Ду Камолуддини Бухороӣ. Яке Мавлоно Камолуддини Хонанда, дигаре Қозӣ Мулло Турсунбоқӣ
Мавлоно Камолуддини Хонанда, сароянда, навозанда, мусиқидон, мусаннифи мусиқии тоҷик (асри 16). Мусиқӣ, шеър, хатотӣ, ҷадвалкашӣ ва ҳалкориро аз падараш омӯхтааст. Сипас дар назди Наҷмиддин Кавкабии Бухороӣ (1468-1532) донишу ҳунарашро такмил дод.
Бо савту мақомҳои “Бузург”, ”Рост”, “Наво”, “Ҳусайнӣ”, дар шаклу анвои шеъриву мусиқии “қавл”, “тарона”, “амал”, “кор”, “савт”, “нақш” бар ашъори Кавкабӣ, Хоҷа Ҳасани Нисорӣ ва дигарон назираҳои мусиқии “Амали хубрӯён”, “Савти дилхироҷ”, ”Нақши ситораи нур”, “Кор ба Рост” ва “Куллиёти Рост” (дар тазмини “Куллиёт”-и Кавкабии Бухороӣ)- ро эҷод карда, дар ҳавзаҳои эҷодию иҷроии Бухоро, Марв, Самарқанд, Миёнколот шуҳрат ёфта буд.
Ғазалу рубоӣ ва маснавиро неку мегуфт. Муддате дар хидмати Абдуллохони Шайбонӣ (1530-40) буд.
Муаллиф: А. Раҷабов.
Камолуддини Бухороӣ
Қозӣ Мулло Турсунбоқӣ, мутахаллис ба Мулло Камолуддини Бухороӣ (фавт 1870, Бухоро), шоири тоҷик. Падараш фақеҳи донишманд буд.
Донишҳои мутадовили замони худро дар зодгоҳаш омӯхт. Чанде дар хидмати хони Хева Муҳаммадраҳими Баҳодурхон (1865-1910) умр ба сар бурд. Дар дарбори амирони Бухоро – амир Насрулло ва амир Музаффар низ хидмат карда, мадҳияҳо суруда, инъом гирифтааст.
Камолуддини Бухороӣ қозӣ буд ва мақомҳои давлатии дигаре низ дошт. Маъхазҳо ӯро аз шоирони машҳури рӯзгори худ ном бурдаанд. Девони ашъораш аз қасидаҳо, ғазалиёт, рубоиёт, маснавиёт ва мухаммас иборат буда, ду нусхаи он таҳти шумораҳои 1003 ва 907/1 дар Институти шарқшиносии АИ Ӯзбекистон нигаҳдорӣ мешавад.
Намунаҳои ашъораш дар тазкираҳо ва баёзҳои асри 19 низ сабт гардидаанд. Ин ғазал аз ӯст:
Субҳи эҷодам нафаспарвардаи шоми ғам аст,
Дар қафас мурғи дилам побастаи доми ғам аст.
Аз хатти пешониам ҷуз яъс натвон дид кас,
Дар нигинам сар ба сар хамёзаи номи ғам аст.
Гаҳ алам, гаҳ нола, гоҳе хундилӣ гул мекунад,
Гардиши рангам асарпарварди пайғоми ғам аст.
Ҳасратам, дардам, шикастам, ҳар чӣ ҳастам, нолаам,
Соғарам аз чархи каҷ лабрези инъоми ғам аст.
Дафтарамро нест ҷуз тазъиф аъмоли дигар,
Баски сар то пои ӯ марқуми арқоми ғам аст.
Он чӣ дар қисмат маро аз хони алвон шуд, Камол,
Аз ғизои субҳу шомам пухтаву хоми ғам аст.
Муаллиф: М. Диловаров.
Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ.9. – С. 372.
Таҳияи Хайринисо Шарипова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