Эмомалӣ Раҳмон: “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”. Пешгуфтори муаллиф
Мо кистем, аз куҷоем ва дар кадом дудмон сабзидаем? Нахустаҷдодонамон киҳо буданд, аз куҷо омаданд ва дар кадом бум ошён доштанд?
Ташаккули фарҳангу тамаддун ва давлату давлатдории тоҷикон кай оғоз ёфта ва аз кадом сарчашма ибтидо мегирад? Мақому ҳиссаи таърихии миллати мо дар пайдоишу пешрафти тамаддуни муштараки ориёинажодҳо то куҷост? Забони модарӣ, расму оини аҷдодӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва усули давлатдории мо бунёди миллӣ дорад ё аз дигар халқиятҳои соҳибтамаддун ба мо гузашта?
Суолҳои болоӣ ва садҳо суоли дигар, ки даврони худшиносӣ, истиқлолияти миллӣ ва эҳёи давлатдории навини тоҷикон дар пешорӯйи мо қарор мегиранд, ҳар фарди ҷӯяндаву бедордилро ба гузаштаҳои дури таърихи халқи тоҷик ҳидоят менамоянд.
Рӯҳи равони фарзанди фарзонаи халқ акдемик Бобоҷон Ғафуров шод бод, ки шоҳасари безаволи ӯ “Тоҷикон” воқеан шиносномаи миллати мо гардида, барои ташаккули худшиносии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мо хидмати арзанда намуд. Ин марди бузург аз осорхонаи беинтиҳои таърих осори тамаддун ва мероси фарҳангии миллати тоҷикро зара-зара ҷамъ оварда, ба риштаи таҳрир кашид, танзиму даврабандӣ кард ва ба оламиён исбот намуд, ки тоҷикон қадимтарин сокинон ва соҳибони ин марзу бум буданд ва ҳастанд.
Асари “Тоҷикон” воқеан шӯълае буд, ки ба саҳифаҳои торику фаромӯшгаштаи таърихи миллати тоҷик равшанӣ андохта, падидаҳои худшиносию ифтихори миллиро ба бор овард ва ба фарзандони бедордилу фидоӣ рӯҳу мадор бахшид. Дар он даврае, ки ғояҳои интернатсионализми сохта мағзу устухони низоми мавҷударо фаро гирифта, ҳама гуна кӯшишҳои худшиносии миллӣ саркӯб мешуданд, аз ҷониби роҳбари мақоми аввали ҷумҳурӣ даст задан ба омӯзиши тақдири таърихии миллати тоҷик худ як қаҳрамонӣ буд.
Мо ба гузашта ба хотири парастиши содалавҳонаи ниёгон не, балки барои тақвияти рӯҳи созандагӣ, бузургдошти хотираи нахустаҷдоди роҳкушои мо, ки дар дарозои таърих ба иқдомҳои нав камар баста, ба дастовардҳои бузургу ғайриодӣ ноил гаштаанд, рӯй меоварем. Охир, як сарчашмаи воқеии худшиносии миллӣ, қабл аз ҳама, бунёди давлати соҳибистиқлол, ваҳдати миллӣ, рӯ овардан ба гузаштаи пурифтихор, ҳифзи тамаддуни мероси фарҳангии ниёгон ва поси хотири шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги миллат мебошанд. Воқеан, мактаби худшиносӣ, истиқлолият ва давлату давлатдории миллӣ баробари чандин омилҳои объективию субъективӣ боз як омӯзгори хеле сахтгиру нуқтасанҷе дорад, ки онро таърих меноманд. Сабақҳои ибратомӯзи таърих роҳи гузаштаву имрӯзу ояндаро пешорӯйи мо қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохтҳои силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароямон мекушояд.
Борҳо, ҳангоми аз сари минбар сухан гуфтану дар вохӯриву ҷаласаҳо баромад намудан, гаштаву баргашта таъкид мекардам, ки давлати Сомониёнро ба ҳеҷ ваҷҳ оғози давлату давлатдории тоҷикон хондан раво нест. Зеро халқи тоҷик то аҳди Сомониён силсилаи давлату давлатдориҳоро бунёд гузошта, дар моварои Осиёи Миёна чун қадимтарин миллат шинохта шудааст ва саҳифаҳои нахустини фарҳангу тамаддуни аҳди қадимро дар ин сарзамин таҳрезӣ ва поягузорӣ кардааст.
Воқеан, таърихи давлату давлатдории тоҷикон ба ҳазорсолаҳо басо дур рафта мерасад, ки аз сарчашмаҳои асотирӣ ва ҷанбаҳои ривоятӣ оғоз мегирад. Ин давраи асотириро давраи подшоҳии сулолаи Пешдодиён қаламдод кардаанд, ки ғолибан манзараи ҷомеаи ибтидоӣ ва соҳиби ақлу тамиз гардидану ба остони тамаддун расидани ниёгони моро дар ҷомаи ривояту қиссаҳои дилангез фаро мегирад. Модоме, ки асотири Юнонзамин, асотири Банӣ Исроил, асотири Мисри қадиму Бобилу Ошур чун як рукни таърихи ин кишварҳои мутаққадим эътироф шуда бошанд, пас сулолаи асотирии Пешдодиёнро сарчашмаи таърихи давлату давлатдории тоҷикон ва дигар мардуми ориёӣ шинохтан айбе надорад.
