Дурахши ҳамосаи миллӣ дар маҳфили адабӣ-фарҳангии “Шоҳнома Ватан аст”

Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои пешбинишуда, чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ таҳти унвони “Шоҳнома-Ватан аст” баргузор гардид.

Ҳадафи асосии ҳамоиш баланд бардоштани маърифати хонандагону донишҷӯён, таҳкими эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба забони тоҷикӣ ва рушди ҷаҳонбинии онҳо буд.

Маҳфилро  муовини директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Камолзода ифтитоҳ намуда, меҳмон ва иштирокчиёни ин нишасти адабиро хайрамақдам гуфт. Номбурда меҳмони гиромиқадр адабиётшинос, пажӯҳишгар, тарҷумон ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  Ҳафиз Раҳмонро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Камолзода Сайфиддин доир ба мавзуъ ва мӯҳтавои маҳфил сухан ронда,  қайд намуд, ки омӯзиши ин асари безавол – ҳамосаи миллии мардумони форс-тоҷик ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангии хонандаро  таҳким мебахшад.

Сипас устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, адабиётшинос ва пажӯҳишгар Ҳафиз Раҳмон ба ҳозирин аз Шоҳнома ва нақши он дар тарбияи маънавии ҷавонону наврасон, аз ормонҳову панду андарзи ҳакими бузург ва вижагиҳои забони ин шоҳасар андешаҳои худро баён намуд. Мавсуф дар оғози суҳбати худ доир ба ҳамосаҳо  – эпосҳои қадимии дигар халқу миллатҳо, аз қабили “Суруди Сид” — машҳуртарин эпоси қаҳрамонии испанӣ, “Суруди Роланд”-и эпосҳои қаҳрамонии фаронсавӣ ва намунаи барҷастаи адабиёти асримиёнагии Фаронса, “Энеида” — эпоси бузурги шоири Руми Бостон Вергилий, “Манас”- эпоси машҳури қаҳрамонии қирғизҳо, “Илиада” ва “Одиссея” – машҳуртарин эпосҳои юнониёни қадим, эпоси қаҳрамонии англисии асримиёнагӣ “Беовулф” ва шоҳасари безаволи Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ – “Шоҳнома” ва таърихномаҳои ҷолиби таърихӣ  – Таърихи Сиистон, Таърихи Наршахӣ сухан кард. Фирдавсӣ дар Шоҳнома на танҳо ҳаводиси таърихиро, балки назари хоси худро низ  баён медорад. “Вақте ки мо “Шоҳнома” мегӯем, ҳам таърихи қадимро, ҳам мардумшиносиро ва ҳам намунаи беҳтарини забони адабии форсии тоҷикиро дар назар дорем.”

Ҳафиз Раҳмон зимни суҳбати худ таъкид намуд, ки Шоҳнома як асари одӣ нест. Шоҳнома ҳамаи чаҳор унсури эпоси миллиро дар худ ҷой додааст: 1) унсури қаҳрамонӣ; 2) унсури афсонавӣ; 3) устуравӣ; 4) унсури таърихӣ.

Ба андешаи адабиётшинос ва пажӯҳишгар Ҳафиз Раҳмон ҳикмати “Шоҳнома”-ро бояд аз назари арзишҳо дарк кард. Бузургтарин арзишҳои дар Шоҳнома ҷойдошта: некӣ кардан, дар сулҳу субот зистан, мардумозорӣ накардан,  дасти ҳамдигар гирифтан, ба дарди ҳамдигар шарик будан ва ғайра арзишҳои неки инсонӣ мебошанд.

Зи рӯзи гузар кардан андеша кун,

Парастидани додгар пеша кун.

Ба некӣ гарою маёзор кас,

Раҳи растгорӣ ҳамин асту бас.

Мавсуф қайд намуд, ки ба ҷуз ин дар Шоҳнома ҳам арзишҳои зебоиву эътиқодӣ ва ҳам улвӣ вуҷуд доранд, ки Фирдавсӣ дар ин ҷо болотар аз ҳама хирадро гузоштааст. Ҳамин гуна устоди Донишгоҳи миллӣ бо хонандагон – иштирокдорон ва довталабони озмунҳои ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст…” дар мавзуи хирад суҳбати басо дилангез орост.

Дар идомаи маҳфил иштирокдорон бо хоҳиши қироати порчаҳо аз достонҳои Шоҳнома ва тарзи чӣ гуна, бо кадом оҳанг қироат намудани Шоҳнома, чи гуна будани Дафтари довталаб ва масоили дигари ба Шоҳнома мутааллиқ ба устод Ҳафиз Раҳмон муроҷиат мекарданд. Ҳар яке мехост боз ҳам суол диҳад ва ё худ порчае аз ин ё он достони шоҳасар қироат кунад, то Ҳафиз Раҳмон доир ба қироаташон баҳо ва маслиҳат диҳад, зеро устодро  ҳамчун аъзои ҳакамони “Фуруғи субҳи доноӣ..” хуб мешиносанд.

Ҳамчунин баъзе хонандагонро, ки падар ё модарашон раҳнамоӣ менамуданд, мехостанд доир ба интихоби пораҳо аз достонҳои “Шоҳнома” суол пурсанд.

Дар фарҷом Ҳафиз Раҳмон ба иштирокдорони маҳфил, ки аксарият довталабони озмунҳои бонуфузи ҷумҳуриявӣ ҳастанд, маслиҳатҳои муфиду дастурҳои судманд дод.

Ёдовар шудан зарур аст, ки хонандагон намехостанд устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, адабиётшинос ва пажӯҳишгар Ҳафиз Раҳмонро аз ҳалқаи суолҳову пурсишҳояшон раҳо кунанд. Гумон мерафт, ки ҳама алъон ба озмуни ҷумҳуриявӣ шитоб доранду, мехоҳанд ҳарчи бештар доир ба Шоҳнома ва иштирок дар ин озмун маълумот ба даст оранд.

Ин ҳолат хеле хурсандиовар буд.

Муҳидинова Махфират,

бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.