ДУ ЗАМОНӢ: Замонии Омулӣ ва Замонии Яздӣ

  Замонии Омулӣ шоири фарс-тоҷик нимаи дуввуми асри 15 – аввали асри 16 ба дунё омадааст. Фарзанди Муҳаммади Омулӣ. Ибтидо бо тахаллуси «Вафоӣ» шеър мегуфт. Сипас бо маслиҳати султон Бадеъуззамон-мирзо тахаллуси «Замонӣ»-ро интихоб кард. Алишери Навоӣ дар «Маҷолису-н-нафоис» Замонии Омулиро дар қатори шоирони ғазалсаро ном бурда, матлаеро аз як навиштаи ў намуна овардааст:

Ба оби дида ҳаргиз кам нашуд сўзи дили зорам,

Магар аз хок таскин ёбад он оташ, ки ман дорам.

Замонии Яздӣ

  Замони Яздӣ Мавлоно Муҳаммадзамон шоири эронӣ. Дар оғоз  тахаллусаш «Вафоӣ» буд, вале баъдан онро ба «Замонӣ» иваз кард. Дар маъхазҳои адабӣ («Нештари ишқ», «Тазкираи Насрободӣ», «Сарви Озод» ва ғайра) шоири хушгуфтор, хушбаён, баландфикр, олиталош тавсиф шудааст.

Шахсе бо номи Шайх Муҳаммади Заргар дар васфи ў гуфтааст:

Ашъори Замонӣ дурри макнун бошад,

Васфаш зи қиёсу ақл берун бошад.

Қонуни фасоҳат аст лутфаш дар шеър,

Печидани он гирифта қонун бошад.

  Мувофиқи маълумоти маъхазҳо Замонии Яздӣ беш аз 10 ҳазор байт доштааст. Вай ба «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ, инчунин ба кули ғазалҳои Ҳофизи Шерозӣ ҷавоб гуфта буд.

 Замонии Яздӣ пайрави ҷараёни таносух буда, муътақид буд, ки рўҳи Низомии Ганҷавӣ ба ҷисми ў ворид гардидааст.

 Аз Замонии Яздӣ мунтахабе аз девонаш (маҳфуз дар китобхонаи Инти шарқшиносии Ўзбекистон, №238/XV) ва достони «Лайливу Маҷнун» (дар Китобхонаи миллии Эрон, Теҳрон) дастраси муҳаққиқон гардидааст.

Абёти зерин намунае аз нигоштаҳои Замонии Яздӣ мебошад:

Диле дорам даруни синаи танг.

Чу мурғи навқафас бо хеш дар ҷанг.

          *****         ****

Оби лаълаш хуррамӣ аз боғи эъҷоз оварад,

Донаи холаш малоикро ба парвоз оварад.

Ҷон бар ў афшонаму миннат ниҳам бар ҷони хеш,

Бе сабаб ранҷиданамро гар касе боз оварад.

Боз чоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2018. Ҷ.7. – С. 20.

Таҳияи Аниса Набиева

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.