Достони ишқи Робиаи Балхӣ
Ин достони шӯрангез дар гузашта аз тариқи қаламкашони зиёд дар шакли достонҳои ривоятӣ нақл шудааст. Академик Евгений Бертелс дар “Таърихи адабиёти форӣ-тоҷикӣ”-и худ зимни баёни шарҳи ҳоли Робиаи Қуздорӣ, духтари Каъби Қуздорӣ дар бораи фоҷеаи ишқи нокоми ин чакомасарои маъруф менависад:
Ризоқулихон дар “Маҷмаъ-ул-фусаҳо” пас аз бозгӯии додаҳои Авфӣ беёдоварии сарчашма огоҳии зерро дар бораи ин шоир медиҳад, ки падараш Каъб ва табораш тозӣ буд, дар Балх дар мартаба ва дар Қарздор фармон меронд. Духтари Каъб, Робиа аз номи ифтихории (Зайнулараб), озини тозиён бархӯрдор буд. Сипас, Ризоқулихон сухан аз ишқи ин духтар ба ғуломе ба номи Бектош ва марги фоҷиаомези Робиа меоварад ва менависад, ки ин достонро ба шеър дароварда ва номи манзумаро “Гулистони Ирам” ниҳодааст. Ризоқулихон мегӯяд, ки Робиа ҳамдавраи Рӯдакӣ будааст. Акнун бар мо рашан аст, ки огоҳиҳои Ризоқулихон аз куҷост. Дар бахши бисту якуми манзумати Фаридуддини Аттор достоне аст ба номи “Достони Амири Балх ва ин, ки ҷӣ гуна духтараш ошиқ шуд”. Ин достон дар асос чунин аст: Дар Балх Амири тавонманд фармон меронд, ки номаш Каъб буд. Писари зебое дошт ба номи Ҳорис ва духте моҳрӯй ба номи Зайнулараб, ки бисёр хуштабъ буд ва шеърҳои нағз месуруд. Чун Каъб дарёфт, ки маргаш фаро расидааст писарро фаро хонд ва ғамхориву тимории хоҳар ба ӯ супурд. Ҳорисро ғуломе буд моҳ ва ном онро Бектош, ки бисёр гиромиаш медошт ва нигаҳдори хизонааш буд. Рӯзе ҳангоме, ки баҳор фаро расид, дар боғи дарбор дар болои айвони бузург базме оростанд. Робиа болои боми кох шуд, то базмиёнро бингарад нигоҳаш ба Бектош афтод ва дил ба ӯ бохт. Кӯшид ғами худ пӯшида дорад, аммо ишқи духтарак чунон сахт буд, ки ба бистари беморӣ афтод. Пизишконро фаро хондаанд, аммо натавонистанд коре кунанд. Робиа, ки дигар наметавонист ишқи худро пинҳон кунад, рози хешро бо доя дар миён ниҳод ва ба дасти ӯ номае барои Бектош фиристод, ки сурати хешро ҳам нигошта дар он гузошта буд. Ҳамин ки чашми чашми Бектош ба нигораи он моҳрӯй афтод ба як дам дил аз дасташ бурун шуд ва бо ҳамон доя паёме барои, Робиа фиристод. Робиа, ки сармасти ишқ буд бо сурудани шеърҳое оташин ва фиристоданашон барои Бектош аз дарди хеш мекост.
Рӯзе ба тасодуф ин ду дилдода бо якдигар дар даҳлези кох рӯбарӯ шуданд, Бектош домани духтарак бигирифт ва Робиа ба ин андеша, ки ғуломе бесарпо набояд ба духти Амир, инчунин густох шавад пархошкунон ӯро аз худ ронд. Пас аз ин оташи ишқи Бектош фурӯзонтар шуд ва Робиа ба сурудани шеърҳои хубтар оғоз кард. Духтарак ҳамаи рӯз дар чаманҳо мечамид ва чакомаҳои хешро замзама мекард. Алқисса, душман ба хиттаи фармонравоии Ҳорис тохтан мегирад ва Амири ҷавон, баночор ба ҷанг меравад. Ӯ низ дар ҷомаи сиёҳе дар паи сипоҳи бародар ба роҳ меафтад. Дар набарди хунин, Бектош заҳмӣ мешавад ва чизе намемонад, ки ба дасти лашкари душман афтад, Робиа сар мерасад ва ӯро наҷот медиҳад.