Давраи давлату давлатдории сулолаи Каёниён зинаи аз асотир ба воқеияти таърихӣ гузаштан буда, ба аҳди подшоҳии Гуштосп ва зуҳури паямбарии Зардушт рост меояд. Модоме ки таълимоти Зардушт ва китоби муқаддаси “Авесто”- ро кулли уламои ҷаҳон ва тавонотарин таърихшиносони Шарқу Ғарб эътироф карда, шукӯҳу шаҳомати давлати Каёниён ва кишвари “Ҳазоршаҳр” –и онҳо – Балху Бохтари бостониро ситоиш намудаанд, оё мо тоҷикон – ворисони воқеии сулолаи Каёниён ҳуқуқи маънавие, дорем, ки аз ин ҳақиқати кайҳо эътирофшудаи таърих чашм бипӯшем ва домани абову аҷдоди худро раҳо намоем? Пойдевори воқеии давлати Бохтару Суғди қадим маҳз дар ҳамин давра гузошта шуд, садҳо шаҳрҳои ободу шаҳристонҳои овозадори ниёгони мо, роҳҳои корвонгарду марказҳои бузурги тиҷоратӣ дар ҳамин давра қомат афрохтаанд. Аҳди давлату давлатдории Бохтару Юнон ва Кушониён бошад, бузургтарин саҳифаҳои таърихи куҳани миллати тоҷик аст, ки ҳанӯз ҳам пурра омӯхта нашудааст.
Азбаски домани пешгуфтор кӯтоҳ аст ва зиёдаравиро намеписанданд, аз зикри давлату давлатдориҳои минбаъдаи тоҷикон худдорӣ намуда, ҳаминро меафзоем, ки баъди истилои араб дар Мовароуннҳару Хуросон давлати тавонои Тоҳириён ва дертар давлати Сафориён арзи ҳастӣ намуданд, ки дар қудрату кишвардорӣ аз давлати Сомониён камӣ надоштанд. Вале давлати Сомониён тавонист, ки як давраи хеле пурбаракату мусоиди болоравӣ ва шукуфоии тамаддуну давлатдориро фароҳам оварда, як зинаи навбатии ташакулёбии давлати тавонои миллӣ ва муттаҳидкунандаи халқияти тоҷик, як ҳавзаи паҳновари эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва дастовардҳои моддию маънавии миллати мо гардид. Давлати Сомониён дар ниҳояти кор як ҷавлонгаҳе шуд, ки кишвари фарҳангхезу миллати фарҳангпарвари тоҷик бори дигар заковати фитриву ҳувияти миллии хешро дар ин давра ба ҷаҳони мутаммадин нишон дод. Ин давра чун ҷамъбасти роҳи таърихии миллии тоҷикон эътироф шудааст…
Дар пеш ҷашни 1100-солагии давлату давлатдории Сомониён истодааст ва одатан ба ҷашни абармардони миллат бо дастовези муносибу тӯҳфаи арзанда мераванд. Дар ибтидои кор ман ҳам мехостам аз рӯзгори Исмоили Сомонӣ ва сарнавишти давлати Сомониён ягон асари хоксоронае иншо кунам. Чун дидам, ки олимони тавонову адибони шинохта бо ҳиммати рустамона қариб дар ҳама самту рукнҳои давалату давлатдории Сомониён асарҳо офаридаанд, ҷуръатам нарасид, ки ба ин мазӯъ даст занам.
Азбаски таърихи нахустини давлату давлатдории тоҷикон кайҳо боз маро сӯйи худ мекашид, тасмими гирифтам, ки ба куҳантарин саҳифаҳои саргнавишти миллат ва бунёдгузории тамаддун ва давалату давалатдории тоҷикон рӯ оварам. Хуб медонам, ки умқи ҳазорсолаҳои дур роҳ ёфтан, таҳхонаҳои соқиту пурасрори таърихро паймудан корест мушкил ва миёншикан. Вале аз рӯҳи бузургону абармандони тавони миллати тоҷик, аз рӯҳи Исмоили Сомонии покниҳоду бузургманиш мадад меҷӯям, ба дуои неки пирони равшанзамир ва мӯйсафедони хоксору фурӯтани тоҷик умед мебандам.
Дар охир мехоҳам ба хонандаи азиз бирасонам, ки китоби мазкур рисолаи мукаммалу тадқиқоти муфасссали таърихӣ набуда, андешаҳои мухтасарест дар ҳошияи ҷашни 1110-солагии давлати Сомониён. Камина даъвои олимӣ ва таърихнигорӣ низ надорам ва агар ҳар ҳусну кубҳе дар ин сатрҳо роҳ ёфта бошад, маҳз ба хотири бузургдошти ҷашни 1100-солагии Сомониён, таҳкими худшиносиву истиқлолияти миллӣ, давлату давлатдории гузаштаву имрӯзаи тоҷикон буда, чун ҳиссаи хоксоронаи як фарзанди модари тоҷик пазируфта шавад. Ва дар поёни пешгуфтор ба шумо чун ба бародарони ҳамхуну ҳамтақдир рӯ оварда мегӯям” Худованд мову шуморо аз беватаниву бедавлатӣ абадулабад нигаҳбон бошад. Омин!”
Бозчоп аз “Тоҷикон дар оини таърих. Аз Ориён то Сомониён”. Иборат аз чаҳор китоб. – Китоби якум. – Душанбе: Ирфон, 2009. – 704с.
Китоби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” дар Телеграмканали сомонаи Китобхонаи миллӣ қобили дарёфту мутолиа аст. Он ин ҷост:
Таҳияи Марзия Зардодхонова,
корманди Медиатекаи Презиедентӣ