Дониёр Сангинзода: “Пешвои миллат-асосгузори ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон”
Монографияи “Пешвои миллат-Асосгузори ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон” як пажӯҳиши мукаммали илмест, ки ба сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлол (1991-2025) ва саҳми барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон бахшида шудааст.
Ҳамчуноне Р. Ҳайдарзода, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор дар муқаддимаи китоб навиштааст, монографияи “Пешвои миллат-Асосгузори ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон”, ки аз ҷониби муаллиф Сангинзода Дониёр Шоҳмамад-муовини директор оид ба илм ва таълими Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор-таҳия шудааст, асаре мебошад, ки соли 2025 ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ба чоп расида, нахустин пажӯҳиши мукаммали илмӣ дар бораи сиёсати ҳуқуқии кишвар аз соли 1991 то 2025 мебошад. Муаллиф бо маҳорати баланди илмӣ, равандҳои ҳуқуқэҷодкунӣ, ислоҳоти ҳуқуқӣ ва нақши калидии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар чор давраи асосӣ (1990-2010, 2011-2017, 2018-2023, 2024 то инҷониб) таҳлил намудааст.
Асар бо қарори Шурои олимони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 30 январи соли 2025 (№1) ҳамчун монография тавсия шуда, барои донишҷуён, унвонҷӯён, омӯзгорон ва мутахассисони мақомоти давлатӣ пешбинӣ гардидааст. Он на танҳо таърихро тасвир мекунад, балки ҳамчун илҳомбахши арзишҳои ватандӯстӣ ва маводи омӯзиши Мактаби давлатдории Пешвои миллат хидмат мекунад. Чунки ислоҳоти ҳуқуқӣ (ё ислоҳоти қонунӣ) – ин тағйирот ва такмилдиҳии низоми ҳуқуқӣ, қонунгузорӣ, муассисаҳои судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар як кишвар бо мақсади баланд бардоштани адолат, шаффофият, ҳифзи ҳуқуқи инсон, мубориза бо корупсия ва мувофиқ кардани қонунҳо ба стандартҳои байналмилалӣ мебошад.
Фасли аввал-“Пешвои миллат ва ташаккули сиёсати ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон”-бо тасвири марҳалаи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ оғоз меёбад. Муаллиф бо далелҳои муайян нишон медиҳад, ки Эломияи Истиқлолият (24 августи 1990), Изҳорот дар бораи истиқлоляти давлатӣ (9 сентябри 1991) ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябри 1994) зиминаи ҳуқуқии давлатдории муосирро гузоштаанд. Таҳлили иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 ноябри 1992, Қасри Арбоб) ҳамчун нуқтаи гардиши таърихӣ ба ҳисоб меравад. Муаллиф бо истиснод ба 74 санадҳои ҳуқуқии қабулшуда дар ҳамон иҷлосия, нақши муайянкунандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ барало нишон медиҳад.
Дар давраи аввал (1990-2010) муаллиф бо Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим (8 июни 2007, №272) таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Ин қонун, ҳамчун маҳсули ташаббуси Пешвои миллат ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ, мубориза бо зиёдравӣ ва ҳифзи фазои маънаии ҷомеа мусоидат кардааст. Суханронии Пешвои миллат дар мулоқоти 10-солагии қабули қонун (11 июли 2017) ҳамчун далели амиқи таъсири он истифода шудааст.
Давраи дуюм (2011-2017) муаллиф бо маҳорат Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузорӣ (19 феврали 2011, №1021) ва Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд (2 августи 2011, №762)-ро таҳлил мекунад. Ин санадҳо ба тарбияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва мубориза бо тақлидҳои бегонапарастона равона шудааст. Суханронии Пешвои миллат ба муносибати иди Фитр (29 августи 2011) ҳамчун далели аҳамияти ин ислоҳоти истифода шудааст.
Давраи сеюм (2018-2023) Консепсияи сиёсати ҳуқуқ барои солҳои 2018-2028 (6 феврали 2018, №1005) ҳамчун ҳуҷҷати стратегии рушди ҳуқуқӣ тасвир шудааст, ислоҳоти дар соҳаҳои энергетика, иқтисод, мубориза бо коррупсия ва экстремизм бо таҳлили амиқ пӯшонида шудаанд.
Давраи чорум (аз 2024 инҷониб), муаллиф бо ташаббусҳои иноватсионӣ-стратегияи рушди зеҳни сунъӣ то соли 2040, қонунҳо дар бораи ҳифзи пиряхҳо ва қатъномаи СММ (2025) дар бораи зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ-таваҷҷуҳ мекунад. Инҳо нишонаи гузариши Тоҷикистон ба сиёсати ҳуқуқии рақамӣ ва устувор мебошанд.
Муаллиф бо ростқавлӣ мушкилоти давраҳои аввал (номувофиқатии қонунҳо, коррупсия, дастрасии нокифояи аҳолӣ ба санадҳо)- ро зикр карда нишон медиҳад, ки чи гуна Пешвои миллат тавассути ислоҳоти минбаъда ин мушкилотро бартараф намудааст.
Фасли дуюм – “Ташаббусҳои байналмилалӣ ва саҳми Пешвои миллат”- асарро ба сатҳи пажӯҳиши глобалӣ мебардорад. Муаллиф бо далелҳои муайян нишон медиҳад, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат 15 қатъномаи маҷмааи Умумии СММ-ро пешниҳод кардааст ва онҳо қабул шудаанд.
Муаллиф нақши Пешвои миллатро дар таҳкими Созмони Ҳамкории Шанхай (раёсат дар солҳои 2008, 2014, 2021), ҳамкориҳои “Осиёи Марказӣ-Чин” ва эътирофи Наврӯз ҳамчун мероси ҷаҳониро таҳлил мекунад. Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ (6 августи 2021, Туркманистон) ҳамчун эътирофи байналмилалии хизматҳои Пешвои миллат зикр шудааст.
Муаллиф бо маҳорат нишон медиҳад, ки чӣ гуна Пешвои миллат ҳамчун ҳомии иқлим, об ва пиряхҳо дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Ин фасл асарро ба як пажуҳиши муқосавии ҳуқуқи байналмилалӣ табдил медиҳад.
Асар бо мундариҷаи муфассал, 2 фасл, 35 боб, хулоса, адабиёт ва истинодҳои дақиқ барои омӯзиши ҳуққуқ, сиёсат ва таърих мувофиқ аст. Он барои донишҷуёни факултетҳои ҳуқуқшиносӣ, унвонҷӯёни илмҳои сиёсӣ ва фалсафа, омӯзгорони мактабҳои олӣ, мутахассисони мақомоти давлати ва омӯзандагони Мактаби давлатдории Пешвои миллат пешбинӣ шудааст.
Хоҳишмандон китоби “Пешвои миллат-Асосгузори ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Масрура Мирзоҳасанова,
сармутахассиси Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.