Дуюмин рӯзи озмун. Шаффофият дар мадди аввал

Дар Муаассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” идома дорад. Ин дуюмин рӯзи озмун аст ва ширкати бошавқу рағбати довталабон баёнгари он аст, ки мардум таваҷҷуҳи хоса ба офаридаҳои Пешвои азизи худ доранд ва бо як ҷаҳон эҳтиром ин китобҳоро мутолиа кардаву худро барои посух додан назди аъзои жюрӣ ҳозир кардаанд.

Дар ин озмун, ки дар як сатҳи олӣ баргузор мешавад ва Китобхонаи миллӣ ҳама шароити лозимро барои шаффофу пурмазмун гузаштани он фароҳам овардааст, бештар аз 200 нафар ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтаанд. Ширкаткунандагон ба се гурӯҳ ҷудо карда шудаанд ва вобаста ба ҳар гурӯҳ аъзои жюрӣ аз ҷумлаи донишмандони маъруф ва муҳаққиқони осори Пешвои миллат муайян карда шудаанд.  Аксари онҳо докторони илм, номзаҳои илм, мутахассисони таъриху фалсафа ва забону адабиёт мебошанд ва дар миёни аҳли илм аз зумраи шахсиятҳои шинохта ба шумор мераванд.

ҲАЙАТИ ҲАКАМОНИ ГУРӮҲИ АВВАЛ:

Сардори гурӯҳ: Ализода Баҳриддин Пирмуҳаммад – доктори  илмҳои таърих, профессор,мудири кафедраи фалсафа ва илмҳои гуманитарии Академияи давлатии идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Шарифов Ҷамолиддин Сафолович – доктори  илмҳои таърих, дотсенти кафедари таърихи халқи тоҷики ДМТ;

Умарова Меҳриниссо Саидовна – муаллими калони Донишгоҳи Тоҷикистону Русия (Славянӣ);

Сулаймонов Баҳманёр Сайдиҳсанович – дотсенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии ба номи Сотим Улуғзодаи Тоҷикистон;

Раҷабов Имомиддин Ширинович – номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи равандҳои сиёсии ДМТ;

ҲАЙАТИ ҲАКАМОНИ ГУРӮҲИ ДУЮМ:

Роҳбари гурӯҳ:  Маҳмудов Давлатшо Хайруллоевич – мудири шуъбаи таҳлил ва робитаҳо бо ҷомеаи ДДОТ ба номи С.Айнӣ;

Исматуллозода Фаридун Исматулло –  роҳбари шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Академияи давлатии идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Маҷидов  Диловар Ҳафизович – мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии ба номи Сотим Улуғзодаи Тоҷикистон;

Раҳмонов Ҳафиз Азизович – номзади илмҳои филологӣ, муаллими калони кафедраи назария ва адабиёти муосири форсӣ- тоҷикии ДМТ;

Абдулвоҳидов Раҳматулло Миразорович – дотсенти кафедраи таърихи умумии ҷаҳонӣ Донишгоҳи Тоҷикистону Русия (Славянӣ);

ҲАЙАТИ ҲАКАМОНИ ГУРӮҲИ СЕЮМ:

Роҳбари гурӯҳ: Абдуллозода Парвиз Саъдулло – доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДМТ;

Муллоев Шариф Боқиевич – доктори илмҳои филологӣ, роҳбари хадамоти матбуотии  дотсенти кафедраи таърихи умумии ҷаҳонӣ Донишгоҳи Тоҷикистону Русия;

Аслонов Ҳошимҷон Зиёмудинович – дотсенти кафедраи таърих ва робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии ба номи Сотим Улуғзодаи Тоҷикистон;

Амирбекзода Назира – номзади имлҳои филологӣ, Директори Маркази омӯзишҳои Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмони назди Академияи давлатии идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Зайдуллозода Саида Зайдулло –дотсенти кафедраи филологияи тоҷики ДДОТ ба номи С.Айнӣ:

Маврид ба ёдоварист, ки роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ҳама шароитҳои лозимрО барои баргузории шаффофи озмун фароҳам овардааст. Муаллимону мураббиён ва пайвандони ширкаткунандагон иҷозаи озоди ширкат кардан дар рафти озмун ва дидану шунидани посухҳои иштирокдоронро доранд.

Б.Шафеъ