Эҳтиром ба калонсолонро аз Пешвои миллат бояд омӯхт

emomali-rahmonҲамарӯза дар нақлиёти ҷамъиятӣ ба ҳолатҳое дучор мешавем, ки барои миллати тоҷик ва фарҳангу маданияти мо рост намеояд. Ин ҳам эҳтиром накардани калонсолон аз ҷониби ҷавонон ва ба онҳо ҷои нишаст надодан аст. Имрӯз ҳангоми ба кор омадан низ чунин воқеа рух дод. Муаллимае, ки сину солашон ба ҷое расидааст вориди автобус шуданд ва ҷавондухтарони мо, ки чандин нафар нишаста буданд ба он кас аҳамият надоданд ва пешниҳоди нишастан накарданд. Ҳамаашон сари худ болои телефонҳои мобилӣ хам намуда менишастанд. Ҳамон лаҳза ман ба муаллима пешниҳод намудам, то омада дар ҷои ман нишинанд. Аммо он кас рад карда гуфтанд, ки ин қадар ҷавондухтарон чашмашонро аз телефонҳои мобилиашон махсус набардошта нишастаанд ва чаро ақли ба калонсоле ҷой додан намекунанд?

Пас суоле ба миён меояд, ки чаро чунин аст? Чаро имрӯз миёни ҷавонони мо эҳтиром ба калонсолон коста шуда истодааст? Охир дар маданият ва фарҳанги мо эҳтироми падар ва модар, эҳтиром гузоштан ба шахсони куҳансол ҳамеша дар мадди аввал гузошта шудааст ва падару модарони мо моро чунин тарбия намудаанд.

Саҳаргоҳон вақте дохили нақлиёти ҷамъиятӣ мешавам мебинам, ки модарони мо бо фарзандони худ дар ду курсӣ нишастаанд ва ақли ҷой додан ба нафари дигарро намекунанд. Вақте зан ё марди аз ӯ калонтар болои сараш истодааст фарзанди худро аз ҷояш хезонда ба калонсолон ҷой намедиҳанд ва бо ғурур ба берун нигоҳ карда меистанд. Ва ё ҷавондухтарони мо, вақте болои сарашон зан ва ё марди аз онҳо калон рост истодааст, бе ягон шарму ҳаё ва азоби виҷдон чунин вонамуд месозанд гӯё онҳоро надида истодаанд.

Пас ҳамаи ин бетарбиягӣ ва беэҳтиромӣ аз куҷо сарчашма мегирад? Албатта аз оила! Барои он, ки фарзанди мо хушахлоқ ва боодоб бошад, бояд худи мо волидон ба онҳо намуна бошем. Чунки онҳо ҳамаро аз мо нусхагирӣ мекунанд. Вақте модар чунин рафтор мекунад пас аз фарзанди ӯ чи умед? Охир чунин модарон ҳам рӯзе пирӣ доранд, пир мешаванд. Аттори хушсухан гуфтааст:

Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз
То азизи дигарон бошӣ ту низ,

Тарбияи фарзанд пеш аз мактабу ҷомеа ба дӯши оила вогузор карда шудааст. Мо бояд фарзандонамонро чунон тарбия намоем, то онҳо ҳамеша амали шоиста дошта бошанд, салом додан ва эҳтироми шахсони аз худ калонро ба ҷо оранд, бе иҷозат миёни гапи аз худ калон ҳамроҳ нашаванд ва гапи калонсолонро набуранд.

Албатта, ман гуфтани нестам, ки ҳамаи ҷавонписарон ва ҷавондухтарони мо бадахлоқанд ва аз мактаби таълиму тарбияи волидон нагузаштаанд. Миёни онҳо ҷавононеро мебинем, ки номбардори миллату Ватан, номбардорони падару модар ҳастанд. Чунки, тарбияи дуруст гирифтаанд. Дар ягон мактаб, ягон омӯзгор ба тарбиятгирандааш намегӯяд, ки ба калонсолон дар нақлиёт ҷой надиҳед ва онҳоро эҳтиром накунед, дар ҳузури онҳо бо овози баланд гап занед ва суханҳои қабеҳ занед. Мутмаинам, ки дар мактабҳо дар ин бобат дарсҳои махсус гузаронида мешаванд ва омӯзгорон ҷавонони моро ба роҳи ростӣ ва хушахлоқию боодобӣ роҳандозӣ менамоянд. Сараввал мо бояд ба тарбияи фарзандон дар оила диққат диҳем. Дар оила падару модар бояд бо фарзандон дар ин мавзуъ суҳбатҳо гузаронанд.

Беаҳамиятӣ ва бетарафии мо ба чунин ҳолатҳо метавонад моро ба пастӣ барад. Ба тарбияи насли наврас ва ҷавонон бояд пеш аз ҳама дар оилаи худ, пасон дар мактаб ва ҷомеа диққати ҷиддӣ дод. Дар хона ба фарзандонамон аз одобу ахлоқ, рафтору гуфтор, ҳурмату эҳтироми калонсолон сухан кунем. Агар мо аз оилаи худ ин корро оғоз намоем, бовар дорам, ки ин ба ҷамъяту миллати мо манфиати калон меорад.

Эҳтиром ва рафтори шоиста бо калонсолонро аз Пешвои миллат бояд омӯхт. Бубинед, чи гуна Пешвои муаззами мо ба калонсолон эҳтиром мегузоранд. Ба кадом минтақае сафар накунанд, пеш аз ҳама бо куҳансолон вохурӣ мегузаронанд. Дар ҳамаи пиразанон модар ва дар ҳамаи пирамардон симои падарро мебинанд. Дар ҳар як вохӯриашон бо ҷавонон, таъкид мекунанд, то онҳо эҳтироми падару модар, эҳтироми омӯзгор ва калонсолонро ба ҷо биёранд, дуои неки онҳоро бигиранд.

Дар яке аз вохӯриҳояшон бо ҷавонон, 23 майи соли 2005 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд: “Бигузор ҷавонон ҳамчун неруи пешбаранда, илҳомбахши кору пайкор, ворисони арзандаи миллату давлат ва тақдирсози роҳи имрӯзу ояндаи Тоҷикистон бошанд!”. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намуданд, ки ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонони мо аст ва ҳамеша дастгир ва ғамхори ҷавонон мебошанд.

Сараввал ва ҳамеша мо бояд бо ҷавонон аз одобу рафтор, аз ахлоқи ҳамида ва маданияти баланд, аз гуфтори нек ва эҳтиром бо калонсолон сухан кунем ва тарбия диҳем. Мо бояд дуои неки волидон ва куҳансолонро гирем, чунки вақте онҳо дасти дуо болои сари мо мебардоранд, дуои нек балогардон ва нигаҳдоранда аз мусибатҳо дар ҳаёти якояки мо мегардад. Бинобар ҳамин, ҷавонони мо бояд кӯшиш намоянд, то ҳамеша дуогирӣ калонсолони некбин ва нексиришти мо гарданд.

Бунафша Раҳмонова,
медиатекаи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон.