“Доробнома»-и Беғамӣ
Доробнома яке аз калонтарин достонҳо дар адабиёти омиёнаи форс-тоҷик. Гузориш ва таълифи Муҳаммад ибни шайх Аҳмад ибни мавлоно Алӣ ибни Ҳоҷӣ Муҳаммад, машҳур ба Беғамӣ. Аз ҷараёни зиндагиву фаъолияти ин достонсаро маълумоте нест. Доробномаро соли 1483 Маҳмуди Дафтархон ном котибе таҳрир кардааст.
Достони Беғамӣ аз «Доробнома»-и Тарсусӣ навтар аст ва шояд асрҳои 14-15 пайдо шуда бошад. Ҳатто дар рўзгори Ҳахоманишиён пиромуни номи Дориюши Кабир, ки ба дурустӣ прототипи қаҳрамони «Доробнома» аст, достону ривоятҳои фаровон падид омада буданд. Бисёре аз ин достону ривоятҳо то ба рўзгори Сосониён расида ва сабт шудаанд, ки ба тавассути он осори қадим то ба рўзгори адабиёти нави форс-тоҷик расиданд. Дар бораи яке аз он достонҳо – «Дорову бути заррин», ки дар забони паҳлавӣ вуҷуд дошт, Ибни Надим дар «Феҳрист»-и худ ёдовар шудааст.
Дар бунёди «Доробнома» маҳз чунин ривояту достонҳо гузошта шудаанд. Қаҳрамони бунёдии «Доробнома» Фирўз писари Дороб аст, аз ин рў мебоист, достон «Фирўзшоҳнома» ё «Фирўзнома» ном мегирифт. Дар тарҷумаи арабии достон, ки соли 1946 дар Миср ба чоп расидааст, «Доробнома» – «Қиссаи Фирўзшоҳ ибни малик Дороб» ва дар тарҷумаи туркӣ, ки дар нимаи дуввуми асри 16 Солеҳ ибни Ҷалол ном шахсе барои султони Туркия Салимхон кардааст, «Қиссаи Фирўзшоҳ» ном дорад.
Саргузаштҳои достон ба завқу талаботи бадеӣ, хосту орзуҳои ҳунариву эстетикии оммаи мардум ҳамсозӣ мекард. Муҳтавои достон иборат аз саргузашти пурмоҷаро, набардҳои паҳлавонон, меҳрҷўиву пойдорӣ ва амсоли он мебошад. Бархўрди оғозии «Доробнома» дар бораи меҳру муҳаббат аст, ки ин худ достонро аз пайгирии таърихӣ дур медорад. Дар айни замон дўстиву душманиҳои Фирўзшоҳ бо деву париён, тилисмшиканиҳои ў достонро рўҳияи афсонавӣ бахшидааст.
«Доробнома», чунонки яке аз шигифтҳои бисёре аз достону ҳикоёти омиёнаи тоҷикист, аз фарзандхоҳии шоҳи бефарзанд Дороб оғоз меёбад. Пас аз тасхири Ҳалаб, Шом ва Димишқ аз тарафи эрониён ҷанг бо Рум оғоз меёбад. Сипоҳи Эрон Румро фатҳ мекунад. Пас аз ин, саргушатҳои Фирўзшоҳ дар миёни деву париён оғоз меёбад. Ҷилди дуввуми достон бо воқеаи дар миёни париён будани қаҳрамони асосӣ ба поён расидааст. Аз саргузашту ҳодисаҳои пасини достон ба сабаби нашри комил нагардидани он огоҳ нестем.
Муаллиф: Қ. Чиллаев
Бозчоп аз «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик». – 2017. – Ҷ.6. – С. 153.
Шуъбаи библиографияи миллӣ.