Доробнома. Достони шӯрангези қаҳрамонӣ
Доробнома яке аз куҳантарин достонҳои омиёнаи форс-тоҷик. «Доробнома»-ро ба Абутоҳири Тарсусӣ нисбат медиҳанд. Аз рўи маъхазҳо Абутоҳири Тарсусӣ дар асри 11 зистааст ва достонҳои ў низ ба он замон тааллуқ доранд. Достонҳое чун «Абумуслимнома», «Искандарнома», «Қаҳрамоннома», «Мусайибнома» ва чанд достони дигар низ ба ў нисбат дода мешаванд.
Рўзгори зиндагии Абутоҳири Тарсусӣ ва пайдоиши «Доробнома» дуруст маълум нест. Дар нусхаҳои дастнависи ривояти туркии «Абумуслимнома» гуфта мешавад, ки Абутоҳири Тарсусӣ ин достонро дар ҳузури султон Маҳмуди Ғазнавӣ (ҳукмронӣ 998-1030) ривоят кардааст. Дар баъзе дастнависҳои достонҳои Абутоҳири Тарсусӣ султон Маҳмуди Ғазнавӣ «султони мозӣ» ёд шудааст, ки ишора ба замони баъди ин султон мекунад.
Дар «Доробнома» наслҳои гуногуни эронӣ ва юнонӣ, рўйдодҳои рўзгори шаҳаншоҳии Ҳахоманишиён (асрҳои 6-4 то мелод) ёд шудааст. Аммо ин ёд бо гузашти солиёни дароз бо пиндорҳои достониву ангораҳои афсонавор чунон омезиш ёфтааст, ки аз тасаввуроти ба ҳақиқат наздики пешиниён ҷуз порчаҳои ҷудогонаи хатти рости сужети воқеаҳои таърихӣ дигар чизе боқӣ намондааст.
Дар «Доробнома» охири давраи достонии таърихи Эрон, давраи Каён мухтасар ёд шудааст: Баҳмани Ардашер писари Исфандёр писари Гуштосп пас аз марги Рустам падари ў Зол ва хешонашро ранҷ медиҳад, аммо зуд худ ба коми аждаҳо фурў меравад. Подшоҳӣ ба духтари ў – Ҳумой мемонад. Ҳумой аз падари худ обистан буд ва аз ў писаре таваллуд мешавад. Ҳумой аз тарси шармандагиву ҳирси тоҷу тахт қасди куштани писар мекунад ва ўро дар сандуқе карда ба об меандозад. Писарро моҳигире аз об гирифта, Дороб ном мениҳаду мепарварад. Дороб паҳлавоне беҳамто ба воя мерасад. Модару писар якдигарро мешиносанд, аммо пеши дигарон роз ошкор намекунанд. Модар ўро ба худ наздик мекунад. Дороб бо бузургон созгор намешавад бо талаби онҳо модар ўро ба куштан медиҳад. Дороб аз дасти ҷаллодон ба муъҷиза раҳоӣ ёфта, сар дар оворагӣ мениҳад.
Дар адабиёти илмӣ ин Доробро, ки достони «Доробнома» ба номи ўст, ба дудмони Каён нисбат медиҳанд, ки нодуруст аст. Ҳарчанд ки давлати Ҳахоманишиён аз шоҳии Куруши Кабир оғоз ёфта буду Дороби достонӣ бо ў монандиҳо дорад, прототипи Дороб, бегумон, бузургтарин намояндаи ин шоҳигарӣ – Дориюши Кабир аст. Ба ин андеша ҷангҳои бардавоми Дороби достонӣ дар ҷазираҳои Юнон ҳидоят мекунанд, ки ў дар ин оворагӣ аз ватан ба анҷом мерасонад. Дороб солҳои дароз дар ҷазираҳои Юнон меҷангад ва тамоми ҷазираҳоро тасхир мекунад. Дар ин ҷо ў аз Тамрусия ном зани юнонӣ писар меёбад ва Доробаш ном мениҳад. Дар ғайбати Дороб қайсари Рум бар Эрон метозад. Дороб аз ин ҳодиса огоҳ шуда, ба Эрон меояд ва румиёнро шикаст медиҳад. Дере нагузашта Ҳумой бар дасти бандии сиёҳе, ки ўро дўст медошт, аммо ком аз ў ёфт, кушта мешавад. Дороб бар тахти Эрон менишинад ва духтари қайсари Рум Файлақус – Ноҳидро ба занӣ мехоҳад, як шаб бо ў зиста, пас ба Румаш мефиристад. Аз Ноҳид Искандар таваллуд мешавад. Ноҳид низ чун Ҳумой аз кўдак рўй метобад. Кўдакро пиразане ёфта, ба Аристотолиси ҳаким медиҳад ва Аристотолис ўро мепарварад. Пас Искандар чун ҳаким ба дарбори Файлақус роҳ меёбад.
