Ду қулла дар Боми ҷаҳон номи ду сутуни назми тоҷикро гирифт
Ахиран намояндагони Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, даъвати шашум аз пешниҳоди номгузории ду қулла ба номҳои Мирсаид Миршакар ва Мӯъмин Қаноат ҷонибдорӣ карданд. Ин ҷаласа субҳи имрӯз дар шаҳри Хоруғ баргузор шуд.
Бо қарори вакилони маҷлиси вилоятӣ, қуллаи Октябрский ба қуллаи Мӯъмин Қаноат ва қуллаи ба номи Маяковский ба қуллаи Мирсаид Миршакар тағйири ном карданд.
Гуфтанист, ки қуллаи Октябрский дар қаторкӯҳҳои Зулумарт, ки дар масофаи ду километр дуртар аз қуллаи Ваҳдат (бо баландии 6640 метр) ҷойгир шуда, аз ду қуллаи ҷанубӣ ва шимолӣ (асосӣ) иборат аст, ки қуллаи асосӣ 6780 метр баландӣ дорад ва қуллаи ҷанубии он аз сатҳи баҳр 6762 метр баланд қарор дорад.
Қуллаи Маяковский бо баландии 6096 метр дар қаторкӯҳҳои Шохдара ҷойгир шудааст. Замоне он бо пешниҳоди адиб ва гардишгари маъруфи рус, муаллифи романи машҳури “Нисо” Павел Лукнитский ба номи шоири рус Владимир Маяковский гузошта шуда буд.
Пешниҳоди ба номи ду адиби барҷаста гузоштани ин ду қулла чанде пеш аз ҷониби Пажуҳишгоҳи илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандаров ироа шуд ва онро Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон дастгирӣ намуд.