Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат

12 – уми августи соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси роҳбарияти муассиса Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат» баргузор гардид.
Дар кори конференсия доираи васеи сиёсатмадорон, ходимони давлатӣ, олимону муҳаққиқон, меҳмонони дохилию хориҷӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҳамоиш директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Лутфия Абдулхолиқзода, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён ва дигарон иштирок намуданд.
Ҳамчунин дар кори конференсия сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Русия, намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркманистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Корея, Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Фаронса, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Давлати Фаластин, Давлати Қатар, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Давлати Кувайт, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Дафтари Швейтсария ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ширкат доштанд.
ДАСТОВАРДҲОИ СОҲАИ МАОРИФ
Сипас, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода суханронӣ намуда, доир ба дастовардҳои соҳаи маориф ва илм дар даврони соҳибистиқлолии кишвар андешаронӣ кард.
Зикр гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти рушди низоми маориф, бунёди муассисаҳои таълимӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва фароҳам овардани имкониятҳои нави таҳсил тадбирҳои муҳим амалӣ гардидаанд.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз дар кишвар 51 муассисаитаҳсилоти олии касбӣ ва зиёда аз 1500 муассисаитаҳсилоти миёнаи умумии навъҳои гуногун фаъолият доранд. Ҳамзамон ҳазорон донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои гуногуни ҷаҳон таҳсил менамоянд.
Мавсуф таъкид намуд, ки рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб ёфта, таваҷҷуҳ ба таълиму тарбия ва омода намудани насли соҳибмаърифат дар меҳвари сиёсати давлат қарор дорад.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ТАҲҚИҚИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ
Дар идомаи ҳамоиш ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён доир ба ҷанбаҳои таърихнигорӣ ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар омӯзиш, ҳифз ва муаррифии таърихи миллат суханронӣ намуд.
Ӯ таъкид кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ масъалаҳои омӯзиши таърихи халқи тоҷик, мероси фарҳангӣ ва муаррифии чеҳраҳои барҷастаи таърихию адабии миллат ба таври густурда мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтаанд.
Ба гуфтаи Муҳаммаддовуд Саломиён, асарҳои таърихии Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», дар шинохт ва муаррифии саҳифаҳои муҳими таърихи миллати тоҷик нақши назаррас доранд. Дар ин замина ӯ таъкид намуд, ки таваҷҷуҳ ба омӯзиши таърих ва мероси миллӣ барои таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстии насли наврас аҳамияти хос дорад.
ҲАМОИШИ ИЛМӢ БО ИШТИРОКИ МЕҲМОНОНИ ДОХИЛИЮ ХОРИҶӢ
Дар ҷараёни конференсия дигар иштирокчиён низ вобаста ба мавзуъҳои марбут ба давлатдорӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсати хориҷӣ, таърихнигорӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва нақши Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ андешаҳои худро баён намуданд.
Гуфта шуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ барои таҳлили равандҳои таърихию сиёсӣ, омӯзиши дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими робитаҳои илмӣ ва фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои ҷаҳон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат» ҳамчун як ҳамоиши муҳими илмӣ ва маърифатӣ дар фазои омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, иштирокчиён онро муҳим, саривақтӣ ва созанда арзёбӣ намуданд.
Инобат БОБОЕВА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа