Дувоздаҳ панди падар

ЯК ШАРҲИ КУТОҲ: Наримон Бақозода-адиби маъруфи кишвар аз ҷумлаи шахсиятҳои маъруфест, ки дар рӯзи мавлудаш ҷон ба ҷонофаринаш таслим кардааст. Ӯ 26-уми январ ба дунёд омад ва дар 74-солагӣ боз ҳам дар ҳамин таърих тарки олам кард. Аз ин рӯ, фарзандонаш ин рӯзро рӯзи падари худ медонанд.

ВА МУАРРИФИИ МУХТАСАР: Наримон Бақозода, 26 январи соли 1935 дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи Абулато Бақозода, журналисти маъруфи “Овози тоҷик” ба дунё омадааст. Тифлии шоир дар Самарқанд, дар гаҳвораи тамаддуни тоҷикон гузаштааст. Пас аз хатми мактаби миёна ба Душанбе омад ва ба Донишгоҳи миллӣ дохил шудааст. Дар рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ”, нашриёти “Ирфон”, “Тоҷикфилм”, маҷаллаи “Машъал” ва Кумитаи ҳимояи сулҳ ва бунёди сулҳи Тоҷикистон кор кардааст.

Нахустин шеъри шоир соли 1954 нашр шудааст. Сипас, яке пайи ҳам маҷмӯъаҳои ашъори шоир бо номҳои «Гулдара», «Шеърҳо, афсонаҳо, чистонҳо», «Сурнайчӣ», «Оши ҳалол», «Шаш ҳикояти пахта», «Дафтари мо кони панҷ», «Алифбои дилкушо», «Иди Алифбо омад» чоп шуданд.

Аз рӯи навиштаҳои шоир дар театрҳои пойтахт чандин намоишномаҳо ба саҳна гузошта шудаанд. Наримон Бақозода муаллифи нахустин операҳои кӯдаконаи тоҷикӣ (“Хонаи заргӯш-бибӣ” ва “Ҷингилапо”) мебошад. Муаллифи сенарияи филми “Пули ларзон” аст.

Шоир бо унвони Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон ва як силсила нишону медалҳо сарфароз гардонида шудааст.

(Аз “Ахбор барои афкор”)

Дар зер ёддошти писари шоири маъруф Қаҳрамон Бақозодаро меорем.

Дувоздаҳ панди падар

Имрӯз – рӯзи падарам. Дар поён ёдоварие, ки соли гузашта навишта монда будам, ҷойгир кардам.

 Мо аз хурдӣ дар ҳамкорӣ бо падарам ба воя мерасидем. Иҷрои вазифаи хонагӣ, махсусан забони модарӣ ва адабиёт, деҳқониву боғдорӣ дар боғчасарой, тайёр кардани мусалласу ғӯраобу шиннию сирко аз ангури дастпарвард, хӯрокхӯрӣ, бахусус хӯроки шом, тамошоҳои оилавии театру кино, меҳмондорӣ, ва ғайрахо – ҳама дар ҳамроҳӣ ва ҳамкорӣ бо падарам сурат мегирифтанд. Дар рафти ин ҳамкориҳо падар пайваста, бо тамкину таъкид ба мо принсипҳои зиндагиро, ки муҳимм мешумориданд, меомӯзониданд. Ҳоло ман баръало дарк мекунам, ки дар рафти ҳаёти мустаъқилона ба маслиҳату малакаҳои падарӣ такя карда, пеш меравам. Зиёда аз ин, он дастовардҳои кӯчаке, ки ман дар ҳаёт ноил гардадаам, ғолибан ба шарофати пайгирии пандҳои падар сарфароз гаштаам.

Пандҳои падарро таҳлил намуда, ман тавонистам 12-тои, ба фикрам асосии онҳоро ҷудо намоям. Дар поён ман онҳоро аз номи падар мебиёрам. Бовари комил дорам, ки ин пандҳо на танҳо ба мо –  фарзандон ва наберагон, балки ба нафарони зиёде судманд ва раҳнамои зиндагӣ буда метавонанд.

Вақтатро ғанимат дон, ки умратро беҳуда нагузаронӣ!

