Донишномаи ҷуғрофия

Донишномаи ҷуғрофияКитоби хурде бо тасвирҳои ҷолибу диданӣ ва матнҳои кутоҳу пурмазмун. Онро муассисаи давлатии Сарредаксияи Энсиклопедияи миллии тоҷик соли 2023 чоп кардааст. Гуфта шудааст, ки ин  донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар бораи ҷуғурофияи, кашфиёти бузурги ҷуғурофӣ, иқлим, обу ҳаво, абрҳо ва барфу борон, гардиши об дар табиат, кўлҳо, уқёнусҳо, кўҳҳо, қитъаҳо, дашту биёбонҳо, пиряхҳо, инчунн дар бораи кўлу дарёҳо ва шаҳрҳои Тоҷикистон дар бар мегирад. Бештаре аз маводди ин китоб бо такя ба маводи исботшудаи илмӣ таҳия шудаанд.

Донишнома барои кўдакони аз синфи 4–боло ва доираи васеи хонандагон пешкаш мегардад.

Инак, чан иқтибосе аз ин китобчаи хуб:

ҶУҒРОФИЯ ЧИСТ?

Чуғрофия илмест, ки сатҳи заминро меомўзад. Бо мадади ин фан мо метавонем дар бораи сатҳи замин, кўҳҳо, дарёҳо мамлакатҳо ва қитъаҳои олам маълумот гирем. Масалан олим ва донишманди ҷуғрофидони тоҷик Абурайҳони Берунӣ (973–1048) оид ба заминомўзӣ (геодезия) усулҳои нав кашф намуда, ба воситаи он тулу арзи бештар аз 600 мавзеъро чен чен кардааст. Ў мавҷудияти қитъаи Амрикоро бори нахуст пешгўӣ карда буд. Роҳбаланди Васко да Гама (баҳрнаварди партугалӣ) дар сафарҳояш баҳрнаварди мусулмон Ибни Маҷид буд.

ШУМО ХАРИТАИ ҶУҒУРОФИРО МЕДОНЕД?

Ҳанўз аз замонҳои қадим барои муайян кардани роҳу мавзеи ҳаракат, хатти сафар, ҷойгиршавии шаҳру мамлакат ва ғайра зарурати тартиб додани нақшаи хурди маҳалҳои зиндагӣ сохтани харитаҳо ва нақшаҳои гуногуни картографӣ пеш меомад. Идрисӣ ном олими мусулмон 850 сол пеш харитаи ҷуғрофии оламро тартиб дода буд.

Баҳрнавард (адмирали мусулмон) Пири Райис дар Қустантания соли 1513 харитаи ҷаҳонро тартиб дод. Харитаи ҷуғурофӣ тасвири хурд ва ҷамъбастгардидаи ҳамвории сатҳи Замин буда, дар он тамоми объект ва мавзеъҳои ҷуғрофӣ бо аломатҳои шартӣ истифода мешаванд.

Харитаҳо аз нигоҳи бузургӣ ва дарбаргирии қаламрав ба харитаи ҷаҳон, нимкураҳо, материкҳо қисмҳои онҳо, уқёнусу баҳрҳо, мамлакатҳо ва ноҳияҳои апоҳида ҷудо мешаванд. Дар айни ҳол харитаҳои ҷуғурофии сиёсӣ, иқтисодӣ, сайёҳӣ мавҷуданд.

ЗАМИН ДАР ТАСАВВУРИ ОДМОНИ ҚАДИМ

Одамони аҳди қадим дар бораи пайдоиши Замин ва сайёраҳо чандон тасаввуроти дақиқ надоштанд. Аз ин рў, онҳо дар бораи Замин, пайдоиши олам ва дигар мавҷудоти табиат ривояту пиндорҳои худро офаридаанд. Ба пиндори сокинони Осиё ва ниёгони тоҷикон гўё Замин дар рўйи дарёи паҳновар воқеъ буда. Дар болои дарё сангпушти бузург ва ба рўйи сангпушт филҳо қарор доранд, ки Замин дар пушти филон устувор аст.

Ба андешаи мардуми бостонии Юнону Руми қадим гўё гирдогирди хушкии рўйи оламро уқёнус иҳота кардааст ва канори нопайдои кураи Замин дар китфи эзади таҳамтан Атлант буда, расидани одамони одӣ ба он ҷо номумкин аст.

Ҳамчунин Искандари Мақдунӣ ҳангоми кишваркушоиҳо азм карда буд, ки то Ойкумена, яъне канори кураи Замин кишоварҳоро фатҳ хоҳад кард, аммо умраш вафо накард ва дар синни 32–солагӣ фавтид.

Ин гуна тасаввуроти асотирӣ то давраҳои кашфиёти ситорашиносӣ ва ихтирои телескоп давом ёфта, сипас, зимни таҳқиқоти илмии ҷойгиршавии низоми Офтоб, сайёраҳо ва Замин барои одамон муайян гардид.

Китоби “Донишномаи ҷуғрофия”-ро хонандагони хоҳишманд метавонанд дар толори хониши шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд бихонанд.

Таҳияи Ситора Расулова,
мутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ
ба шахсони имконияташон махдуд