Ду мақола аз китоби Ризо Шаъбонӣ “Одоб ва русуми Наврӯз”

НАВРӮЗ ДАР ШЕЪРИ ФИРДАВСӢ

Ҳамосасарои бузурги Тус Фирдавсӣ алайҳирраҳма дар боби пайдоиши Наврӯз ба дасти Ҷамшед мегӯяд:

Ҳама карданиҳо чу омад падид,

Ту гуфтӣ ҷуз аз хештанро надид.

Ба фарри каёнӣ яке тахт сохт,

Чи моя бад-ӯ гавҳар андар шинохт.

Ки чун хостӣ, дев бардоштӣ,

Зи Ҳомун ба гардун барафроштӣ.

Чу хуршеди тобони миёни ҳаво,

Нишаста бар-ӯ гоҳ фармонраво.

Ҷаҳон анҷуман шуд бар тахти уй,

Шигифтӣ фурӯ монд аз бахти ӯй.

Ба Ҷамшед бар гуҳар афшонданд,

Мар он рӯзро «рӯзи нав» хонданд.

Сари соли нав ҳурмузи фарвадин,

Баросуд аз ранҷи дил тан зи кин.

Бузургон ба шодӣ биёростанд,

Маю ҷому ромишгарон хостанд.

Чунин ҷашни фаррух аз он рӯзгор,

Бимондаст аз он Хусравон ёдгор.

Бадеҳист, ки ҳеҷ як аз ин афсонаҳоро далели эҷоди ҷашни Наврӯз наметавон донист. Фақат мешавад гуфт, ки шояд ҷашни Наврӯзро ин подшоҳи достонӣ, ки шахсияти ҳиндуэронӣ аст ва дар вуҷудаш тақрибан наметавон тардид кард, марсум (расмшуда) ва мутадовил (маъмул) карда бошад. Бешак, ин ҷашн аз ҷашнҳои бисёр қадими эронӣ аст ва дар зумраи аъёдест, ки аз аҷдоди ориёии эрониён ба ирс бад-эшон расида ва ё ақаллан баъд аз замони Зартушт марсум гардидааст. Бад-ин тақрир замони пайдоиши ҷашнро метавон дастакам то ҳудуди бист қарн қабл аз милод иртиқо дод.

НАВРӮЗ ҶАШНИ ТАБИАТ

Аммо Наврӯз исмест табиӣ ва номе, ки ҳасби зоти табиат бар чизе гузошта шавад, фӣ нафса мусталзими вуҷуди собиқаи таърихӣ ва ё адабии хоссе нест. Наврӯз ҳангомест, ки рӯзгори куҳан зиндагиро аз сар мегирад ва замона ва он чи дар ӯст, нав мешавад. Мавҷудоти гетӣ ҳаёти ҷадид меёбанд ва соли ҳақиқӣ даврае аз адвори хешро ба поён расонида, вориди марҳилае тоза мешавад. Аз ин ҷиҳот аст, ки ин рӯз ба «Наврӯз» мавсум шудааст. Ба ҳамин мулоҳиза, «Наврӯз» бузургдошти зоти замон аст ва баёндорандаи ҳақиқати лоязали он. Дар савобиқи ин сухан ҳам дидем, ки Абӯрайҳони Берунӣ дар «Ат-Тафҳим лӣ авоили саноъати-л-танҷим»-и порсӣ менависад: «Наврӯз» нахустин рӯз аст аз фарвардини моҳ бад-ин ҷиҳат рӯзи нав ном кардаанд, зеро пешонии соли нав аст».