Вақт неъмати бебозгашт аст. Онро барои донишомӯзӣ ва рушди хеш босамар истифода намо. Дар ҳаёт инсон бисёр масъалаҳои ҷаззобу дилкаш рӯбаӯ мешаванд. Аз байн ҳамаи онҳо бароят муҳиммашро интихоб намуда, бештари вақтатро ба он сарф бикун. Масъалаҳои ҳушбарак ва вақткушакро фарқ карда, худро аз онҳо дар масофаи муайян нигоҳ дошта тавон.

Мақсадатро аниқ бинмой ва барои расидан ба он ҳаракат бикун

Дар ҳаёт ҳар инсон бояд мақсад дошта бошад. Фарди бемақсад ба гӯсфанди пода монанд аст, ки чӯпон ҳар куҷо ҳай кунад, ҳамон сӯй меравад. Барои худ маълум бикун, ки «ба куҷо рафтан мехоҳӣ», «кӣ шудан мехоҳӣ», «ба кадом қуллаҳо расидании»,  «бо кадом роҳ ба мақсад мерасӣ». Вобаста ба ҷавобат дар самти лозима ҳаракат бикун.

Бофаросат бош!

Дар зиндагиву корбарӣ бисёр масъалаҳо пешбиниро талаб менамоянд. Ту бояд нафақат ба талаботи ҳозираи кору зиндагӣ ва муносибати одамон ҷавобгӯ бошӣ, балки 2-3 қадам пешгардӣ ва ояндаи наздику дуртарро дидаву эҳсос карда тавонӣ, дар бархӯрд бо вазъиятҳои оянда рӯҳан ва амалан тайёр бошӣ. Дар ин ҳолат ту ҳамчун одами бофаросат ва заковатманд шинохта мешавӣ.

Тарбияи ин хосият дар ҳаёти ҳаррӯзаи инсон шакл мегирад. Масалан: пеш аз оғози ягон кор, аввал фикр карда, ҳамаи асбобҳои заруриро муайян ва тайёр карда, баъд ба кор шурӯъ бикун, ки барои асбобҳои даркорӣ даҳ бор рафтуо накунӣ.

Ботартибӣ аз одатҳои оддӣ оғоз мегардад

Одам наметавонад дар як кор ботартибу дар дигар кор(-ҳо) бетартиб бошад. Барои ҳамин тартибро дар корҳои одии ҳаррӯза риоят бикун. Масалан, тозагию озодагии сарулибос, ботартибии мизи корӣ, ҷобаҷо  гузории асбобҳо баъди истифода, ғундоштани ҷогаҳ баъди хоб ҷузъиёти ботартибист, ки бояд риоя кунӣ ва худро ба ин одат кунонӣ. Ҳар коре, ки барои ботартибӣ батакрор иҷро мекунӣ, бароят одат шуда, қисми ҷудонашавандаи шахсиятат мегардад. Хамин тавр дар корхои ояндаат хам ботартиб кор карда, муваффақ мешавӣ.

Иродаатро мустаҳкам кун

Дар ҳаёт бисёр корҳоро иҷро кардан лозим аст. Қисми зиёди онҳо корҳои лозимианд, лекин он қадар дилкаш нестанд ё вақти зиёдро металабанд, ки одам аз иҷрои онҳо зиқ мешавад. Ба назар мерасад, ки осонтараш корро монда телевизор тамошо кунӣ, бо дӯстон дар кӯча гардӣ ё бо телефон сӯҳбатҳои беохир кунӣ. Дар ин гуна ҳолат ба ҳушбаракҳо “Не” гуфта тавонистан ва корҳои лозимаро сар карда то ба охир расонидан иродаи сахт лозим аст. Иродаатро мустаҳкам кун, то барои расидан ба мақсад ноил гардӣ.

Кори саркардаро ба охир бирасон

Вақте ки як корро сар кардӣ, бо сифати баланд ва пурра ба охир расонидани он бояд одати бечуну чароят бошад! Чун ба иҷрои коре камар бастӣ, дигарон умедвор мешаванд, ки аз натиҷаи он баҳравар мегарданд ва онҳо барои анҷом додани чалакорҳои ту вақт сарф намекунанд. Фарқ надорад, ки он чӣ гуна кор аст, давлатист, соҳавист ё як кори муқаррарии хонаводагист. Аввал аниқ бикун, ки кадом натиҷаи ин кор беҳтарин аст ва аз пайи ҳамон бишав. Ҳатто агар вақту қувваи зиёд лозим шавад ҳам ба дастоварди натиҷаи беҳтарин ҳаракат бикун. Дуюм ин, ки масъалаи асосиро ҳал карда, корҳои иловагии вобаста ба ҳамин фаъолиятро нокарда нагузор. Сеюм – баъди иҷрои кор, ҷобаҷогузории асбобҳои истифодашударо ба касони дигар нагузор. Масалан, агар шохҳои дарахтро бурридӣ, онҳоро ҷамъ карда, барои ҳезум баста мондан вазифаи иловагӣ мебошад. Баъд аз ин гирду атрофро рӯбу чин карда, асбобҳоро ба ҷои худаш гузор. Анҷоми ҳамаи ин амалҳо кори дуруст иҷрошуда ба ҳисоб меравад.