Сипоҳи Амири Бухоро ба ёрии Ҳорис мешитобад ва ӯ бо ёрии инон душманро дарҳам шикаста яксара пирӯз мешавад. Бектош мекӯшад дарёбад, ки кадом гурди диловаре ӯро аз ваҳлука вораҳонидаааст, аммо равшан мешавад, ки ҳарчанд ҷангҷӯеро дидаанд, лекин касе ӯро нашинохтааст, Робиа дар номае кори худро бар Бектош бозмегӯяд. Рӯдакӣ ба Балх меояд касе чакомае аз Робиа ба шоири бузург менамояд. Рӯдакӣ бо дидани ин шеър гарми дилнишин дармеёбад, ки сарояндааш сахт бар касе дил бохтааст. Пас аз чанде Ҳорис ба Бухоро меравад, то аз ёрии Амир ба ҳангоми ҷанг сипос гӯяд. Амир барои ӯ базме бузург меорояд. Рӯдакӣ дар базм чакомаи хешро бозмехонад ва ҳамин ки шунавандагон ба рӯ офарин мегӯянд сар меҷунбонад ва мегӯяд шеърҳои ӯ дар ҳамсанҷӣ бо чакомаҳои дӯшизае аз Балх, ҳеҷ ва беарзиш аст. Аз вай мехоҳанд, ки шеъре аз вай бихонад ва ӯ мехонад. Амир аз шунидани он дар шигифт мешавад ва мепурсад, ин духтар кист? Рӯдакӣ намедонист, ки Ҳорис бародари Робиа аст ва барои ҳамин ҳам, бепарда ҳар он чиро, ки дар Балх аз ишқи ӯ ба Бектош шунида буд бозмегӯяд. Ҳорис ҳам ба абрӯ намеоварад, ки сухан аз хоҳари ӯст аммо ҳамон дам бар он мешавад, ки агар рост бошад вайро ба сахтӣ кайфар диҳад. Бектош ба расми он рӯзгорон дар чодаре бо ғуломи дигар мезист. Ғулом дарёфта буд, ки ӯ сандуқе дорад, ки чун мардумаки чашм онро посдорӣ мекунад.
Ӯ гумон мекунад, ки дар он сандуқ бояд чизе гаронбаҳо бошад, бо бархӯрдорӣ аз набудани Бектош сандуқро мерабояд. Онро мегушояд аммо мебинад, ки дар он чизе нест ҷуз навиштаҳое бар рӯи қоғазҳо бояд чизе гумонбарангез бошанд, сандуқу қоғазҳоро назди Амир меоварад. Пас бар Ҳорис исбот исбот мешавад, ки Рӯдакӣ дар базм рост мегуфта аст. Фармон медиҳад, ки Бектошро ба сиёҳчол бияндозанд. Дилдорашро ҳам ба гармобаи доғ мебаранд ва шоҳрагашро боз мекунанд ва сипас дари гармобаро ба гил мегиранд. Робиа дар дами марг ҳам бо хуни худ бар девор шеър менависад. Бектош аз зиндон мегурезад худро ба кох мерасонад, Ҳорисро мекушад ва дар канори даромадгоҳи гармоба ханҷаре ҳам бар ҷигаргоҳи хеш мезанад ва гармоба оромгоҳи ду дилдода мешавад.
Бегумон ҳамин достони Аттор сарчашмаи асосии Ризоқулихон будааст. Наметавон ба ин достон аҳамияте таърихӣ дод, аммо бояд ёдоварӣ кард, ки падид омадани романи густарда дар бораи Робиа дар садаи дувоздаҳуми масеҳӣ нигариши бузург ба шеърҳои ӯро мерасонад. Гузашта аз ин пайдост, ки барои нависандаи таърихи адабиёт бисёр аҳамият дорад равшан созад, ки дар ин даврони оғозин ҳамаи нахустинаҳои роман дар адабиёти порсӣ ёфт шудааст.
Аз шеърҳои Робиа ҷуз андаке намонда, аммо он чи ки то ба рӯзгори мо расидааст, саршор аз гармиву садоқате аст, ки бо ғазалҳои ошиқонаи суннатӣ тафовут дорад.
Аз китоби Евгений Бертел “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” таҳияи Малика Абдуллоева, Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ.
Китоби мазкурро дар шакли комил дар телеграмканали сомонаи Китобхонаи миллӣ бо ин суроға метавонед мутолиа намоед: Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ»
Маврид ба ёдоварист, ки китобҳо аз силсилаи «Тоҷнома» бо ҳидоят ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашр мешаванд.