Бад-ин гуна Наврӯз қоидатан бояд аз аввалин рӯзи фарвардин шурӯъ шавад ва аввали Наврӯз бо духули офтоб дар бурҷи Ҳамал, яъне нуқтаи эътидоли рабеӣ мусодиф аст, вале бинобар муқаддамоте, ки пеш аз ин зикр шуд, дергоҳе Наврӯз дар ин нуқта собит набуд. Дар авохири аҳди силсилаи Сосонӣ Наврӯз дар тобистон буд ва ба тадриҷ тағийри макон дода буд. Дар замони хилофати Алмуътазидубилоҳ дар 26 ҳамал ва дар 467 ҳиҷрӣ, яъне дар аҳди салтанати Маликшоҳ дар нимаи бурҷи Ҳут ва ба қавле, дар 13-и ҳут ва дар замони таълифи китоби «Осору-л-боқия»-и Абӯрайҳон дар авоили бурҷи Ҳамал будааст ва ба ҳамин тартиб дар гардишу тағйир буд, то он ки дар соли 467ҳ.қ.ва ё 471ҳ.қ. дар замони Маликшоҳи Салҷуқӣ ва ба амри ӯ тақвими эронӣ ислоҳ шуд ва Наврӯз ба таври асосӣ ба аввали Ҳамал бозгашт.

Дар сабаби бузург шумурдани Наврӯз ва илали мондагории он дар хотираҳо эрониён нукотеро зикр кардаанд:

Кайюмарс, ки нахустин подшоҳ бошад, дар рӯзи Наврӯз аз модар зоида шудааст.

Ҳушанг-шоҳи Пешдодӣ дар ҳамин рӯзи фархунда по ба арсаи вуҷуд ниҳодааст.

Таҳмурас дар ин рӯзи фаррух девони табоҳкору мардумозорро  банд ниҳодааст.

Фаридуншоҳ дар ин рӯз кишвари паҳновари Эронро дар миёни се фарзанди худ Эраҷу Салм ва Тур тақсим намудааст.

Соми Наримон-қаҳрамони миллии эрониён, дар ин рӯз дар пайи саркӯбии мардумозорон бархоста ва бунёди табаҳкориро вожгун намуда ва осоиши мардуми кишварро пойдор сохтааст.

Кайхусрав пури Сиёҳвуш дар ин рӯз аз модари зоида шудааст.

Шоҳ Кайхусрав дар ин рӯзи фархунда афсари подшоҳиро ба Лӯҳросб бахшудааст.

Зартушт дар ин рӯз офарида шудааст.

Зартушт дар ҳамин рӯзи муборак аз сӯйи Аҳуромаздо ба пайғамбарӣ баргузида шудааст.

Шоҳ Гуштосб ва бону Катоюн ва Ҷомосб дар ин рӯз оини маздясноро пазируфта ва аз пайғамбари эронӣ пайравӣ кардаанд…

Марде доное чун Абӯрайҳони Берунӣ бо вуқуф бар аҳамияти Наврӯз ва наҳваи пайдоиши ва ҷойгирии он дар зеҳну дили ҳамватанони худ менависад, ки: «дар рӯзи шашуми ин моҳ Наврӯзи бузург аст, ки назди эрониён иди бузурге аст ва гӯянд, ки Худованд дар ин рӯз аз офариниши ҷаҳон осуда шуд, зеро ин рӯз охири рӯзҳои шашгона аст ва дар ин рӯз Худованд Муштариро биёфарид ва фархундатарин соатҳои он рӯз сооти Муштарӣ аст. Зардуштиён мегӯянд, ки дар ин рӯз Зардушт тавфиқ ёфт, ки бо Худованд муноҷот кунанд ва Кайхусрав бар ҳаво дар ин рӯз уруҷ кард ва дар ин рӯз барои сокинони кураи замин саодатро қисмат мекунанд ва аз инҷост, ки эрониён ин рӯзро рӯзи умед ном ниҳоданд ва асҳоби найрангҳо гуфтаанд ҳар, кас дар бомдоди ин рӯз пеш аз ин, ки сухан гӯяд, шакар бичашад ва бо равғани зайтун тани худро чарб кунад, дар ҳама сол аз анвои бало солим хоҳанд монд ва эрониён мегуянд, ки дар бомдоди ин рӯз бар кӯҳи Пушанг шахсе сомит ва хомӯш дида мешавад, ки як тоқа марв дар даст дорад ва ба андозаи як соат пайдост, сипас аз чашм пинҳон мешавад ва то солим дигари ин вақт ошкор намегардид”.