Кори имрӯзро ба фардо нагузор!

Бисёр вақт барои иҷрои коре ба мо фақат танбалӣ халал мерасонад. Вақте дидӣ, ки як корро айни ҳол кардан мумкин аст – бикун! Зеро фардо, балки худи ҳамин рӯз, аз пеш корҳои дигар мебароянд. Коргурезӣ нафақат ба афзудани нокардаҳо, балки бо мурури замон ба вайроншавии асбобу анҷом, хароҷоти зиёдатӣ, ба зарари саломатӣ, ва ҳатто ба беобрӯӣ ҳам оварда метавонад.

Бепарво нашав

Вақте ки бо як чизи ноҷоя рӯбарӯ шудӣ, ба ҷо гузор! Бепарвоӣ шахсияти одамро барбод медиҳад.

Бештар бихон

Китоб бояд туро дар зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳӣ бикунад. Хондан донишатро зиёд, ҷаҳонбиниатро васеъ, тахайюлотатро бедор, фаҳму фаросататро амиқ мегардонад, иродаатро мустаҳкам карда, дар рӯҳи муваффақ будан тарбият мекунад. Худро ба мтолиа одат кунонида, бунёдатро аз илму адаб ва фалсафаи беҳтарини зиндагӣ пур мегардонӣ. Ҳамаи ин ҳастии туро ҳамчун шахсияти фарзона ва заковатманд ташаккул медиҳад.

Хӯрокатро гуногун бикун

Бо хӯрок ҷисми одам витаминҳои гуногунро қабул мекунад. Барои саломат ва боқувват будан хӯроки гуногун хӯрдан лозим аст.

Хуроки шомро бо аҳли оила бихӯр!

Дар давоми рӯз ҳар кадоми аҳли оила нақшаҳои гуногун доранд, вале бегоҳӣ, дар як вақти муайян ҳама барои таоми шом сари дастархон бояд ҷамъ шаванд. То ҷамъ шудани ҳама, тановули ягон таом хуб нест! Дар вақти тановули таоми шом ҳар кас дар бораи навигариҳо ва дастовардҳои имрӯза нақл мекунад. Таоми шом воситаи хубест барои аҳлияти оила.

Дӯстонатро дониста интихоб бикун!

Ҳаёт моро бо одамони гуногун рӯбарӯ мекунад. Ва худи ҳаёт нишон медиҳад, ки кадомашон кирои дӯстианд ва аз кадомашон дуртар будан беҳтар аст. Бодиққат бош!

***

Дар фарҷом бояд гӯям, ки ин фармудаҳо танҳо як бахши андарзҳои падарам мебошанд. Худи падарам дар иҷрои тартиботе, ки ба мо талқин мекарданд, намунаи ибрат буданд. Як қисми дарсҳоро мо аз рафторашон меомӯхтем. Масалан, падарам ҳеҷ вақт бадгапиву бадрафторӣ намекарданд ва ё нисбати ягон кас сахт хашмгин шуданро раво намедонистанд. Бо аҳли оила, хешу табор, ҳамсояҳо, ҳамкорон ва умуман бо хурду калон рафтори боадабона, боэҳтиромона ва самимона доштанд. Падарамро асосан бо ҳоли хуш ва табъи болида дар ёд дорам. Ҳатто агар корҳояшон пешрав набошад ҳам, мо инро аз рафторашон пай намебурдем. Дар иҷрои ӯҳдадориҳо ва расидан ба мақсадҳо ҷидду ҷаҳди тамом нишон медоданд. Як корро ба анҷом расонида, баъд ба кори дигар машғул мешуданд.

