“Эмомалӣ Раҳмон ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Эмомалӣ РаҳмонЧунин ном дорад китоби нави донишманди шинохтаи тоҷик Қозиён Шариф Қозиён, ки ба ифтихори 30-солагии қбули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон шудани соли 2024 чоп шудааст.

Китоб,  тавре аз номаш пайдост, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими истиқлоли давлатӣ, рушди тадриҷии давлату миллати тоҷик, қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ, устувор намудани давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, ягона ва парламентаризми миллии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бозгӯ менамояд. Китоб аз пешгуфтор, 5 қисмат ва аз рӯйхати адабиёт иборат буда, барои доираи васеи хонандагон тавсия мегардад.

Муаллиф дар сарсухан овардааст: Ба андешаи Арасту бунёд намудани давлат ва фароҳам овардани шароити хубу арзанда ва зиндагии саодатмандона барои ҳар фарди ҷомеа, аз ҷумлаи бузургтарин накукориҳо будааст.

Аз замонҳои хеле қадими таърихи башарият то ба имрӯз шаҳриёрон оид ба таъсис, рушду такомул ва амалан бунёд сохтани давлати одил заҳмати зиёде кашидаанд.

Миллатҳои нажоду мазҳабҳои гуногун аз пайраҳаи ноҳамвор ва ноҳамгуни таърих бо воқеият ва мушахассоти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсиву фарҳангӣ, таърихию анъанавӣ ва милливу мазҳабӣ убур кардаанду мекунанд ва ба ин роҳ дар саҳифаҳои таърихи башарият симои хоси хешро созгор менамоянд.

Миллати тоҷик низ аз ин қонунияти умумии такомули ҷомеаи башарӣ истисно набуда, баъди сукути давлати Сомониён, дар саҳнаи таърих соҳиби ҷой ва нақшу мақоми бориз будааст. Ёдовар шудани се марҳилаи таърихии рушду такомули он, аввалан, давлати Сомониён, баъдан эҳёи дубораи миллат ва дар чаҳорчӯбаи низоми давлатдории Шӯравӣ соҳиби давлат шудан ва ниҳоят касби воқеии истиқлоли давлатӣ аз ҷониби ин миллат ва поягузориву эҷод кардани анъаноти давлатдории муосир арзиши таъинкунанда дорад, чунки маҳз ҳамин омилҳои таърихӣ инъикоскунанда, баёнгар ва ифодакунандаи воқеияти ҳастии имрӯзаи миллати тоҷик мебошанд. Бахусус, марҳилаи охир, ки мо аз он ёдовар шудем, марҳилаи ҳассос ва сарнавиштсози миллати тоҷик аст, зеро маҳз дар тӯли ин давра “давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри Тоҷикистон… баъди пош хӯрдани империяи абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ дар охири қарни ХХ дар арсаи ҷаҳон арзи ҳастӣ намуда, роҳу равиши хосаи худро ба сӯйи уқёнуси тамаддуни умумибашарӣ пеш гирифт”.

Аз он даврон то ба имрӯз миллат роҳи ноҳамвори таърихи худро сипарӣ намуд. Моҳият ва ҷавҳари онро метавон ҳамчун давраи пурпечутоби дарку ҳазми мафҳум ва моҳияти истиқлоли давлатӣ, даргириву низоъҳои таҳмилии байни неруҳои мухталифи иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, ки нуқтаи олии он – ҷанги таҳмилии дохилии кишвар буд ва боз ба сӯйи ҳамдигар дароз кардани дасти дӯстиву ҳамдигарбахшии тарафҳои мухолиф, тақвияти давлату давлатдорӣ, рӯ ба рӯ бо мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ қарор доштани миллат ва ҳалли ботадриҷу боэътимоди ин мушкилот эътироф намуд. Маҳз ҳамин марҳилаи бештар аз ҳамаи давру замонҳо аз мардум ақли солим ва хиради бунёдкоронаро тақозо намуда, падидаи зарурати ба даст гирифтани ҷилави корҳои идораи давлат ва ҷомеаро аз ҷониби сарваре, ки аз ҷасорату матонат, дили софу нияти пок, муҳаббату садоқат ба Ватан, миллат ва мардум бархӯрдор бошад, ба миён овард, зеро дар солҳои аввали касби истиқлол мардуми тоҷик аз душвортарин ва фоҷианоктарин давраи таърихи хеш убур мекард ва масъалаи будан ё набудани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба воқеияти рӯз табдил ёфта буд.

Бо дарк ва эҳсоси масъулияти таърихӣ дар ҳамон рӯзҳои воқеан ғайримуқаррарӣ ва фавқулода муҳим Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун рӯйдоди сиёсии наҷотдиҳандаи миллат аз вартаи нобудӣ ва ифтитоҳбахши сулҳу субот, оромӣ ва рушду такомули ҷомеа эътироф шудааст, зимоми корҳои идораи давлати фалаҷшуда ва харобгардидаро ба ихтиёри Раиси навинтихобшудаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вогузор намуд.

