Душанбе – ганҷи ноёби олам
Дилорову гувороӣ Душанбе…
Хаёлам қалби дунёӣ Душанбе…
Душанбе – шаҳри нозанин ва зебои ман, шаҳри орзуҳо, шаҳри нексириштон ва накӯкорон, маркази илму фарҳанг, шаҳри сулҳу ваҳдат, шаҳре ки бо ҷаззобияти худ дили ҳазорҳову садҳазорҳоро ба худ мафтун намудааст. Ту аз аввал зебо ва дилрабо будӣ, аммо дар замони зиёда аз сӣ соли соҳибистиқлолӣ зебогии ту даҳчанд гардид, ту аз нав эҳё шудӣ ва ба шаҳри бузург мубаддал гардидӣ шаҳри бостониам! Ҳамагон шоҳидем, ки шаҳри мо на сол аз сол, балки рӯз аз рӯз тараққӣ ёфта истодааст, симои он куллан дигаргун шуда истодааст. Боғу гулгаштҳои замонавӣ, иншоотҳои фарҳангию фароғатӣ ва маъмурию маишӣ, биноҳои баландошёна, роҳҳои асфалтпӯш ва тамизгардида пойтахти Тоҷикистон ва тоҷиткистониёнро боз ҳам зеботар ва дилработар намудаанд. Ҳар қадар васфат намоям, ҳамон қадар кам аст! Аммо мехоҳам нуктае чанд дар бораи қалби Тоҷикистони азиз – Душанбе нависам.
Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе аз соли 1924 то соли 1929 Душанбе ном дошт ва аз соли 1929 то соли 1961 Сталинобод ном гирифт. Аз соли 1961 то ин ҷониб номи аслии худ Душанберо гирифта, маъвои дили тоҷику тоҷикистониён гардидааст.
Пойтахти Тоҷикистон сараввал бозоре буд, ки рузҳои душанбе фаъолият мекард. Маҳз ҳамин сабаб гардид, ки шаҳри мо Душанбе ном гирад. Пойтахтамон аз чор ноҳия иборат аст: ноҳияи Шоҳмансур, ноҳияи Фирдавсӣ, ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва ноҳияи Сино. Наздикии 90% аҳолии шаҳрро асосан тоҷикон ташкил медиҳанд, 6,7% ӯзбекҳо, 2,6% русҳо ва 1,2% дигар миллатҳо. Ноҳияи калонтарин ноҳияи Сино ва ноҳияи хурдтарин ноҳияи Исмоили Сомонӣ мебошанд.
Моҳи августи соли 2004 бо қарори Созмони умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шаҳри Душанбе сазовори ҷоизаи Шаҳри Сулҳ гардид, инчунин, соли 2016 миёни 6 шаҳри бонуфузи олам дар озмуни ҷаҳонӣ ба Ҷоизаи “Шаҳри Сулҳ”-и Бунёди “Роҳи абрешим” сазовор дониста шуд ва соли 2021 пойтахтамон чун “Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” эълон гардид, ки ин яке аз шаҳрҳои амну босубот будани Душанбешаҳр гувоҳӣ медиҳад ва боиси фахру ифтихори мост.
Бо дастгирӣ ва талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти Тоҷикистон – Душанбе ба яке аз шаҳрҳои тараққикардаи рӯи ҷаҳон мубаддал гардидааст, биноҳои замонавӣ ва гулгашту хиёбонҳои шукуфон, чашми шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахтро ба ваҷд оварда, қалби ҳамагонро тасхир намудаанд. Зебогии ту бемисл аст шаҳри орзуҳо, шаҳри гулафшони ман!
Имсол шаҳри Душанбе ҷашн дорад. Шаҳри азизи мо 100 сола мешавад. Дар ин 100 солагиат ту мисли тифли яксола ҳастӣ, акнун рӯ ба тараққӣ ниҳодӣ. Акнун бузург мешавӣ! Алҳол қадамҳои аввалини худ ба сӯи ояндаи дурахшон мезанӣ! Дар ҳамбастагӣ бо сокинони сарбаланд ва бофарҳангат рушду нумӯъ мекунӣ.
Мо сокинони пойтахт бояд дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои боз ҳам шукуфон ва зебо намудани шаҳри азизамон камари ҳиммат бубандем, онро ҳамеша тозаву озода нигаҳ дорем. Фарзандонро дар роҳи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намуда, маданияти баланди шаҳрнишиниро баҳри бунёдкориву ободонии пойтахт биомӯзем.
Дар тамоми ҷаҳон ту бо номи “Шаҳри Сабз” маъруф ҳастӣ. Баҳри ободиву рушди ту – шаҳри сулҳу ваҳдат Душанбешаҳри биҳиштосо мо сокинони пойтахт ва миллати тоҷик масъулият дорем ва сарбаландона паси иҷрои он мешавем!
Раҳмонова Бунафша
Медиатекаи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон.