Эй Дўст, ба пирӣ бенавоям накунӣ…
Соли 2019 дар шаҳри Душанбе китоби шоир Волӣ “Бонги қалб” чоп шуд, аммо нувсхае аз он ба тозагӣ ба Китобхонаи миллӣ расид. Муҳаррири китоб Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим буда, ба теъдоди 500 адад нашр шудааст. Маҷмўа аз ғазалиёту дигар шерҳо ва рубоиёт мураттаб гашта, ки муаллиф дар чанд соли охир эҷод кардааст.
Ин чанд рубоӣ аз ҳамин китоб аст:
Чизе талабӣ, Худо ҳамонат бидиҳад,
Дар даҳр чунон кунӣ, чунонат бидиҳад.
Дунё маталаб, ки бар дигарҳо монад,
Раҳмат биталаб, ки ҷовидонат бидиҳад !
Хушбахт касе, ки ҳаваси беш накард,
Анбони тамаъ ба гардани хеш накард.
Аз давлату савлати касон ғусса нахўрд,
Шукрона ба дода карду дил реш накард.
Сад бор пагаҳ гузашту гуфтам зи пагоҳ,
Дунё ҳама шоҳид – навравам сўи гуноҳ!
Рўз аз пайи рўз рафту моҳ аз паи моҳ,
Ин мўй сафед гашту ин рўй сиёҳ!
Дар мардуми дида ҷоҳу ҷоят бидиҳад,
Дар роҳи талаб равона поят бидиҳад.
Раҳмону Раҳим аст Худованд, вале
Он гуна, ки худ туӣ, сазоят бидиҳад.
Ёри ману ёри ману ёри мани зор,
Хорам ману хорам ману хорам мани зор.
Оғози муҳаббати ту бо ман ин аст,
Хокам ба даҳан, чӣ мешавад охири кор!
То дар ҳади худ поку муназзаҳ нашавӣ,
Аз неку бади хештан огаҳ нашавӣ,
Гар сад талабиву ба ҳазорон бирасӣ,
Гўям ба яқин: агар нуҳӣ, даҳ нашавӣ!
Ҳар чиз,ки дидему надидем, гузашт,
Ҳар нуқта, ки гуфтему шунидем, гузашт.
Аз хирмани умри рафтаи худ чун мурғ
Ҳар дона,ки чидему начидем, гузашт.
Эй Дўст, ба пирӣ бенавоям накунӣ,
Бе чашму забону дасту поям накунӣ.
Бе чашму забону по тавонам будан,
Дар маҳшари охират гадоям накунӣ.
Таҳияи Шарофат Мирзоева.