“Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ”
Чунин ном дорад китобномае, ки дар таҳияи Шариф Комилзода, Директори Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ахиран чопхонаи “ЭР-граф” бо дастгирии Раиси ҶСК “Ориёнбонк” Ҳасан Асадуллозода ба нашр расонидааст.
Абдуҷаббор Раҳмонзода, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор дар мақолаи худ бо номи “Бозтоби симои Пешвои миллат дар адабиёти тоҷик” менависад: “Ҳар як давраи таърихӣ ба арсаи сиёсат шахсиятҳои замони худро мебарорад, ки минбаъд адабиёт фаъолият ва корнамоиҳои ӯро ҳамчун оинаи равшани ҳаёт инъикос менамояд. Дар оғози солҳои навадуми асри бист ва аввали асри 21 ҳамин гуна симо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор рафта, тамоми дастовардҳо ва пешрафтҳои соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ба фаъолият, заҳмати шабонарӯзӣ, кӯшишу ибтикори ин фарзанди фарзонаи миллат алдоқаманд мебошад. Ин шахсияти барҷастаи таърихӣ тавонист, ки Тоҷикистони азизи моро дар арсаи байналмилалӣ машҳур гардонад ва номи тоҷиконро ҳамчун миллати бофарҳанг ва таърихӣ бештару зиёдтар муаррифӣ намояд”.
Муаллиф аввалин шеъри васфӣ дар ситоиши Эмомалӣ Раҳмонро шеъри устоди шодравон Лоиқ Шералӣ “Сулҳи деринтизори мо омад” донистааст, ки ба муносибати имзои созишномаи сулҳи тоҷикон дар Маскав иншо шуда, аввалин бор ба истиқболи сарвари давлат дар фурудгоҳ аз ҷониби устод хонда шудааст. Ва дар радифи ҳамин шеър дигар адибон, аз ҷумла Ашӯр Сафар, Меҳмон Бахтӣ, Бозор Собир, Гулназар Келдӣ, Ҳадиса, Камол Насрулло, Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб, Ҳақназар Ғоиб, Ато Мирхоҷа, Раънои Мубориз, Хайрандеш, Рустами Озарахш, Давлати Раҳмониён, Рустам Ваҳҳоб, Озарахш ва дигарон низ шеърҳо сурудаанд.
Китобномаи “Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ” аз 3 қист ва 6 рукни таркибӣ мураттаб шудааст.
Дар қисми якуми китобнома номгӯи осори назмии дар шакли алоҳида чопшуда ва намунаи ашъори дар нашрияҳои даврӣ, ғайридаврӣ ва давомдор интишорёфта шомиланд.
Дар қисми дуюм адабиёти насрӣ аз 4 боб иборат буда, мураттиб талош кардааст аввал асарҳои дар назм иншошуда бо се забон: тоҷикӣ, русӣ, узбекиро мураттаб кунад. барои осон шудани кори пажуҳишгарон дар қисми сеюми китобнома кӯмакфеҳристҳои алифбоии асарҳо ва ашхос пешниҳод шудаанд.
Китобнома маводи чопии солҳои 1994-2015 интишорёфтаро фаро гирифта, дар асоси захираи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, нашрияҳои библиографии Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон тартиб дода шудааст.
Мураттиб бар ин назар аст, ки “дар ин нашр на ҳамаи маводи интишорёфта ворид шудаанд. Иллати аслии номнавис нашудани тамоми маводи ба мавзуъ ихтисосдошта қабл аз ҳама, дар он аст, ки на ҳамаи маҳсулорти чопии дар қаламрави ҷумҳурӣ нашршуда аз ҷониби муассисаҳои интишоротӣ тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ба ҳайси нусхаҳои ҳатмӣ ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Хонаи китоби Тоҷикистон ворид мешаванд. Илова бар ин ба таъдоди кам нашр шудани китобҳо (аз 100 то 200 нусха) имкони дастрасиро душвор гардонда, барои сари вақт бақайдгирӣ ва феҳристнигории онҳо монеъа эҷод мекунанд”.
Тавре Шариф Комилзода, мураттиби китоб гуфт, ин дувумин китобномаи ӯ дар бораи президенти Тоҷикистон аст. Аммо ба фарқ аз китоби “Эмомалӣ Раҳмон. Китобномаи шарҳиҳолӣ”, ки 5215 номгӯи матлабҳову китобҳои нашршуда дар бораи президенти Тоҷикистон ва асарҳои навиштаи худи ӯро ҳам дар бар мегирифт, дар китобномаи “Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ” танҳо адабиёте шомил шудааст, ки марбут ба жанрҳои адабианд.
Китобномаи “Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ” барои хонандагону донишҷӯёни тамоми зинаҳои таҳсилот ва омӯзгорону муҳаққиқон ҳамчун дастур ва раҳнамои илмӣ хидмат хоҳад кард.