Донишманди тоҷик Дилшод Раҳимӣ ба Китобхонаи миллӣ 74 нусха китоб тақдим кард

Дилшод РаҳимӣФолклоршинос ва мардумшиноси тоҷик, номзади илмҳои филология, таҳлилгари байналмилалии ЮНЕСКО дар риштаи мероси фарҳанги ғайримоддӣ Дилшод Раҳимӣ ба Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 номгўй китоб ба теъдоди 74 нусха туҳфа намуд.

Ин китобҳо «Меҳргон – ҷашни баракату фаровонӣ», «Наврўз – ҷашни замину офариниш», «Сада – ҷашни гармию нур», «Тиргон – ҷашни об», «Шаби ялдо – шаби оғози чилла», «Пажўҳиши баъзе унсурҳои фарҳанги суннатии тоҷикон», «Ҳифз, муаррифӣ ва рушди мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон», «Таҳқиқи чанде аз суннатҳои фарҳанги мардум», «Ҳамосаи «Гўрғулӣ» ва шинохти он», «Бозиҳои анъанавии бачагонаи тоҷикон», «Фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик» ва «Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ» ва ғайра мебошанд.

Ҳамчуноне аз номашон пайдост, ки ин китобҳо пажӯҳишҳои басо арзишманди илмӣ дар мавриди паҳлуҳои мухталифи фарҳанги миллӣ мебошанд. Пажӯҳиш ва омўзиши унсурҳои фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик, аз ҷумла, анъанаи шифоҳӣ, касбу ҳунарҳо, донишу таҷрибаҳои суннатӣ ва ҷашну маросимҳо ҳастанд.

Китобҳои номбурда ҳамчун манбаъ ба муҳаққиқони соҳаҳои мардумшиносӣ, фолклоршиносӣ, педагогика, инчунин ба сифати дастурномаи иловагӣ ба омўзгорону мураббияҳо ва дар маҷмуъ ба куллии дўстдорони фарҳанги мардум тавсия дода шудаанд.

Ин китобҳо алакай рақамгузорӣ шуда, ба толорҳои хониш барои мутолиаи хонандагон фиристода шудаанд.

Шумо онҳоро метавонед аз ҳар толори хониш дархост ва дастрас намоед.

Гулҷаҳон АСОЕВА,
сардори шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.