллиф: Ф. Наҷмонов
Дониш Мирзо Ҳусайнхони Исфаҳонӣ
Мирзо Ҳусайнхони Исфаҳонӣ (1875, Истанбул-1943, Анқара), шоири эронӣ. Падараш соли 1840 аз Исфахон ба Истанбул кўчид. Дониш ҷавони забонҳои форсӣ, туркӣ, англисӣ ва фаронсавиро хуб омўхт. Соли 1895 узви ҳайати таҳририяи рўзномаи форси «Иқдом» шуда, солҳои зиёд дар ин вазифа кор кард. Дар ҷавонӣ ба якчанд кишвари Осиё ва Аврупо сафар карда, баъди бозгашт ба кори илмию омўзгорӣ машғул шуд. 14 сол профессори забони форси Дорулфунуни Истанбул буд. Чанде раёсати «Доруттарҷума»-и Бонки Усмонии Туркияро ба уҳда дошт. Солҳои охири умраш корманди сафоратхонаи Эрон дар Анқара буд. Аз Дониш асарҳои бадеӣ шеърҳо бо забони форсӣ ва туркӣ дар навъҳои қасида, ғазал, рубоӣ ва ғайра, дар сабку услуб ва анъанаҳои адабиёти классики форс-тоҷик, инчунин асарҳои пажўҳиши «Саромадони сухан», «Таълими лисони форсӣ» (4 ҷилд), «Харобаи Мадоин», «Рубоиёти Умари Хайём» (тарҷума ва шарҳи ҳол бо забони туркӣ) боқӣ мондаанд. Намунае аз ашъори Дониш:
Ин дилбарони вақт ва хилват гузидаанд,
Шўхони чокпираҳани рўдаридаанд.
Аз чашми пуркарашмаву аз зулфи пургиреҳ
Доми бало ба ҳар сари раҳ густаридаанд
Симинбарон, ки халқ зи пайшон шитофтӣ,
Акнун ба пои худ пайи мардон давидаанд.
Муаллиф: Ф. Наҷмонов
Дониш Мирзонаҷафалӣ ибни Мирзоҳасаналии Табрезӣ
Дониш Мирзонаҷафалӣ ибни Мирзоҳасаналии Табрезӣ (фавт 1892, Теҳрон), донишманди риштаҳои фиқҳ, ҳадис, фалсафа, адиб ва шоири эронӣ. Соли 1850 нахуст тарҷумони турки Сафорати Эрон, сипас сарконсул ва муовини авали сафири Эрон дар Туркия буд. Пас аз он муддати се сол ба унвони сарконсули Эрон дар Миср фаъолият кард. Соҳиби ин вазифаро гоҳе вазири муқими Миср низ мегуфтанд. Китоби «Мизону-л-мавозин фӣ амри-д-дин», ки дар ради китоби «Мизону-л-ҳаққ»-и Ҳ. Мартин навишта шудааст, ба Дониш тааллуқ дорад. Дониш замони сукунаташ дар Истамбул соли 1869 рўзномаи форси «Ахтар»-ро таъсис дод.
Муаллиф: А. Боқизода
Дониш Мулло Раҷаби Бухороӣ
Дониш Мулло Раҷаби Бухороӣ (фавт 1832, Бухоро), шоири тоҷик. Дониш баъд аз хатми мадраса шуҳрат ёфта, ба хидмати дарбор даъват гардид. Ба гуфти тазкиранигор Возеҳ, Д. табиатан зарофгў буда, ба гуфтани ашъори ҳаҷвӣ бештар майл доштааст. Ба маъниву матлаби ин байт муътақид будааст.
Чӣ шоир касе, к-ў хиҷогў набошад
Чӣ шере, ки чанголу дандон надорад?
Дар тазкираҳову баёзҳо ғазалҳову қитъаҳо ва абёташ ба назар мерасанд. Абёти зер аз ўст:
Мо на танҳо синачоки холи мушкин гаштаем,
Шона ҳам умрест дорад чоки домон дар бағал.
То паризоти ҷамолат аз куҷо толе шавад,
Дорад ҳар як тори мў чандин шабистон дар бағал.
Осмони дилбарӣ нозам, ки андар рўзгор,
Карда зоҳир аз рухат хуршеди тобон дар бағал.
Дониш Мулло Ҳусайн маҳдуми Бухороӣ
Дониш Мулло Ҳусайн махдуми Бухороӣ, шоири тоҷик (асри 19). Дар мадрасаҳои Бухоро таҳсили илм намуда, ба шеъру шорӣ майлу рағбат дошт. Пас аз хатми таҳсил чун донишманд ва шоири бомаҳорат шуҳрат ёфт. Дар даргоҳи қозикалон Садри Зиё хидмат мекард. Тазкиранигор Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ аз як қасидаи ороста бо санъатҳои адабии ў, ки дар он аз ҳарфҳои нуқтадор ва бенуқта истифода шуда буд ва моддаи таърих – соли ба тахт нишастани амир Насруллоҳ ҳосил мегардид, иттилоъ додааст. Бо забони сода дар мавзўъҳои ишқ, панду насиҳат, баъзе беадолатҳо дар ҷомеаи давраш дар навъҳои гуногуни адабӣ-ғазал қасида, қитъа шеър менавишт. Намунаҳо аз шеърҳои Дониш
Ба арзи бехирадон ҷавҳари калом мабар,
Ба сангу хишт дами теғи обдор марез.
Ҳарчанд тавон зи чарху анҷум гуфтан,
Сад нусха зи таъхиру такаддум гуфтан,
Чун бар сари инсоф равӣ, душвор аст
Як ҳарф ба қадри фаҳми мардум гуфтан.
Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик . – Душанбе. – 2017. – Ҷ.6. – С. 107-108.
Библиографияи миллӣ