Достоне саропо ҳувият ва ғурур…

 Китоби шоир ва рӯзноманигори тоҷик Давлат Сафарро, ки таҳти унвони “Достони Роғун” ба тозагӣ нашр шудааст, чун таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба осори адабӣ, варақ задам. Ин достони манзум бо шаклу усули хос рӯи чоп омада, аз як ҷиҳат нишондиҳандаи заҳмати фаровони ноширони мо бошад, аз сӯи дигар баёнгари боло рафтани санъати табъу нашр дар Тоҷикистони азиз аст.

Гузашта аз ин, худи достон маро ба дунёи афкори дуродур раҳнамун кард. Ба дунёи таърихи пуртаззоди миллат, тамаддуни фарогири тоҷик, фалсафа, ҳикмат, набардҳо ва муборизаҳои азими миллати тоҷик барои ҳастӣ ва нестии худ дар якқадамии сарзамини таърихию аҷдодияш.

“Достони Роғун”-ро агарчи “китоби мусаввир” ҳам гуфтаанд, аммо достон саропо эҳсос, дард, ғурур, фараҳ ва ҳувият аст. Ин китоб на танҳо баёнгари созандагии гидроэнергетикӣ дар кишвари дорои сарватҳои обиямон аст, балки таҷассумгари иродаи қавии миллат, иттиҳоду ҳамбастагӣ дар атрофи як Пешво барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва тасвири машаққатҳои Роҳбари давлат барои мутақоид кардани ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи эъмори ин пружаи миллӣ мебошад.

Китоби устод Давлат Сафар – “Достони Роғун”, ба маънои дигар тасвири таърихи навини Тоҷикистони озод, ҳувияти ватандорӣ, созандагӣ, худсозӣ ва иттиҳоду ҳамбастагиро бо назми равон баён намуда, як бахши асосии созандагии кишвар, як рукни муҳими давлатдории миллӣ ва як муборизаи амиқро барои ҳифзи ҳаққу ҳуқуқҳот худ ва ҳифзи истиқлолияти энергетикӣ баён доштааст.

Аз ин зиёд намегӯям то таҳвили афкор болои хонандагони гиромӣ нашавад, аммо дар фарҷом чанд байте аз Достонро манзур менамоям ва ба муаллиф сипоси фаровон барои як Шоҳномаи навин мегӯям.

Замине муборак ба домони кӯҳ,

Саросар баландӣ, саропо шукӯҳ.

Сарозер аз он чашмаҳои зулол,

Ба домони дашту ба болои ёл.

Раҳи об нуру раҳи хок нур,

Заминро кушояд зи афлок нур.

Зи нур аст хоно хати сарнавишт,

Зи нур аст ифшо каси хубу зишт.

Зи нур аст оташ, зи нур аст об,

Зи нур аст ин хокро обу тоб.

Зи нав сохт бояд Ватанро, зи нав,

Барояш тану ҷон бубояд гарав.

Аз  ин ҷумла Роғун сароғоз шуд,

Ки ҳар қатра обаш пур аз роз шуд.

Агар чархи Роғун бичархонд сар,

Бичархонд чархи қазову қадар.

Мухолиф ба Роғун набуд андаке,

Кашиданд нақша чунон ҳар яке.

Ки неруву нур асту сармоя аст,

Ба ҷуз Тоҷикистон ба ҳамсоя аст.

Пайи ҳам камазҳо мисоли ҳамел,

Чу як корвоне равона чу сел.

Сафи мошинон ҳам пур аз бори санг,

Биёвард миллат адуро ба танг.

Зарур аст биафтад дар ин корзор,

Дар ин ҷабҳаи нангу номусу ор.

Муҳаммадиқбол Атоев