Эмомалӣ Раҳмон ва соли ташаббусҳои ҷаҳонӣ
“Эмомалӣ Раҳмон ва соли ташаббусҳои ҷаҳон” китобест, ки соли гузашта рӯи чоп омадааст. Он ҷилди 22 – юми силсилакитоби таърихӣ аз фаъолияти ҳамарӯзаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар он натиҷаҳои фаъолияти гуногунпаҳлӯи Пешвои миллат дар соли 2022 инъикос ёфтаанд.
Дар ин китоб, ки бо забонҳои тоҷикию русӣ дар алоҳидагӣ нашр мегардад, иттилооти дақиқу муфассалро пайдо кардан мумкин аст. Китоби мазкур дорои аҳамияти калони илмию амалӣ ва таърихию фарҳангӣ буда, ба доираи васеи хонандагони дохилию хориҷӣ тавсия дода мешавад.
Меҳрангез Муҳаббатова, сармутахассиси Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.