ЭЙ  НОБИҒА, ОВОЗИ АҶАМ, ОДИНА  ҲОШИМ…

   Ахиран бо ҳамин ном дар шаҳри Душанбе китоби нашр шуд, ки мураттиби он Абдуҳалим Салимзода, зодаи деҳаи Нишораки ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, хатмкардаи шуъбаи забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Аълочии матбуоти Тоҷикистон мебошад. Китоб хотирапораҳои адибон, шоирон, ҳунармандон ва мухлисони Ҳафизи халқии Тоҷикистон устоди шодравон Одина Ҳошимро дар васфи ӯ дар бар мегирад.

Ин китоб ба тозагӣ ба Китобхонаи миллӣ ҳам ворид шуд ва хонандагон метавонад дар ҳар толори хониш онро фармоиш диҳанд ва мутолиа намоянд.

Чанд навиштаи бузургон дар ситоиши устод Одина Ҳошимро аз ин китоб чун намуна меорем:

   Ашўр САФАР, Шоири халқии Тоҷикистон:

   То марги хатокор дигарбора хато кард,

    Хушсуҳбати мо аз бари мо зуд ҷудо кард.

    Пайкар ба замин мондаву рўҳаш ба фазо кард,

    Сози сухану нағмаи дилбоз фано шуд,

    Барканд ҳама тор, ки овоз фано шуд.

    Аз ғафлати имрўз Худоро ғазаб омад,

    Бар мамлакати рўз сияҳрўй шаб омад,

    Чанги ғами ҷонсўз ба ҷайби тараб омад,

    Дар сўхтани оташи ғам навбати мо шуд,

    Торик зи дуди ғами мо рўйи ҳаво шуд.

    Дар ҳурмати ў ҷаҳди сазовор накардем,

    Ҷуз ғайбати бисёр дигар кор накардем,

    Шукри нигаҳи булбули гулзор накардем.

    Ношукрии мо бар сари мо дарду бало шуд,

    Аз бори ҷафо қомати мо чангу дуто шуд.

   Ў марсияхони ҳунари хеш шуд охир.

   Бо нола қалам бар ҷигари хеш шуд охир.

   Раҳпои қазову қадари хеш шуд охир,

   Бар реҳлати худ аз алами беш ризо шуд,

   Армони ба базмаш шудани халқ адо шуд.

                                   *****  *****  ****

                Қутбӣ КИРОМ,  Шоири халқии Тоҷикистон:

       

Сўхтам аз хотирам  занги кудурат барнахост,

 Рафт хокистар ба бод оина бе пардоз мо

    «Чӣ нависам, ки тайи рўзгори пасинаш ҳамвора месуруд ин байтро бародарам Одина Ҳошим ва ин марди яклухт обу адои миллат, эҳёгари ҳаёти мусафоро дар  Шарқу Ғарб, чун паёмбар ва хунёгари соҳибовоз мешиносанду дўст медоранду қадр мекунанд. Мани хокӣ, вақте, ки ин марди малакутиро дар Эрону Қувайту Порису Олмон бо кафкўбиҳои осмоншикоф истиқбол мекунанду бо ашки шашқатор  аз толор гусел мекунанд…

 Чӣ гўям ва чӣ сон аз ёд барам, ки дар Регистону Самарқанди бостонӣ марде фариштахў миёни мо ўро бишнохт, ба оғўш кашид, ашк рехт ва байте ҳам гуфт дар сифаташ:

Гар Каъба сари кўйи ту мебуд, чӣ мебуд?

В-ар  қибла гули рўйи ту мебуд, чӣ мебуд?

Оре, марди раҳгузар, ки  овози ўро аз дур шунида, ин қадар мафтун шуда бошад, пас мо ҳамнишинони Одинаро маснаду мақомест осмонӣ. Зеро ҳамвора дар алови суҳбату нағмагароии ў гарм буда, умре озори дили худро бо нағмаҳои ў гарм карда меоем.

….Охир чӣ гўям, ки дар Филгару Қашғару Хоразму Ҳиҷозу Шероз маънирасону адофаҳмонашон бошанд?

