Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ва озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Бо мақсади бедор намудан ва баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нав дар соҳаи суханвариву сухандонӣ, арҷ  гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодии афроди ҷомеа, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ, васеъ намудани доираи забондонӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷўёни тамоми зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, доктор (PhD), аспирантҳо ва  шаҳрвандони кишвар бо Амри Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўзҳо дар саросари кишвар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”  ҷараён дорад.

Боиси  шодмонӣ  ва  шукргузорист, ки ҳар як иқдом ё санаде, ки  дар заминаи олами афкору андешаҳои сабзу созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи вуҷуд мекунад, боиси болоравии маънавиёти мардум, бахусус мактабиён, донишҷўён, наврасону ҷавонон ва умуман қишрҳои гуногуни ҷомеа мегардад.

Раёсати МДТ Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода барои дар амал татбиқ намудани сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, аз ҷумла Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” тадбирҳои муассир андешида, як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст. Тибқи дастуру супоришҳои ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин дар байни донишҷӯён пайваста озмун ва маҳфилҳои шеъру сурудхонӣ доир мегарданд. Баргузории чунин чорабиниҳо насли ояндасози миллат, аз ҷумла донишҷӯёнро ба мутолиаи китоб, аз бар намудани каломи бадеъ ва илму ҳунар ҳидоят намуда, дар замири онҳо меҳри китобу донишро ташаккул дода, сатҳи маънавиёти онҳоро баланд мебардорад.

Зикри як нукта басо муҳим аст, ки бо ибтикори факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ ва дастгирии раёсати донишкада дар назди факултаи мазкур Китобхонаи адабиёти бадеӣ мавриди истифода қарор гирифт. Айни замон китобхона дорои наздик ба 1000 нусха китоб буда, онҳо аз рўйи номинатсияи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷо ба ҷо гузошта шудаанд. Аз китобхонаи мазкур устодон, магистрон, докторантон аз рўйи ихтисос (PhD), унвонҷўён ва кормандони донишкада истифода бурда метавонанд. Воқеан, дар ин ҷаҳони пур аз афкору андеша ва таълимоту ғояҳои пуртазод баҳри тарбия ва такомули инсони комил муҳимтар аз китоб воситаеро дарёфтан душвор аст.

Мусаллам аст, ки тарғибу ташвиқи фарҳанги мутолиаи китоб тавассути васоити ахбори омма аҳамияти муҳимро дорост, вале ҳидоят ва таъсири маънавии  падару модар ва ёру бародарон ҳамоно муассиртар аст. Хурсандиовар аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки имрўз бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат дар саросари кишвари азизамон –Тоҷикистон ҷараён дорад, маҳз ба ҳамин мақсад, яъне ба оммавигардонии хониш равона гардидааст.

Маврид ба зикри хос аст, ки  бо шарофати сиёсати маорифпарварона ва ибтикороти фарҳангии Пешвои миллат имрўз муҳаббати насли навраси тоҷик ба китобу китобхонӣ бештар ва мақоми ин ду падида дар ҳаёти иҷтимоӣ-фарҳангии ҷомеа беш аз пеш баланду устувор гардидааст.  Фаромӯш набояд кард, ки китоб аз зумраи гаронбаҳотарин мероси ниёгонамон буда, ба шарофати он насли имрўзу фардо аз дастовардҳои тамаддуни ҷаҳонӣ, илму адаб, маънавиёти халқияту миллатҳои гуногун баҳраманд гардида, ҳамчун ворисони арзандаи мактаби бузурги худогоҳию хештаншиносии ниёгон баҳри ҳифзу гиромидошти арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ пайваста саъю талош хоҳанд кард.

Зафари ШАРИФ,

декани факултаи китобдорӣ ва

иттилоотшиносии МДТ

«ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»