Падар барои навигариҳо доим кушода буданд. Аз воқеаҳои зиндагӣ, аз хурду калон, вохӯрӣ бо одамони нав сухан ва рафтори нав мекофтанд, ва агар ёфтанд – мушоҳидаҳояшонро дарҳол ба дафтари махсус навишта мемонданд, ки агар лозим ояд дар эҷодиёт ва зиндагӣ истифода баранд. Китобро бисёр мехонданд. Дар китобхонаи мо зиёда аз ҳазор китоб ҷамъоварӣ шуда буд, ва қариб ҳамаи онҳо дар ҳошияҳояшон қайдҳои падарамро доранд.

Хӯроки мо қиммат набошад ҳам, гуногун буд. Моҳӣ, ҷигар, “калла-поча”, сабзавоту маваҳои гуногун, алафҳо, каду, шалғам ва ҳатто гоҳ-гоҳ маваҳои дар даври шӯравӣ камёб – авокадо, банан, грейпфрут, кокос, ки падар аз сафарҳои хориҷиашон албатта барои мо меоварданд, вояи хӯроки моро ташкил медоданд. Ва албатта хӯроки шом бо аҳли оила – риоя мекарданд ва талаб мекарданд, ки ҳама бегоҳӣ дар сари дастархон дар вақти муайян ҷамъ оем. То рӯзҳои охирини ҳаёташон аз ин одат даст накашиданд – ба баргаштани ман аз кор интизор шуда менишастанд, ва танҳо баъди омадани ман, хӯроки бегоҳиро ҳамроҳ мехӯрдем…

Декабри соли 2014

 Аз Наримон Бақозода в адар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро ҳам метавонед бихонед:

Шеърҳо, афсонаҳо, чистонҳо. – Душанбе: Ирфон, 1971. – 47 с.

Сурнайчӣ. – Душанбе: Маориф, 1975. – 45 с.

Шаш ҳикояти пахта: Ҳикояҳо барои бачаҳои синни миёнаи мактабӣ. – Душанбе: Маориф, 1982. – 48 с.

Тезгўяк. – Душанбе: Саъдии Шерозӣ, 2011. – 8 с.

Озода шав. – Душанбе: Маориф, 2015. – 12 с.

Маҷмўаи мақолаҳо ва Китобномаи шарҳиҳолӣ. – Душанбе: Истеъдод, 2015. – 77 с.

Бибӣ-рўбоҳ: Афсона // Машъал. – 1976. – №12. – С.11-14.

Дугонаҳо; Ҷони ако: Бадеҳаҳо // Адабиёт ва санъат. – 1984. – 31 май.

Ягонагӣ; Пайванд: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 1986. – 27 ноябр.

 Дуои падар гиред: Бахшида ба 75 солагии адиби маҳбуб  Фотеҳ Ниёзӣ // Пионери Тоҷикистон. – 1989. – 3 май.

Кишвари зебои ман: Шеър // Пионери Тоҷикистон. – 1989. – 7 ноябр.

Устод ҳамеша зинда аст: Ёдбуди шоири шинохтаи тоҷик Мирсаид Миршакар // Адабиёт ва санъат. – 1993. –  12 август.

Шоҳтут: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 1999. – 10 июн.

Дунё ба умеди ман; Аё мактаб: Шеърҳо // Анбоз. – 2000. – №8. – С. 8.

Офтобак механдад: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2001. – 6 апрел.

                            Дар  бораи шоири маъруф

Раҷабӣ, Д. Таронаи бахти кўдакон: Эҷодиёти Н. Бақозода // Адабиёт ва санъат. – 1985. – 25 июл.

Аминов, А. «Алифбои дилкушо» Андешаҳо оиди китоби нави шоири бачагони мо Наримон Бақозода бо номи «Алифбои дилкушо» // Адабиёт ва санъат. – 1999. – 20 январ.

Авғонов, Қ. Бо кўдакон кўдак мешуд: Ёде аз адиби кўдакон, шоири дарёдил Наримон Бақозода // Адабиёт ва санъат. – 2015. – 13 август.

Қодир, О. Фиғони дили маро шумо ба мардум расонед: Роҷеъ ба фаъолияти шоири бачагона Наримон  Бақозода // Чархи гардун. – 2015. – 13 май.

Таҳияи Бибикубрия Қурбонова

корманди  шуъбаи библиографияи миллӣ