Ду физикдони машҳур бо як ном ва ҳарду барандаи Ҷоизаи Нобел

Ин ду нафар, ки яке аввали асри бистум дар ИМА таваллуд шуда,  85 сол умр дидааст ва дуюмӣ низ дар ҳамин кишвар соли 1923 ба дунё омадану 96 сол зиндагӣ кардааст, аз ҷумлаи физикдонҳои машҳури ола манд, ки ба дарёфти Ҷоизаи Нобел мушарраф шудаанд.

АНДЕРСОН КАРЛ ДЕЙВИД физики америкоӣ 3.9.1905 дар шаҳри Нию-Йорк ба дунё омадааст. Соли 1927 Донишкадаи технологии Калифорнияро хатм карда, сипас дар худи ҳамон ҷо дарс гуфтааст, аз соли 1939 профессори донишкадаи мазкур аст. Таҳқиқотҳояш асосан ба омўзиши гамма-афканишот, шуоъҳои рентгенӣ ва кайҳонӣ бахшида шудаанд.

Таҳти роҳбарии Р. Милликен ба омўзиши шуоъҳои кайҳонӣ оғоз кард. Дар натиҷаи таҳқиқот изҳои ғайриоддии зарраи массааш ба массаи электрон баробар ва зарядаш мусбат ошкор сохт. Ин кашфиёт, ки соли 1932 эълон шуда буд, ақидаҳои назариявии Пол Диракро оид ба мавҷудияти позитрон собит намуд.

Андерсон  бори аввал мавҷудияти позитронро бо роҳи бо гамма-афканишот нурборон кардани карбиди торий (ThC) ва маводи дигар бевосита исбот кард, ки боиси ба вуҷуд омадани ҷуфтҳои электронию позитронӣ гардиданд. Барои ин кор Андерсон соли 1936 бо Мукофоти Нобел (якҷо бо В. Ф. Гесс) сарфароз гардид.

Ҳамон сол Андерсон бо шогирдаш С. Недермейер мюонро кашф кард, ки солҳои тулонӣ бо номи мю-мезон маълум буд.

Андерсон  дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар соҳаи техникаи ракетӣ таҳқиқот бурдааст.

Андерсон Карл Дейвид 11.1.1991 дар шаҳри Сан-Маринои иёлати Калифорния вафот кард.

АНДЕРСОН ФИЛИП УОРРЕН – физики америкоӣ 13.12. 1923 дар Индианаполис таваллуд ёфтааст. Дар соҳаи физикаи назариявӣ таҳқиқот мебарад.

Соли 1953 Донишгоҳи Гарвардро хатм кардааст. Солҳои 1967-1975 профессори физикаи назариявии Донишгоҳи Кембриҷ буд. Аз соли 1984 то кунун прафессори Донишгоҳи Принстон аст.

Татқиқоташ асосан ба фавқунноқилият, фавқулҷоришавӣ, хусусиятҳои магнитии ҷисмҳои сахт ва химияи квантӣ бахшида шудаанд.

Татқиоти Андерсон роҷеъ ба ноқилияти маводи аморфӣ асоси назариявии бунёди сохторҳои магнитӣ ва номураттабии системаҳо, аз ҷумла нимноқилҳои аморфиро ташкил дод.

Солҳои 1949-1984 дар лабараторияи ширкати Белл дар Нию-Ҷерсӣ оид ба масъалаҳои физикаи муҳитҳои конденсатсияшуда кор кардааст.

Андерсон барои таҳқиқот оид ба сохтори электронии магнитӣ ва  сохторҳои номураттаб, ки боиси инкишофи калидҳои электронӣ ва афзори ҳофизаи компютерҳо гардид, сазовори Ҷоизаи Нобел гаштааст.

Энсиклопедияи миллии тоҷик. Душанбе. – 2011. – Ҷ. 1. – С. 445.

Муаллиф: М. Давлатов.

Таҳияи Моҳрухсор Сархатова.

Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