Донистаниҳои илми олам. Фалес нахустин риёзидон, файласуф ва ахтаршинос
Фалес аз Милет аввалин мутафакири юнонӣ аст, ки номаш то рўзҳои мо боқӣ мондааст. Дар бораи ҳаёти ў мо маълумоти ночиз дорем. Таърихнависон тахмин кардаанд, ки ин нобиға дар солҳои 640-546-и пеш аз солшумории милодӣ зистааст. Нависандагони Юнони қадим ўро “аввалин” философ,”аввалин” табиатшинос, аввалин риёзидон ва аввалин ситорашинос эътироф карда буданд.
Фалес дар замони пурҷӯшу хурӯши мустамликадории камшумури Осиёи хурд зиндагӣ кардааст, ки дар он аҳолии юнонӣ дар байни Шарқ ва Эллада, инчунин Шарқ ва Ғарб нақши миёнаравро иҷро мекард. Таъсири дидашавандаи маданияти бобилиҳо ва мисриҳо ба юнониҳои манотиқи Осиёи Хурдро ҳамчун натиҷаи алоқаҳои савдои зинда дар байни ин сарзаминҳо маънидод кардан мумкин аст.
Афлотун хотиррасон кардааст, ки Фалес, ҳангоми мушоҳидаи осмони ситоразор чаппагардон шуда ба қаъри чоҳ афтидааст. Яке аз шоҳидони ин ҳодисаи мудҳиш ғуломзани зебое шухиомез гуфта буд, ки Фалес хост, ки дигаргуниҳоро дар осмон бинад, бехабар аз он монд, ба таги пои хеш назар андозад. Вале ин шухӣ барои ҷаҳонбинии Фалес бегона буд. Ў мутафаккире буд, ки аз ҳаёти воқеӣ канорагӣ намеҷуст. Ў шахси амалие буд, ки малакаи истифода бурдани донишҳои илмиро ҳатто дар додугирифти савдо доро буд.
Шореҳи китоби аввали “Ибтидо”-и Эвклид файласуфи юнонӣ Прокл дар асоси китоби то рўзҳои мо боқинамондаи “Таърихи геометрияи Евдем”, шоҳидӣ додааст, ки Фалес муаллифи теоремаҳои зерин ва исботҳои ин теоремаҳо мебошад:
- Диаметр доираро ба ду ҳиссаи баробар ҷудо мекунад;
- Кунҷҳои назди асоси секунҷаи баробарпаҳлу бо ҳам баробар мебошанд.
- Кунҷҳои вертикалӣ бо ҳам баробаранд.
- Секунҷаҳо баробар мешаванд, агар яктогӣ тарафҳои ин секунҷаҳо баробар буда, дутогӣ кунҷҳои ба ин тарафҳо часпида низ бо ҳам баробар бошанд.
- Кунҷи дар нимдоира дарункашида – кунҷи рост аст.
- Агар хатҳои рости параллел, ки тарафҳои кунҷро буридаанд, дар яке аз тарафҳои кунҷ порчаҳои мутаносибро ҷудо кунанд, он гоҳ онҳо дар тарафи дигари кунҷ порчаҳои мутаносибро ҷудо мекунанд.
Дар қиёс бо дараҷаи инкишофёфтаи математикаи мисриҳо ва юнониҳои қадим теоремаи Фалесро ҳамчун як далели на он қадар барҷаста эътироф кардан мумкин буд. Вале, бузургии Фалес ҳамчун математик дар он будааст, ки ў нахустин шуда исботи теоремаҳои хешро оварда, онҳоро дар математика дар гардиш гузоштааст. Агар диққати математикҳои мисрӣ ва бобилиро саволи “Чи тавр” ба худ ҷалб карда бошад, аз рўи тасдиқи шоҳидони қадим диққати Фалесро саволи “Чаро” ба худ ҷалб мекард.
Дар ҳоли ҳозир мо наметонем, тасдиқ кунем, ки ў исботи кадоме аз теоремаҳои хешро оварда будааст. Мувофиқи ақидаи муаррихи машҳури математикаи Юнони Қадим Т. Хейм, чунин теоремаи одӣ дар бораи ба ду ҳисса ҷудо кардани доира ҳатто барои Евклид ҳам исботи хосаеро тақозо намекард; Евдем, яке аз ҳамасрони Евклид, шояд аз мафҳуми исботи теоремаҳо бохабар буд ва мо асос надорем, ба ў бовар накунем, овардааст, ки Фалес аз Милет исботи теоремаҳоро оварда буд. Ҳамин тавр, Фалеси Милетӣ нахустин математике ҳисоб меёбад, ки назарияи математикиро бо амалияи он муттаҳид сохтааст ва ба пайдоиши геометрия мусоидат карда, барои ба майдон омадани китоби машҳури “Ибтидо”- и Евклид замина гузоштааст.
МАНБАЪ: Китоби Асадулло Шарифзода ва Алишер Раҳимзода “Зиёда аз сад математики муваффақ”. Душанбе, соли 2025.
Ин китобро хоҳишмандон метавоннад дар толори хониши шуъбаи адабиёти табиатшиносӣ, техникӣ ва илмҳои дақиқ бихонанд.
Таҳияи Гулчеҳра Мақсудова,
мутахассис пешбари шуъбаи
адабиёти табиатшиносӣ, техникӣ
ва илмҳои дақиқ