Донистаниҳо аз таърихи кишвар. Каттабек
Каттабек, Актахон, Каттахон, ҳокими Балҷувону Кўлоб (ҳукмронӣ 1828/30 – 1841/42). Аслаш аз қабилаи қатаған, баъди фавти падараш Товулхон дар Балҷувон ба сари қудрат омад. Соли 1832 ҳокими Кундуз Муҳаммад Муродхон бо мақсади саркўб кардани исёни мардуми Кўлоб ба Балҷувон ҳуҷум карда, дар муқобили Каттабек ба нокомӣ дучор шуд.
Соли 1839 хони Хўқанд Мадалихон (ҳукумронӣ 1822-1842) лашкари худро зери фармондеҳии Машариф атолиқ барои пахши шўриш ба самти Қаротегин, Дарвоз ва Кўлоб равон кард. Каттабек духтари худро ба Мадалихон пешкаш карда, пеши роҳи ҷангу хунрезиро гирифт.
Аз ибтидои солҳои 40 асри 19 муносибатҳои ҳокимони Кўлобу Ҳисор мураккаб шуд. Каттабек соли 1841 ҳамроҳи писараш Мизробхон ба Норак ва Кофарниҳон ҳуҷум кард. Дар Норак аз писараш ҷудо шуд ва дар назди деҳаи Чакалӣ аз ҷониби сарбози мири Файзобод Гўрғулӣ ба қатл расид. Тибқи маълумоти дигар, Каттабек ба дасти сипоҳиёни ҳокими Ҳисор Абдулкаримхон асир афтода, ба қатл маҳкум гардид.
Мизробшо барои гирифтани қасоси падараш бо ҳокими Дарвоз Исмоилшо (1842-1860) забон як карда, ба ҳудуди Ҳисор лашкар кашиданд. Исмоилшо ҳудуди Ҳисорро то марказаш Душанбе ишғол карда, ғанимати бисёр ба Кўлоб фиристод ва худ ба Тавилдара баргашт. Абдулкаримбек баъди ишғол шудани Ҳисор ночор додари Гўрғӯлӣ – Пирназарро дар ивази хунбаҳои Каттабек ба Мизробшо супорид. Мизробшо дар ивази хуни падараш Пирназарро дар як мавзеи Ховалинг бо тўп паронд, ки он баъдан бо номи деҳаи Хунобод (ҳоло Хонаобод) машҳур шуд. Дар аҳди Каттабек қўрғони нави Балҷувон бунёд гардид.
Шеъри Мизробхон дар таърихи қатли Каттабек.
Таърихи қатли Каттахон пурсидам аз пири хирад,
Гуфто, ки дунбашро бибур он ки сараш бибридааст.
Боз чоп аз энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ. 9. – С. 638.
Муаллиф: Ҳ. Пирумшоев,
Таҳияи Моҳрухсор Сархатова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.