Достони асп дар китоби таърихии Пешвои миллат. Қаноати мард ва сутуни пойдори давлат
Аз солҳои кӯдакӣ мардеро медонам, ки аспбозу асппарвар буд. Саманде дошт болобаланду пешонақашқа ва чашмонаш чун чашмони оҳу бозингар. Мард ин аспро аз овони тойкӯрра буданаш дастомӯзу парвариш намуда, ба тақлиди Рустами достон Рахш ном гузошта буд. Той аз солҳои аввал ба мард он қадар унс гирифта буд, ки аз дунболаш ба ҳар куҷо мерафт ва дар остони хона истода соатҳо баромадани соҳибашро интизор мешуд. Ин мард аспашро тавила намекард ва бар гарданаш банд ҳам намебаст. Ҳар гоҳе, ки “Рахш” гуфта овоз медод, аспи саманд дар куҷое бошад, овози соҳибашро шунида сӯяш меомад.
Вақтҳое, ки тирамоҳ сардтар мешуд, мард ба самандаш савор шуда сӯйи теппаҳо медавонд ва ба асп машқи давидан медод. Мо ба тамошои машқи ӯ ҳавас доштем. Мард бо маҳмези пой, задани даст ва баланд кардани овоз давидани аспро сусту тез мекард, дар сари шасти давидан чапғалат андохтанро ёд медод.
Рахш ба ҷавониаш нигоҳ накарда дар мавсими аввали бузкашӣ ном баровард. Аҷибаш он буд, ки ҳангоми хам шуда аз замин бардоштани буз асп ҳам қадре хам мешуд, човандозҳоро ақиб гузоштаву чапғалат андохта, соҳибашро ҷойи ҳалолкунӣ мерасонд. Мард чандон човандози номдор набошад ҳам, бо шарофати аспи машқдидааш қариб бузкашие набуд, ки ду се бор барор накунад. Харидорони Рахш торафт меафзуданд. То ҷое, ки яке аз талабгорон ба ин мард мошини “Волга” пешниҳод намуд, то бар ивази он аспашро бигирад. Вале мард таклифи ӯро рад намуда гуфт, ки ман аспамро ба даҳ мошин ҳам намедиҳам.
Аз миён чанд сол гузашту бо амри сарвари онвақтаи Иттиҳоди Шӯравӣ Никита Хрушов маъракаҳои аспгирӣ оғоз гардид. Одамонро маҷбур мекарданд, ки ба ивази пули ночизе аспҳояшонро бурда супоранд. Овозае буд, ки ин аспҳоро кушта гӯшташонро дар яхдонҳои калон захира мекунанд. Мард самандашро савор шуда куҷое ғайб зад ва ҳафтае набуд, ки намояндаҳои масъули ноҳия барои бурдани аспи ӯ наоянд. Вале онҳо аспу соҳибашро наёфта ноумед бозмегаштанд.
Аз қазо нақшаи супурдани асп буд нашуд ё роҳбари аввали ноҳия ба қаҳру ғазаб омад, ки чанд савора ба кофаи ин марди якрав ва аспи саманди ӯ баромаданд. Оқибат аспу соҳибаш дастгир шуд. Манзараи ба мошин бор кардани аспу нолаҳои соҳибаш хеле аламангез буд. Аспро бурданд ва соҳибаш аз дунболи саманд ба арзу додхоҳӣ баромад. Ӯ то куҷо рафту нарафт, чандон намедонам, вале ҳаминаш ба ёдам мондааст, ки дар лабони ин мард дигар хандаро намедидем. Бачаҳо мегуфтанд, ки ӯ ба теппаҳои беодам баромада дар ҳасрати самандаш зор-зор мегиряд.
Ҳангомаҳои аспгириву “фароврнии гӯшт” гузашт, вале ҳанӯз ҳам шиҳаи Рахши камандпеч ва нолаҳои соҳибаш дар гӯшам садо медиҳанд. Солҳо меандешидам, ки меҳру ихлоси мардуми тоҷик ба асп аз куҷо сар шуда бошад. Медидам, ки бо вуҷуди ҳама ситезаҳои манъкунии парвариши асп мардум боз аз куҷое байталу той ёфта, онро қариб пинҳонӣ нигоҳубин мекарданд. Ин амри боло, ки ба рӯзгори мардуми куҳаншини мо созгор набуд, чандон дер напоид. Боз асп зеби хонадони марди тоҷик гардид. Вале оқибатҳои ногувори он амали мардкуш то кунун чун захми дардноке дар синаҳои мардум боқист.
