Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромўш намешавад!
Бахшида ба Рўзи Ғалаба маҳфили фарҳангӣ-сиёсии шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангии Китобхонаи миллӣ бо номи «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромўш намешавад» бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Онро муовини директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода ифтитоҳ намуда, аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдовар шуд.
-Ҳар сол дар саросари кишвар 9-уми май чун рўзи ғалаба бар фашизм таҷлил мешавад. Ва мо корномаҳои он нафаронеро, ки саодати имрӯзи моро таъмин намудаанд, ёд менамоем. Зиёда аз 22 миллион шаҳрвандони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар ин ҷанги хонумонсӯз қурбон шуданд. Имрӯз аз онҳое, ёд мекунем ки аз худ қаҳрамонӣ нишон доданд, кишвари моро ҳимоя карданд, ба ивази ҷони ширинаш хушбахтии ҳамешагиро барои наслҳо муҳайё сохтанд.
Иштироккунандаи ҷанги Афғонистон, номзади илмҳои филологӣ Сайфиддин Акрамзода низ хотироташро доир ба ин рўзи таърихӣ қисса кард. Вай аз онҳое ёдовар шуд, ки имрӯз миёни мо нестанд, вале корномаи ҷангиашон абадзиндааст.
Корманди марказии дастгоҳи кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Садриддин Ширинӣ зимни суханронии худ иброз дошт, ки дар замони сохибистиклолӣ на дар ҳама давлатҳои пасошӯравӣ аз ҷашни Ҷанги Бузурги Ватани ва пирӯзӣ бар фашизм ёдоварӣ мекунанд. Иддае аз ин кишварҳо бо ин амали худ саҳфаи фоҷеаборро мехоҳанд аз таърихи худ баркананд.
Вай дар идома афзуд, ин ҷашн барои миллати мо аҳамияти вижа дорад. Ба шарофтаи сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат эхтиром гузоштан ба насли калонсол солҳои 1941-1945 дар даврони соҳибистиқлолии кишвар моҳият ва рислоти худро гум накард. Балки аз сол ба соли дигар он бошукӯҳу шаҳомати бештар таҷлил мешавад.
Муҳаммадиқбол Атозода, сардори Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ иброз дошт, ки бидуни шак саҳифаҳои таърихи Китобхонаи миллӣ саҳифаҳои дурахшон ҳастанд. 10 нафар кормандони Китобхонаи имиллӣ дар набард бо истилогарони фашистӣ дар сафи аввал буданд ва ҷоми шаҳодат нӯшиданд. Аз миёни бонувони китобхона исми Рана-апа (Рана Талман) машҳур буд.
Ин бону чун муовини сиёсии двизияи тирандозҳо хидмат кардааст. Беш аз 45 нафар мардони китобхона дар сохтани иншоотҳои пасазҷангӣ ширкат карданд, роҳ сохтанд, пул сохтанд, қисми ҳарбӣ сохтанд, бунгоҳҳои тибӣ бунёд карданд, то маҷруҳон дар он муолиҷа шаванд. Барои вагони 21 қатораи табобатие, ки дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ хизмат мекарданд, бо забони тоҷикӣ сандуқҳои китоб равон карда буданд, ки маҷруҳони тоҷике, ки дар ҷангҳо захмӣ шудаву ба бемористонҳо афтодаанд, тавонанд бо забони миллии худ мутолиа кунанд. Дар лаҳзаи ҳассос, лаҳзае, ки инсон ҷон медод, таблиғи маърифат мекарданд.
Ин нишаст хотирмон гузашт. Ёдоварии саҳнаҳои пурдаҳшат, корномаҳои ширкаткунандагон барои имрӯзиён дарси шуҷоату мардонагист.
Ҳар лаҳзаи будан дар корзори мубориза зидди фашизм худ шоистаи садҳо варақ ёдонома, садҳо повусту роману достон аст. Мутаассифона, имрӯз худи он қаҳрамонон, мардони далеру шуҷоъ дигар миёни мо қариб, ки нестанд. Вале наслҳо бояд корномаҳои онҳоро аз саҳифаҳои китобҳо, ёдномаҳо биҷӯянд ва бихонанд.
Раҳима АЗАМ,
бахши матбуот
ва робита бо ҷомеа.