Зодуя дар китоби худ гуфта, ки «сабаб ин аст, ки офтоб аз ноҳияи ҷанубӣ тулӯъ мекунад. Баёни матлаб он аст, ки Иблис лаъин баракатро аз мардум зоил карда буд ба қисмате, ки ҳар андоза хӯрданӣ ва ошомиданӣ тановул мекарданд, аз таому шароб сер намешуданд ва низ бодро намегузогшт бивазад, ки сабаби рӯидани ашҷор (шаҷара) шавад ва наздик шуд, ки дунё нобуд гардад». Онгоҳ меафзояд, ки «Ҷамшед ба амри Парвардигор ба сӯи ҷануб рафту ғоиларо (бадӣ, шар, кина) бартараф кард ва мардум аз нав ба ҳолати эътидолу баракату фаровонӣ расиданд ва аз бало раҳоӣ ёфтанд ва Ҷам дар ин ҳангом ба дунё бозгашт ва дар чунин рӯзе монанди офтоб толеъ шуд ва нур аз ӯ метофт ва мардум аз тулуи ду офтоб дар як рӯз шигифт намуданд ва дар ин рӯз ҳар чубе, ки хушк буд, сабз шуд ва мардум гуфтанд «рӯзи навин ва ҳар шахс аз роҳи табаррук ба ин рӯз дар таште ҷав кошт, сипас ин расм дар эрониён пойдор монд, ки рӯзи Наврӯз дар канори хона ҳафт синф аз ғаллот дар ҳафт устувона бикоранд ва аз рӯидани ин ғаллот ба хубӣ ва бадии зирооту ҳосили солиёна ҳадс бизананд.

«Дар ин рӯз буд, ки Ҷамшед ба ашхосе, ки ҳозир буданд, амр намуду ба онон, ки ғоиб буданд, навишт, ки гӯристонҳои кӯҳанро хароб кунанд ва гӯристони тозае бисозанд ва ин кор дар эрониён боқӣ монд ва Худованд онро писандид ва подоше, ки эзади таъоло Ҷамшедро барои ин,  кор дод, ин буд, ки риоёи ӯро аз пирӣ ва беморӣ ва ҳасаду фано ва ғаму масоиби дигар ҳифз намуд ва ҳеҷ ҷонваре дар муддати подшоҳии Ҷам намурд, то он, ки хоҳарзодаи ӯ пайдо шуд ва Ҷамро бикушт ва ба кишвари ӯ чира гашт. Ҷун дар аҳди подшоҳии Ҷам ҳеҷ ҷонваре намурд ва ба тавре рӯ ба фузунӣ гузоштанд, ки фарохнои замин бо ҳама паҳное, ки дошт бадал ба тангно шуд. Худованд он вақт заминро се баробар карду эшонро амр намуд, ки бо об ғусл намоянд, то аз ҳар гуноҳе пок шаванд ва дар ҳар сол барои ин ки офотро аз эшон дур кунад, ин корро такрор намоянд. Низ гуфтаанд, сабаб ин ки дар ин рӯз ғусл мекунанд, ин аст, ки ин рӯз ба Ҳарвазо, ки фариштаи об аст, таалӯқ дорад ва обро дар ин фаришта муносибатест ва аз ин ҷост, ки мардум дар ин рӯз ҳангоми сапедадам аз хоб бармехезанд ва бо оби ҳавз худро мешӯянд ва гоҳе низ оби ҷорӣ бар худ аз роҳ табаррук ва дафъи об мепошанд ва сабаби ин кор ҳамон сабаби иғтисол (ғусл кардан) асту бархе гуфтаанд, ки иллат ин аст, ки дар кишвари Эрон дергоҳе борон наборид ногаҳон борони сахт бибориду мардум ба ин борон табаррук ҷустанд ва аз ин об ба якдигар пошиданд ва ин кор ҳамин тавр дар Эрон марсум (расмшуда) бимонд…

Аз китоби Ризо Шаъбонӣ “Одоб ва русуми Наврӯз”. Ин китоб соли 2011 нашр шудааст ва хоҳишмандон метавонанд онро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд ва дар бораи Наврӯз чизҳоеро ҳам, ки то кунун намедонанд, бидонанд.

Таҳияи Баргигул Наботова, мутахассиси пешбари шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд.