Донишномаи мухтасари бузургони форс-тоҷик (асрҳои VII-XV)
«Донишномаи мухтасари бузургони форс-тоҷик (асрҳои VII-XV)» аз тарафи Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик нашр гардидааст. Асари мазкур ба қалами номзади илми таърих Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ тааллуқ дошта, дар он маълумоти мухтасари ҷуғрофӣ ва тавсифу эҷодиёти бузурги форсу тоҷик дар асрҳои VII-XV гирдоварӣ шудаанд.
Муҳаррирон: Ҳусайнов С. ва Сафарзод Н.
Дар пешгуфтор мехонем: Асрҳои миёна барои тоҷикон, барҳақ, давраи тилоии таърихи миллӣ маҳсуб мешавад. Пас аз суқути империяҳои бостонии аҷдодии худ – Каёниён, Хахоманишиён, Кушониён, Ҳайтолиён, бори дигар дар аввалҳои асрҳои миёна фарзандони фарзонаи ин миллати куҳан эҳёгарии нави миллиро оғоз ниҳоданд. Дар ибтидо, ҳамчун меросбарони давлатҳои бузурги минтақа, таҷрибаи давлатдории аҷдодиро барои ҷомеаи нави таърихӣ дар доираи васеътари халқҳову мардумони гуногун дар иҷтимоъи ягонаи навзуҳури густардатаре бо номи – мусулмонон пешниҳод ва амалӣ карда, хилофати исломиро дар ҷомаи фарҳанги бузурги аҷдодӣ бо падидаҳои нав печиданд ва бад-ин восита тавонистанд аз фарҳангу тамаддуни ҷаҳонгири гузаштаи худ ҳимоят кунанд ва ҷойгоҳи арҷмандонаи онро дар сохтори ҷомеаи навини он замон пайдо намоянд. Сохтори давлатдории навини исломиро тавъам бо анъаноти дерини аҷдодӣ таъйин ва роҳандозӣ карданд (Бармакиён, Навбахтиён, Абумуслим). Барои аввалин бор таълимотҳои илмии аввалияи исломиро падид оварданд. Нахустин мушовирони илмии ҷомеаи нав (Салмони Форсӣ) шуданд. Илмҳои калом (Абуҳанифа), ҳадис (Исҳоқи Хатлонӣ, Исмоъили Бухорӣ, Муслим), фиқҳ (Абуҳанифа), тафсиру таърих (Табарӣ), ҷуғрофиё (Ҳуду-ду-л-олам»Ашколу-л-олам», «мамолику-л-масолик»-ҳо), тиб, нуҷум, кимиё ва ғ.-ро ташкилу такмил ва вусъат доданд. Баъд аз сукути дусадсола, ба воситаи наҳзатҳои фикрӣ ва миллӣ бедориҳои рӯзафзуни миллиро падид оварданд, дар ин замина бори дигар таърихномаҳои куҳани аҷдодиро навиштанд («Шоҳнома»-ҳо, таърихномаҳои мутаъадид, Ибни Муқаффаъ), давлатҳои маҳаллии миллии худиро ба вуҷуд оварданд (Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, Зиёриён, Ковусиён, Сарбадорон, Куртҳо, Музаффариён, Ғуриён ва ғ.) ва ҳамзамон, самти давлатсозию давлатдории дигар ақвому халкҳои минтақаро (Салҷуқиён, оли Сабуктегин, Ҳулогуиён, Чағатоиён, туркони Рум, Муғулони Бузург дар Ҳинд) таъйину (дастурномаҳои бузурги давлатдорӣ, – «Дастуру-л-мулук»-у «Дастуру-л-вузаро»-ҳо, «Фатовои ҷаҳондорӣ») роҳандозӣ намуданд.
Тарғибу ташвиқи фарҳангу тамаддуни худро то ба Чину Ҳинду (Шамсуддини Ғурӣ) Рум (Ҷалолуддини Румӣ) бурда, пойдору мондагор сохтанд, барои садсолаҳо «Роҳи бузурги абрешим»-ро ихтиёрдорӣ карданд. Фарзандоне аз ин миллат роҳҳои дарёии ҷодаи абрешимро низ кушуданд.
Адабиёти форс-тоҷикро дар Қафқоз рушд додаву муассиру мондагор сохтанд (Низомӣ, Хоқонӣ). Даҳҳо ҷазираро қабл аз Колумб дар қисмати ҷанубу шарқии қитъаи Осиё бидуни ҷангу хунрезӣ кашф карданд (Муҳаммад-ҳоҷӣ, Чинг Ҳа Чжэн Хэ, Санбао ё Синдбоди Дарёгард). Шаҳрҳои бузурге аз ҷаҳонро тарҳрезӣ карда, сохтанд (Имоми Аъзам шаҳри Бағдодро ва Ихтиёруддину Давлатшоҳ ш. Пеканро), Ҳукмрониҳое дар Мисру Шом (Исҳоқи Хатлонӣ) ва Арманистони Бузург (Афшини Усурушанаӣ), Ғуриҳо дар Ҳинд табақаи вазирони тоҷик (мусулмон) дар идораи давлатии Чин, Сайиди Аҷалл ва ғ.), вазирони бузург дар империяҳои бузурги туркию муғулӣ (Низомулмулк, Рашидуддин, Шамсуддини Соҳибдевон,Ҷувайниҳо ва ғ.).
Дар олами ислом аввалин шуда мадрасаву низомияҳоро (Низомулмулк) таъсис ва рушд доданд. Дар тамоми давраи асрҳои миёна садрнишинони улуми дунявӣ ва ҳам, динӣ буданд.
Илмҳое чун тиббу табииёт, мусиқӣ, риёзӣ, нуҷум, кимиё мусалласот (Сино, Розӣ…-ҳо, Ҷурҷонӣ, Суфӣ, Ҷобир, Берунӣ, ал- Хоразмӣ, Хуҷандӣ, Хайём, Тӯсӣ, Кошонӣ, Кошифӣ, Ибни Мӯсо..-ҳо, ал-Балхӣ, Гургонӣ ва ғ. ), адабиёти ҷаҳонгир (ҳадди ақалл, бештар аз панҷ ҳазор шоири соҳибдевон…), наққошию (Беҳзод), хаттотӣ (Ибни Муқла, Миръалӣ), китобнигории олӣ ва амсоли инҳоро ба авҷи пешравию тараққӣ расониданд. Дар маҷмуъ, натанҳо номи халқи пуршарафе бо номи «тоҷик»-ро ба вуҷуд оварда, онро ҳамчун алами илму маърифат ва тамаддуни пешрафтаи башарӣ барафроштанд, балки ин номи шарифро барои ҳамешагӣ ҷиҳати ифтихору сарафроштагии фарзандону наберагони худ барои садсолаҳо, балки барои абад ба ёдгор гузоштанд, то наслҳои баъдишон сиришта бад-ин ифтихороти азими ҷаҳонгир болидаруҳ боқӣ монанд ва ин болидарӯҳии пайваста дар рӯзгорашон мӯҷиби пешравию тараққиёти мудоми миллиашон буда бошад.
Ва инак, мухтасароте аз он сафаҳоти пуршарафи аҷдодӣ пешкаши хонандаи арҷманд мегардад ва бад-ин восита худ шукуҳу шаҳомати таърихӣ ва фарҳангии ин миллатро мушоҳада мекунад.
Хонандагон метавонанд китоби «Донишномаи мухтасари бузургони форс-тоҷик (асрҳои VII-XV)»-ро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Таҳиягар Маҳмадвалӣ Зиёев,
сармутахассиси
Маркази «Тоҷикшиносӣ»