19 ноябри соли 1992, ки рӯзи интихоби Сарвари нави давлати тоҷикон аст, чархи таърихи миллатро аз яъсу ноумедӣ ба умедворӣ, аз ҷаҳолат ба нур, аз ғафлат ба хирад, аз харобкорӣ ба созандагӣ, аз куштору ғорат ба меҳру шафқат, аз беадолатӣ ба адлу инсоф, хулоса ба сӯйи хубиву накӯкорӣ гардон намуданд. Воқеан, агар мо фаъолияти Сарвари давлатро дар тӯли солҳои сипаришуда аз рӯйи инсоф мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем, хоҳем дид, ки маҳз аз баракати роҳбарии дурусту сиёсати хирадмандонаи ин фарзанди фарзонаи миллат бино ниҳодани давлат, ба таври мушаххас муайян намудани тарзу усули давлатдорӣ, поягузории соҳаҳои ҳуқуқи муосир ва таъсиси дастгоҳи нави давлатии қодир ба хидмати мардум сурат гирифт. Гузашта аз ин, маҳз дар ҳамин солҳо худшиносии миллӣ ва ташаккули афкори ватанхоҳиву ватанпарастӣ дар қалбҳои мардуми кишвар ба таври густурда нуфуз пайдо кард ва устувор шуд. Ба ибораи дигар, раванди миллатсозӣ ва таъмини ваҳдати воқеии миллати тоҷик оғоз гардид.

Барои ҳамин ҳам, инъикос ва арҷгузории хидмати таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як амри савоб ва ба манфиати мардуми Тоҷикистон хоҳад буд, зеро таърих ба сифати ҷараёни сабткунандаи воқеияти ҷомеаи мушаххас на ба “беҳбуд сохтани бебунёд” ва на ба “бошуурона бад нигоштан”-и равандҳои таърихӣ зарурат дорад, балки онро тақозо мекунад, ки ҳар амали таърихие, ки анҷом пазируфтааст, бояд маҳз огоҳона ва воқеъбинона нигошта шавад.

Эътирофи худи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки “халқ довари ҳақгӯву ҳақбин аст“ тасодуфӣ нест. Мавсуф андешаи худро идома дода мегӯянд: “Ман бо он ҳама камбуду нуқсон, душвориву мушкилоти ҳам сиёсӣ, ҳам иқтисодӣ, ҳам иҷтимоиву маънавие, ки одатан хоси замони гузаришҳои бузург ҳастанд, ба ҳувиятшиносӣ ва сарнавиштсозии миллати хирадмандамон боварӣ ва эътиқоди қавӣ дорам. Дар тӯли ин 14 соли гузашта хоҳ-нохоҳ ҳам худи халқ маро аз назари имтиҳонаш гузаронд, ҳам то ҷое ба шеваи хоста ва гароишҳояш маро тарбият кард ва ман ҳам дар ин муддат ҳамроҳ бо ин миллати шарифу оқил ва Ватани аҷдодиам ба камол мерасидам. Бовар кунед, вақте Роҳбари давлат аз рӯйи маниши миллӣ ва риоёти эътибори таъриху тамаддуни халқаш бо он ҳамнаво ва ҳамдил мешавад, ин бахти бузург ва шарафи наҷиб аст. Дар таркиб ва зарроти рӯҳи халқ зистан, фаъолият кардан ва якҷоя азобу маҳрумиятҳои сангинро аз сар гузаронидан шеваи як зиндагии пурмаънию ҳақиқиву воқеӣ аст, ки моҳият ва наҷобати онро мардум бо ақлу дил эҳсос мекунад”.

Аз ин рӯ, таълифоте, ки бори дуюм ба хонандаи азиз пешкаш мегардад, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷараёни ҳифзу таҳкими истиқлоли давлатӣ, қабули Конститутсияи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон, устувор намудан ва барқарор сохтани давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, ягона ва парламентаризми миллии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз нигоҳи таърихӣ инъикос менамояд.

Асоси назариявии китобро изҳорот, муроҷиатномаҳо, суханрониҳо, вохӯриҳо, мусоҳибаҳо, китобҳо, мақолаҳо ва таҳлилҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ташкил медиҳанд.

Суду мақом, эҳсосоти баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҷозибаи поки ваҳдати миллӣ, сарнавишти бобаракату ғановатманди зинаҳои пасту баланди таърихии халқи азияткашидаи тамаддунофар, ки Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳо, баромадҳо ва дигар асарҳои арзишманду раҳнамои миллат иктифо сохтаанд, муҳтавои асари мазкурро поягузорӣ кардаанд.

Умед дорем хонандагони азизу гиромӣ андешаҳои сирф поки хешро аз расонидан ба самъи муаллиф худдорӣ намекунанд, то мо ба онҳо арзи сипосу таманниёти холисонае намоем.

Хонандагони азиз! Китоби “Эмомалӣ Раҳмон ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро метавонед дар толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ дастрас ва мутолиа намоед.

Таҳияи Бунафша Раҳмонова
Медиатекаи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон