Ду Каломии Лорӣ дар адабиёти форсу тоҷик

Адабиёти классикии форсу тоҷик ду Каломии Лориро мешиносад, ки ҳарду ҳам аз мардумони Лори Форс буда, яке Муслиҳуддин Муҳаммад ибни Салоҳуддин ва дуюмӣ Садруддин Муҳаммад ибни Салоҳуддин мебошад. Аз яке назму насри зиёд боқӣ монда, аз дуюмӣ байтҳои парешон дар тазкираҳо.

МУСЛИҲУДДИН МУҲАММАД ИБНИ САЛОҲУДДИН (фавт-1573), шоири форс-тоҷик. Аз мардуми Лори Форс буда, дар зодгоҳаш илмҳои расмии давр,  аз ҷумла дар назди Мир Ғиёсуддин Мансури Шерозӣ (фавт 1542) риёзиётро омўхтааст. Пас, ба Ҳиндустон рафта, ба хидмати Ҳумоюн (ҳукмронӣ 1530-39) дохил шуд.

Каломии Лорӣ аз рафиқони  Мирзоҳусайни Арғун – ҳокими Тхатта буд. Баъдан аз он ҷо ба Ҳиҷоз сафар кард, вале киштӣ ба тўфон дучор омад ва Каломии Лорӣ бо заҳматҳои бисёр ба Истанбул расид. Дар Истанбул хидмати дарбори ҳукмрони шаҳрро ба уҳда гирифт.

Аз Камолии Лорӣ мероси адабии манзуму мансур боқӣ мондааст. Осори манзуми ў асосан аз қасидаву ғазал иборат буда, дар мавзуъҳои ишқ, панду ахлоқ, мадҳ ва ғайра суруда шудаанд. Ба ашъори ў шоирони машҳури давраш Ҳаким Шифоии Исфаҳонӣ, Урфии Шерозӣ ва дигарон ҷавоб гуфтаанд.

Якчанд рисолаи шарҳу ҳошияҳо ва китобе оид ба таърихи умумибашарӣ – «Миръоту-л-адвор ва миркоту-л-ахбор» (иборат аз муқаддима ва 10 боб) аз таълифоти мансури ў мебошанд. Абёти зер аз ўст.

Чи сабзест, к-аз он рўи оташин бархост,

Кӣ дида сабза аз оташ, ки инчунин бархост?

Кадом моҳ ба шакли ту дилфурўз омад?

Кадом сарв ба мисли ту нозанин бархост?

Шаби фироқи ту аз хуни дидаам доман

Чунон пур аст, ки натвонам аз замин бархост.

Ба ростӣ чу қади дилкаши ту ном гирифт.

Нишони ростӣ аз сарви ростин бархост.

Ба хоки роҳи ту дар орзуи дидорат

Нишаст шод Каломӣ, вале ҳазин бархост.

****    ****    ****

САДРУДДИН МУҲАММАД ИБНИ САЛОҲУДДИН (фавт-1569, Дакан),  олим ва шоири форс-тоҷик. Аз мардуми Лори Форс буда, дар зодгоҳаш ба омўхтани илмҳои роиҷи замон пардохт ва ҳамчун олими номвари илми калом ва тафсир шинохта шуд. Тахаллуси «Каломӣ»-ро ба худ гирифтани ў низ ба мумтоз буданаш дар илми калом далолат мекунад. Саъид Нафисӣ дар китоби «Таърихи назму наср дар Эрон ва дар забони форсӣ» менависад, ки тахаллуси «Каломӣ»-ро баъзе аз тазкиранависон бо иштибоҳ «Калоӣ ва Кулоҳӣ» низ навиштаанд.

Бино ба навиштаи Амин Аҳмади Розӣ дар «Ҳафт иқлим”, Каломии Лорӣ баъди касби камол «бино бар носозии рўзгор ба Дакани Ҳинд ворид гардида, дар андак рўзгоре рояти ҷоҳу ҷалолаш муртафеъ гашта, мухотаб ба «Фозилхон» шуд ва соҳиби таблу алам ва хайлу  ҳашам гардид».

Каломии Лорӣ дар Деҳлӣ аз ҷониби Акбаршоҳ (ҳукмронӣ 1556-1605) ба мухотаби «Фозилхон» мушарраф шуд ва баъд аз мунозара бо Махдумулмулк Мулло Абдуллоҳи Султонпурӣ «хиҷлат ва малол бардошта, аз Деҳлӣ ба Дакан рафт ва ҳамон ҷо даргузашт» (тазкираи «Рўзи равшан»). Бадоюнӣ низ дар «Мунтахабу-т-таворих» аз фавти ў дар Дакан маълумот додааст.

Каломии Лорӣ шоири ғазалсаро буд ва аз ашъораш чанд байт дар тазкираву баёзҳо боқӣ мондаанд. Намунаҳои ашъораш:

Сар ба пойи ў ниҳодам, саргарон аз ман гузашт,

              Чун гирифтам доманаш, доманкашон аз ман гузашт.

Аз тазкираи «Рўзи равшан»:

Қади ту соя биафканд вақти ҷилваи ноз,

             Ки сарви ноз ба поят фиканд рўи ниёз.

 

Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ.9. – С. 305.

Муаллиф: Ф. Маҳмадуллоҳ

Таҳияи: Дилафрўз Назарова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ
.