Одина Ҳошим – ин марди яклухт обу адои миллат, эҳёгари ҳаёти мусаффоро дар шарқу ғарб чун пайғомбар ва хунёгари соҳибовоз мешинисонанду дўст медоранду қадр мекунанд.

     *******  *******  ******

Абдулҳамид САМАДОВ,

 Нависандаи халқии Точикистон:

 

«Истеъдоди сарояндагӣ чун мероси падар, балки муқаддас буд. Ў дар  интихоби  матн ҳаргиз  саҳлангор  набуд ва ягон сатрро бе ҳадаф намесароид. Марди ҳунар ба ин васила ҳам ба хор шудани истеъдодаш роҳ намедод. Охир истеъдод низ чун атои офридагор тарбияту қадршиносӣ мехоҳад, ҳам бо завқу ҳунари худ сайқал мебахшид, маъниёти мухлисонро низ ғанӣ мегардонад. Ў ҳаргиз ба безавқе, кундафаҳме пастфитратӣ, ҷоҳилию бефарҳангӣ, зиёда аз ин ба қадрношиносии сухану истеъдоди асил муросо карда наметавонист, месўхт, бетоб ҳам мешуд ва аз курсии баландии ҳунар бадард фарёд мекашид : «Он лаб, ки сухансанҷ набошад, лаби бом аст». Ва ё:

             Ҳар кас, ки надонад қадри ёри худро,

              Дар рўйи замин сагони олам беҳ аз ў.

     Шоҳбати ғазали ноби Ҳофизу Бедил, Соибу Саййидо, Лоҳутӣ бо навою овози устод Одина як олами фавқулода рангину зебост, ки нозуктарин торҳои дилу эҳсосоти моро меангезад, ҳаловату роҳатамон мебахшад. Шояд кам касон бовар бикунанд, ки устод Одина зиндагии дарвешона дошт: кару фар, худнамоӣ ва иззатталабиро пушти по зада буд. Чор тан аҳли завқ ва ошиқи шеъру сурудро пайдо мекард, дилаш боғ-боғ мешукуфт ва базми орифона меорост. Дутори Акашариф зери панҷаву нохунҳои ў нағма мерехт, рубоби Мирзоватан, аккордеони Раҳматулло бо нолаву шеваи ба он ҷўр мешаванд. Ва овози башираву хуши устод ба фазо мепечид…

*********   ********    ********   ********

 Алимуҳаммад  МУРОДӢ,  Шоири халқии Тоҷикистон:

 

                        ПЎЗИШ

        ( Ёде аз Одина Ҳошим )

Дасти бозихунуки шаб, ки расид,

Даффи тиллоии хуршед кафид.

Турнаҳо

Ҳамчунон тори рубоби ту садое доданд

Ва зи ҳам бигсастанд.

Осмон косаи бозии рубоб аст онро

Ҳамчунон бар сари бесоҳиби ту,

Ба сари санги мазори ту зада бишкастанд,

Ва садафҳояш парешон гаштанд.

Пеши беғам ғами дилро натавонӣ гуфтан,

Омадам бар сари гўри ту, ки бо ту гўям,

Аз ду чашми чашма

Лавҳаи гўри туро мешўям.

Ту вале хомўшӣ,

Ту малолӣ аз ман…

Ки чу тобути шаҳид

Ҷисми зардови ғаматро монданд,

Пои як минбари чун минбари иблис баланд,

Ва ту дар зиндагиат

Ту ба пои минбар.

Душману дўст ҳама дар сари минбар буданд,

Сифатат мекарданд.

Дар забоншон афсўс,

Гиряҳошон пурфанд,

Дили ториктар аз гўри сияҳшон хурсанд,

Ки бишуд боз чароғе хомўш,

Як  дили рўшану бедор бинмондаст аз ҷўш.

Эй дилат оина,

Акаи Одина,

Эй дарунсўхтаи берунсабз,

Дар гусели ту набудам 3-он рў,

Ки на бинад ва на сўзад дигар.

 Ин дили хокистар,

Ман ба марги ту надорам бовар.

Таҳияи Шарофат Мирзоева.