Достоне, ки бори аввал чоп мешавад. Салмони Соваҷӣ: “Ҷамшед ва Хуршед”

Китоби мазкур зери назари номзади илмҳои филологӣ, дотсент Комилҷон Саидолим ба тозагӣ чоп шудааст. Онро доктори илмҳои филология, профессор Умринисо Казакова таҳия ва ба он сарсухан навиштааст.

Умринисо Казкова навиштааст, ки Салмонӣ Соваҷӣ дар адабиёти форсу тоҷик  мақоми босазо ва муассире дорад. Номи пурраи Салмон Ҷалолиддин Хоҷа Салмон ибни Хоҷа Алоуддини Муҳаммади Соваҷӣ мебошад. Ӯ соли 1310-и милодӣ дар шаҳри Соваи Эрон ба дунё омаддаст. Айёми кӯдакӣ ва таҳсили ибтидоии вай дар зодгоҳаш гузаштааст. Дар ин айём илмҳои маъмули замонашро аз худ менамояд.

Салмон аз беҳтарин донандагони забон ва адабиёти араб буда, ашъори шоиронаи машҳури араб Ҳассон ва Абузарро хуб медонистааст. Падари шоир Хоҷа Алоуддин Муҳаммади Соваҷӣ ном дошт, ки марди фозилу сиёсатмадори замон ба шумор мерафт. Ӯ аз истеъдоди фавқулодаи писараш пай бурда, ӯро ба дарбор наздик месозад. Ҳамин тавр, Салмон аз ҷавонӣ ба хидмати вазири номии он замон Хоҷа Ғиёсиддин Муҳаммад дохил мешавад. Хоҷа Ғиёсиддин вазири хирадманд ва хайрандеш буд. Бино бар ин, Салмон дар ҳаққи ӯ мадҳияҳо гуфтааст. Соли 1335 Абӯсаиди Элхонӣ вафот мекунад, дар мамлакат бесару сомонӣ ва кашмакашиҳои ҳокимони маҳаллӣ барои тоҷу тахт авҷ мегирад. Вазири Хоҷа Гиёсиддин, ки ягона пушту паноҳи Салмон буд, қурбони ин задухӯрдҳо мегардад. Баъд аз вафоти вазир ҳам Салмон зиндагии худро дар Бағдод давом медиҳад. Ӯ ба номи амир Алӣ ва баъдҳо ба номи Ҳасани Ҷалоир, ки пайи ҳам валиаҳади Бағдод шуда буданд, қасидаҳо бахшидааст.

Ҳаёти минбаъдаи шоир дар дарбори Ҷалоириён мегузарад. Шайх Ҳасани бузург ва завҷааш Дилшодхотун ба шоир илтифот мекарданд, вайро ҳамчун шоири дарборӣ дар ҳузури худ нигоҳ медоштанд ва нисбати ӯ хайрхоҳ буданд. Вале Салмон дар дарбор худро озод ҳис намекард, ғайр аз ин, тарбияи шоҳзода Увайс ба уҳдаи вай буд. Аз ин бармеояд, ки Салмон ҳеҷ фурсати аз дарбор ҷудо шудан надошт ва солиёни дароз дур аз хешу ақрабо дар шаҳри Бағдод зиндагӣ мекард. Аксар вақт ӯро барои рафтан ба зодгоҳаш иҷозат намедоданд ва аз ин вазъ шоир дар қасида ва ғазалтиёташ шикоятҳо мекунад…

Идомаи муқаддима, шарҳи мухтасари достони “Ҷамшед ва Хуршед” ва худи достонро пурра метавонед дар китоби ёдшуда дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.