Ду ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: Таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ

Ду ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: Таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ

Дастури библиографии “Ду ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: Таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ” маҳсули талошу заҳмати ҳамкоронамон аз Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда,  зери назари доктори илмҳои педагогӣ, профессор Лутфия Абдулхолиқзода чоп шудааст.

Дастурро Масрура Мирзоҳасанова мураттаб кардааст,  вазифаи муҳарририи китобро Абубакр Маннонзода ба уҳда дошта, Зафар Сайидзода муҳаррири техникист.

Ба китоб Муҳаммадиқбол Атозода тақриз навиштааст.

Дар пешгуфтор мехонем, ки Феҳристномаи «Ду ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: Таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ» яке аз феҳристҳои муҳим ва саривақтӣ барои кори китобдорӣ ва китобхонаҳо маҳсуб меёбад. Ин феҳрист дар шароити кунунӣ, ки энергетика ва коммуникатсия ба масъалаҳои калидӣ дар минтақа ва ҷаҳон мубаддал шудааст заминаи мусоидеро барои муҳаққиқон, пажӯҳандагони ин ду риштаи муҳим дар пайдо намудани сарчашмаҳои илмию таърихӣ фароҳам менамояд.

Нишондиҳандаи библиографии «Ду ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: Таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ» солҳои (2000-2024) инъикосгари фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт мебошад.

Нишондиҳандаи мазкур аз ду боб иборат буда, боби аввал “Таъмини истиқлолияти энергетикӣ” ва боби дуюм “Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ” номида шудааст. Ҳар як боби он дорои санадҳои меъёрию-ҳуқуқие, ки ба ҳадафҳои мазкур тааллуқ доранд ба тасвиб расидааст.

Дастур аз мундариҷа, пешгуфтор, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, осори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханрониҳо ва муроҷиатномаҳои Пешвои миллат, асарҳо доир ба ду ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, манбаи электронӣ ва зерқисмҳо, ки ба таври алифбоӣ ҷобаҷогузорӣ шудаанд иборат буда, дар он 1064 мавод гирдоварӣ шуда, аз 303 саҳифа иборат аст.

Дар боби якум “Таъмини истиқлолияти энергетикӣ” қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон – 5 адад, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 адад, қарорҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 7 адад, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2 адад, қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 4 адад, қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 6 адад, қарори Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 адад, қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 3 адад, Осори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – 21 ҷилд, (ба забони русӣ-18 ҷилд) Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 26, (ба забони русӣ-18) суханрониҳо, муроҷиатномаҳои Пешвои миллат – 87, мулоқот – 36, сафарҳои Президент дар дохили мамлакат – 49, ифтитоҳи иншоотҳо – 7, навид – 87, Асарҳо доир ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ дар мамлакат – 20, мавод дар саҳифаҳои нашри даврӣ, ғайридаврӣ ва давомдор – 109, манбаи электронӣ –129 инъикос гардидаанд.

Боби дуюм “Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ” қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон – 3 адад, қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 4, қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 5, қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 8, қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2, қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2, қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2, суханрониҳо, муроҷиатномаҳои Пешвои миллат – 116, сафарҳои Президент дар дохили мамлакат – 38, мулоқотҳои Пешвои миллат – 26, ифтитоҳи иншоотҳо – 17, навид – 84, асарҳо доир ба раҳоӣ аз бунбасти каммуникатсионӣ – 2, мавод дар саҳифаҳои нашри даврӣ, ғайридаврӣ ва давомдор – 50, манбаи электронӣ – 74 маводро дар бар мегирад.

Бояд тазаккур дод, ки феҳрист дар заминаи махзани Китобхонаи миллӣ, саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва нашрҳои алоҳида, саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ таҳия гардида, мураттиб маводи ҷамънамударо тибқи замони чопи асарҳо ва дар дохили он бо тартиби алифбоӣ ҷобаҷо намудааст.

Нишондиҳандаи библиографии таҳиягардида барои муҳаққиқону коршиносон ва оммаи васеи хонандагон ҳамчун дастур ва раҳнамои илмӣ ёрӣ хоҳад расонд.

Китоби мазкур дар Конференсияи байналмилалии илмӣ – назариявии “Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳуввиятофари миллат” ҳамчун тӯҳфа ба меҳмонҳо тақдим карда шуд.

Масрура Мирзоҳасанова

Медиатекаи Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон