Эмили Дикинсон – шоире бо розҳо ва андуҳҳо
Аз таваллуди Эмили Дикинсон 195 ва аз вафоташ 139 сол мегузарад. Аз ҷумлаи он адибони олам аст, ки дар зиндагӣ шуҳрати худро надид. Навишту чоп накард, суруду дар варақҳо гузошт ва то зинда буд, касе ба ҷуз наздиконаш аз онҳо хабаре надошт. Аммо ашъори мондагораш баъди маргаш ӯро соҳибшуҳрат кард. Оламиён аз шоире бо номи Эмили Дикинсон замоне огоҳ шуданд, ки дар синни 55-солагӣ тарки олам карда буд.
ЭМИЛИ ДИКИНСОН 10-уми декабри соли 1830 дар Амхерст, иёлати Массачусетси ИМА чашм ба олами ҳастӣ кушод.
Эмили Дикинсон тақрибан 1800 шеър эҷод карда, вале замони зиндагиаш ҷуръат накардааст, ки онҳо нашр кунад. Танҳо пас аз марги ӯ ҷаҳониён дар бораи осори шоири бузург, ки ба иқтибосҳо тақсим шудаанд, шинос шуд.
Эмили Элизабет Дикинсон бо бародари калонии худ Вилям ва хоҳари хурдиаш Лавиния ба воя расидааст. Эмили маълумоти хуб гирифтааст: вай дар мактаби ибтидоӣ ва сипас Академияи Амхерст таҳсил карда, забонҳо, адабиёт, рустанишиносӣ ва геологияро меомӯхт.
Вақте ки ӯ 14-сола буд, дар оила фоҷиа рӯй дод – ҷияни ӯ София Ҳолланд вафот кард. Ин адиби ҷавонро ҳаяҷонзадаву парешон кард. Эмили мудом хомўш буд ва ба ҳама чиз бепарво шуд. Волидонаш духтарашонро барои муолиҷа ба Бостон фиристоданд. Духтарак баъдтар дар як шеър ин ҳодисаро тасвир кардааст.
Пас аз хатми мактаб, Эмили ба семинарияи занонаи кӯҳии Лион, ки дар масофаи 16 км аз зодгоҳаш ҷойгир буд рафт. Аммо пас аз 9 моҳ бо сабабҳои номаълум дарсҳоро тарк карда, ба хонаи волидон баргашт ва қариб тамоми умр аз он ҷо берун нарафтааст. Эмили ба мутолиаи асарҳои нависандагони замони худ шавқу ҳавас дошт.
Пас аз он ки модараш гирифтори бемории музмин шуд, Дикинсон худро комилан дар Амхерст гўё, ки зиндонӣ кард. Вай аксарияти ўҳдадориҳои хонаро ба дўши худ гирифта, вақти зиёди худро ба хондан ва нигоҳубини боғ сарф мекард. Ин давраи авҷи баланди эҷодиёти ӯ буд. Эмили дар ин давра асарҳои пешина навиштаашро такмил дода, ба тартиб овард, онҳоро дар китобҳои мукаммал ҷамъоварӣ мекард, аммо аз тарси интиқод ҷуръат намекард, ки ба нашр расонад.
Дар солҳои охири умри худ, зан хеле кам миёни мардум зоҳир мешуд. Ҳамсояҳо ӯро як зани сода медонистанд, зеро ӯ либоси сафед пӯшидан ва аз дари баста бо меҳмонон сӯҳбат карданро афзал медонист.
Шоир зиёд бемор мешуд. Ҳангоми таҳсил дар академия ӯ маҷбур шуд, ки аз сабаби бад шудани саломатӣ як сол онро тарк кунад. Чанде пеш аз маргаш падару модар, дӯстон ва ҷияни маҳбубашро аз даст дод, ки ин талафот саломатии ӯро бештар хароб кард. Аммо сабаби марги ў варами гурда буд, ки 2,5 сол давом кардааст.
Бинобар ин, Эмили соли 1886, дар синни 55-солагӣ даргузашт.
Асарҳои «Тақдир хонаи бедар аст», «Шеърҳоям паём ба олам аст, Аммо ӯ ба ман ҷавоб намедиҳад“, «Бо сухан даҳонамро бастаанд», «Ин ҳама чизе, ки ман шуморо овардаам!..», «Дусти шоирон – Тирамоҳ гузашт…», «Ҳар як теппа дигар шудааст!..», “Ман мефаҳмам – чаро?..” мансуби ўянд.
Таҳияи Саломат Яқубова,
сармутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ
ба шахсони имконияташон маҳдуд.