Ду Замирӣ. Яке аз Исфаҳон ва дигаре аз Ҳамадон

ЗАМИРИИ  ИСФАҲОНӢ. Камолуддин Ҳусайн фарзанди Муҳаммад мутахаллис ба Замирӣ (фавт 1565), шоири исфаҳонӣ. Замирии Исфаҳонӣ дар назди олими  машҳури замон Мирғиёсуддин Мансур Даштакии Шерозӣ дониш  омўхта, дар тиб, риёзиёт, нуҷум ва  рамл  шуҳрат  ёфт. Дар дарбори  Шоҳ Таҳмоспи Сафавӣ (ҳукмронӣ 1524–76) мақоми баланд дошт.

Аввал «Боғбон» ва баъд аз он, ки дар  илми рамл маҳорати  комил  пайдо  кард, бо фармони шоҳ «Замирӣ» тахаллус гирифт. Тазкиранигорон ўро аз шоирони  пуркор  ва  дар  сароидани  қасида, ғазал  ва  маснавӣ чирадаст ном бурда, ашъорашро бештар аз сад ҳазор байт баршумурдаанд. Чунончи, Содиқии Китобдор гуфтааст, ки Замирии Исфаҳонӣ «Сад ҳазор байт дорад ва як байт аз онҳо дар ситоиши подшоҳон нест ва ин барои улувви ҳимматаш беҳтарин  далел  аст».

Амин Аҳмади  Розӣ низ муаллифи сад ҳазор байт будани  шоирро таъйид карда, менависад, ки аз ин шумора ҳафтод ҳазор байт ғазал, дувоздаҳ ҳазор байт қасида ва  бақия маснавӣ аст.

Маснавиҳои Замирии Исфаҳонӣ: «Нозу ниёз», «Баҳору хазон», «Лайлию Маҷнун», «Вомиқу Азро», «Ҷаннату-л-ахёр» ё «Ҳасанату-л-ахбор», «Искандарнома» мебошанд.

Нусхае аз  маснавии «Нозу ниёз»- и ў дар Китобхонаи Остони Қудси Разавии Теҳрон, зери №1043 нигаҳдорӣ мешавад. Осори дигари Замирии Исфаҳонӣ: «Рисолае дар рамл», ду девони қасида, ҳафт девони  мукаммал – «Сафинату-л-иқбол», «Суратул- л-ҳол», «Канзу-л-ақвол», «Ишқи безавол», «Сайқали малол», «Узри мақол», «Қудси хаёл» ё  «Қудси хисол» ва «Маҷмўаи иҷлол»-анд.

 Ў ба ғазалиёти Саъдӣ бо чаҳор девон: «Тоҳирот», «Саноеъ», «Бидояту-ш-шеър» ва «Ниҳояту-с-сеҳр» ҷавоб гуфтааст: Замирии Исфаҳонӣ ҳамчунин «Уюну-з-зулол»- ро дар ҷавоби Ҳофизи Шерозӣ, «Оинаи ҷамол»- ро дар ҷавоби Бобо Фиғонӣ, «Меъроҷу-л-омол»- ро дар ҷавоби Абдурраҳмони Ҷомӣ ва «Анису-л-лайлӣ»-ро дар ҷавоби Лисонӣ навиштааст. Намунае  аз  ашъори ў:

           Мушкил шуда корам, зи ту дарди дилам ин аст,

Огаҳ найӣ аз дарди дилам, мушкилам ин аст.

Селоби сиришк аз дарди ў мебарадам оҳ,

           Умре асари гиряи беҳосилам ин аст.

Замирии Ҳамадонӣ

        Замирии Ҳамадонӣ шоири эронии асри 16. Падараш  Ҳайронӣ низ шоир буд. Замирии Ҳамадонӣ дар дарбори ҳукмрони давраш  хидмат карда, ғазалу қасидаҳо, рубоиҳо иншо мекард, ки тавассути  тазкираҳо  то  замони  мо расидаанд. Абёти  зер  аз  ўст:

Гиряи ман, сўзу сўзам, гиря меорад зи дард,

Дардмандам, гиряву сўзам  асар  дорад басе.

Ман ба водӣ мурдаму Маҷнун ба ҳай, ай абри ғам,

Гиря бар ман кун, ки Маҷнун  навҳагар дорад басе.

 

Муаллиф: М.Ҳазратқулов

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2018. – Ҷ.7. – С. 16.

Таҳияи Шоираи Баҳриддин

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.