Пас аз кушта шудани Файлақус ба дасти писарони худ бар тахти Рум менишинад ва худро писари Дороб мехонад. Чун ин сухан ба Дорои меҳин, ки пас аз марги Дороби аввал бар тахти Эрон нишаста буд, бирасид, Искандарро дурўғгуй хонда, аз ў бож талаб кард. Искандар оҳанги Эрон мекунад ва сипоҳи Эронро шикаст медиҳад. Дороб ба дасти ду хоини эронӣ, ки бо Искандар ҳамзабон буданд, кушта мешавад. Искандар бар тахти Эрон менишинаду зани Дороб – Обондухтро ба зани мегирад. Бештарин неруҳои эронӣ ба Искандар мепайванданд. Аммо Рушанаки духтари Дороб ба Искандар таслим намешавад ва бо ӯ ҷангҳои дуру дароз мекунад.
Аз лиҳози жанр «Доробнома» достони қаҳрамонист ва мавзўи он асосан аз набардҳои паҳлавонону кишваркушоиҳо фароҳам омадааст. Сагузаштҳои ҷангии Дороби аввалу Бўрондухт ҳама аз шамшерзаниву мардафганӣ, бурду бохтҳои ҷангӣ, ки дар партави рўйдодҳои сахт ҷолибу печида мегузаранд, падид омадаанд. Ҳама ҷузвҳои дигари достонӣ, ҳама муносибатҳои миёни персонажҳо дар партави ин моҷароҳо мегузаранд ва ҳал мешаванд. Пиндори мардуми омӣ, диди иҷтимоиву бадеиву эстетикии онҳо аз бадиву некӣ, дўстиву душманӣ, вафодориву хиёнат, мардонагиву пастӣ, додгариву ситамгарӣ ба ин роҳ ифодаи худро меёбанд. Бархўрдҳои на танҳо миёни Доробу душманони ў, инчунин мобайни ўву модари ў, Искандару устодаш Аристотолис, Бўрондухту Обондухти модараш, Бўрондухту Искандар, Доробу Тамрусия, Доробу Меҳрасп, Занглисову Тамрусия ва дигар персонажҳо хуб тасвир ёфтааст.
Шохаи дуввуми хатти сюжети «Доробнома» мавзўи меҳр аст, ки низ дар партави ҳаводиси қаҳрамонӣ инкишофу анҷом меёбад. Ин мавзўъ дар мисоли меҳри Тамрусия ба Дороб нигошта шудааст. Тамрусия занест, ки аз баҳри шоҳиву фарзандону хешон гузашта, сар дар пои Дороб мениҳад ва ҳама гуна ранҷу сахтиҳоро дар ин роҳ паси сар мекунад.
Занҳои шеркирдори ватандўст дар ҳамосаи миллии эронӣ пойгоҳи баланд доранд, ки бузургтарин намунаи он Гурдофариди Фирдавсист. Бўрондухти меҳанпараст, ки дар кўшиши эронхоҳӣ ҳатто модари худ Обондухтро зоркўш мекунад, дар дили шунавандагону хонандагони достон ҳисси ватандўстӣ падид меоранд ва бар хоиноне, ки даст аз набард кашидаву хидмати душман гузидаанд, нафрату безорӣ бармеангезанд. Ин ҳама хусусиятҳо «Доробнома»-ро яке аз беҳтарин ёдгориҳои давраи аввали достонсароии омиёна кардаанд.
Муаллиф: Қ. Чиллаев
Бозчоп аз «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик». – 2017. – Ҷ.6. – С. 153 – 154.
Шуъбаи библиографияи миллӣ.