Воқеан, зиндагии мардуми тоҷик тарзе сурат гирифтааст, ки онро беаспу улавҳои саворӣ тасаввур кардан мушкил аст. Ниёгони мо аз қадим мегуфтанд, ки аспи хубу зани хуб қаноати мард аст. Ва шояд ин ҳикмат аз он сар зада бошад, ки асп дар тӯли садсолаҳову ҳасзорсолаҳо ёру ёвари бебадали халқи тоҷик буд. Лаҳзаҳое, ки душман ҳамла меовард, гурдону размоварон савори аспҳои ҷангӣ роҳи майдони набардро пеш мегирифтанд, истиқлолияту озодӣ ва ҳар ваҷаб хоки Ватанро ҳифз мекарданд. Садои шиҳаи пурғулғулаи аспон бо овои бархӯрдани шамшеру гурз ва амуду найзаи паҳлавонон баробар баланд мешуд, ки тасвири ин майдондориву корзорҳоро касе аз Фирдасӣ ва “Шоҳнома”- и ҷовидонаи ӯ беҳтар ба қалам наоварадааст. Гӯё аспҳои размовар дар сафи ҷаҳонпаҳлавонон барои ҳифзи кишвар талош меварзиданд. Асп дар тӯли асрҳо қаноати мардони размовару деҳқонони хокпош буда, рамзи устувории давлат ва осудагии кишвар ба шумор мерафт.
Зоти аспҳои почадарозу бидави бохтарӣ барои вусъат ёфтан ва устувор шудани давлату давлатдории Бохтари қадим ва ташаккули миллати тоҷик хидматеро анҷом додааст, ки заврақҳои бодбонии финикиҳо ва юнониён барои пешрафти баҳрнавардӣ ва инкишофи тамаддуну давлатдории Юнону Финикия кардааст. Аспҳои бохтарӣ урдуи лашкари савораро падид овард, боиси такмили яроқҳои ҷангӣ гардид, усулҳои ҷанг ва санъати лашкаркаширо тавсеа бахшид. Ба қавли Б. Ғафуров “Дар ҳазораи 1 пеш аз милод дар Осиёи Миёна ва даштҳои Авруосиё савораи вазнинсилоҳи ҷавшанпӯш, кулоҳхӯд бар сар ва баргустувон дар асп тимсоли марди мусаллаҳ гардида буд. Баъдтар ин навъи аслиҳаҷот дар Эрон ва Осиёи пеш ҳам паҳн мешавад, ки мавҷудияти он дар ин маҳалҳо ба василаи санадҳои охири асри V пеш аз милод тасдиқ гардидааст».
Аспҳои бохтарӣ дар таърихи давлатдории Бохтари Қадим нақши хеле бузург бозида, барои вусъат додани ҳудудҳои сарҳад, мутеъ намудани кишварҳои ҳамсоя, зада гардондани ҳуҷумҳои аҷнабиён, таъсис додани урдуи лашкари савора ва ғайра мусоидат намудааст. Маҳз ҳамин аспҳо буданд, ки лашкаркашиву кишваркушоиҳо то ҳудуди смарзамини Ҳинду Чин вусъат ёфт. Маҳз ҳамин аспҳои бохтарӣ буданд, ки сарзамини дар чорсӯи лашкаркашиҳо қарордоштаи Бохтарро аз ҳамлаи пайдарпайии душманон эмин дошт. Маҳз ҳамин аспҳои бохтарӣ буданд, ки инкишофи тиҷорат ва иқтидори иқтисодии мамлакатро пуштибонӣ намуда, Бохтари қадимро дар сафи давлатҳои абарқудрати Мисру Бобулу Ошур гузоштаанд, Шоҳроҳи лоҷувард ва дигар роҳҳои корвонгузарро ба кишварҳои Машриқу Мағриб пайвастанд. Маҳз ҳамин аспҳои бохтарӣ буданд, ки дар илми лашкаркашӣ стратегияи ҳамлаи барқворро афзуда, санъати ҷанг саҳифаҳои нав кушоданд.
“Дар Осиёи Миёна, – қайд мекунад академик Б. Ғафуров, – аз рӯйи навъҳои қӯшун ба қисмҳо ҷудо кардани қувваҳои аскарӣ маъмул буд. Ҳар яки ин қисмҳо алоҳида саф ороста, баъзан дар вақти ҳуҷум ба ҳам ҷафс мешуданд ва паси ҳам қарор гирифта, қувваи бузурги ҳамлаовареро ташкил медоданд. Дар баробари ин боз як усули тактикӣ – ақибнишинии стратегӣ мавҷуд буд: қӯшуни савора дар вақти ҳуҷум якбора ақиб рафта, аз самти дигар барқвор зарба мезад. Умуман, рамзи ҳуҷум бо фурӯ рехтани қӯшуни савора сар мешуд, ки мудофиаккунандагон онро аввал аз тиру найза пешвоз гирифта, сонӣ, баъди тамоман наздик шудан ба ҳамлаи қатъӣ мегузаштанд ва ниҳоят тан ба тан ҷанг карда, душмани рӯ ба гурез ниҳодаро таъқиб менамуданд. Дар лаҳзаи ҳалкунанда қувваи эҳтиётӣ ба майдон дароварда мешуд”…
Бозчоп аз китоби Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оини таърих. Аз Ориён то Сомониён”. Иборат аз чаҳор китоб. – Китоби якум. – Душанбе: Ирфон, 2009. – 704с.
Таҳияи Марзия Зардодхонова
корманди Медиатекаи Презиедентӣ.